https://sputnik.tj/20240221/putin-artish-rusiya-mushkiltarin-nuqata-jabha-1061794358.html
Путин: Артиши Русия дар мушкилтарин нуқтаҳои ҷабҳа ба пешрафт ноил гардид
Путин: Артиши Русия дар мушкилтарин нуқтаҳои ҷабҳа ба пешрафт ноил гардид
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия барои далерию саҳмгузориҳо дар чархишҳои калидӣ дар ҷабҳаи амалиёти вижаи низомӣ воҳидҳои нерӯҳои ҳавоӣ - кайҳониро қадрдонӣ кард
2024-02-21T17:27+0500
2024-02-21T17:27+0500
2024-02-21T19:08+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
аслиҳа
украина
владимир путин
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/09/1061621287_0:0:2853:1605_1920x0_80_0_0_d39c33ca3aa11ad01c4136f35538e636.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Артиши Русия дар душвортарин қисматҳои ҷабҳа ба гардишҳои калидӣ ноил гардид, ки ин, аз ҷумла, ба шарофати каҳрамонии ҷанговарони нерӯҳои ҳавоӣ - кайҳонии Русия аст. Ин нуктаро президенти Русия, сарфармондеҳ Владимир Путин дар мулоқот бо намояндагони бахши нерӯҳои ҳавоӣ баён дошт. Путин далерӣ ва шуҷоати низомиёни Нерӯҳои ҳавоии Русия дар ҷараёни амалиёти вижаи низомиро қайд кард. Президент ҳамчунин нерӯҳои ҳавоии Русияро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик гуфт. "Ба шарофати амалҳои қаҳрамонона ва омодагии бенуқсон дар душвортарин бахшҳои ҷабҳа ба гардиш расидан мумкин буд", - гуфт роҳбари давлат дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба ҷузъу томҳои низомии Қӯшунҳои кайҳонӣ. Президенти Русия дар маросим, қисмҳои низомиро бо мукофотҳои давлатӣ табрик намуд.Аз ҷумла Маркази асосии тайёрии ҷангӣ ва бозомузии кадрҳои нерӯҳои ҳавоӣ бо ордени Суворов мукофотонида шуд. Ин ҷоиза барои амалиёти бомуваффақият алайҳи нерӯҳои душман дар хушкӣ ва ҳаво, иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар шароити бартарии душман аз рӯи шумораи қӯшунҳо, аслиҳа, инчунин барои ноил шудан ба муваффақиятҳои ҳарбӣ тақдим мегардад. Ахиран Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дод, ки дар пайи амалиёт Авдеевкаро озод карда, нерӯҳои украиниро ба фирор водор намудаанд.
https://sputnik.tj/20240219/avdeevka-nabard-neruho-milatgaro-artish-ukraina-aks-1061759552.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/09/1061621287_62:0:2793:2048_1920x0_80_0_0_836dd94870b40df5a9fc4427582ff95b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳур, русия, саҳмгузор, кайҳонӣ, қадр
владимир путин, раисҷумҳур, русия, саҳмгузор, кайҳонӣ, қадр
Путин: Артиши Русия дар мушкилтарин нуқтаҳои ҷабҳа ба пешрафт ноил гардид
17:27 21.02.2024 (Навсозишуда: 19:08 21.02.2024) Президенти Русия барои далерию саҳмгузориҳо дар чархишҳои калидӣ дар ҷабҳаи амалиёти вижаи низомӣ воҳидҳои нерӯҳои ҳавоӣ - кайҳониро қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Артиши Русия дар душвортарин қисматҳои ҷабҳа ба гардишҳои калидӣ ноил гардид, ки ин, аз ҷумла, ба шарофати каҳрамонии ҷанговарони нерӯҳои ҳавоӣ - кайҳонии Русия аст.
Ин нуктаро президенти Русия, сарфармондеҳ Владимир Путин дар мулоқот бо намояндагони бахши нерӯҳои ҳавоӣ баён дошт.
Путин далерӣ ва шуҷоати низомиёни Нерӯҳои ҳавоии Русия дар ҷараёни амалиёти вижаи низомиро қайд кард. Президент ҳамчунин нерӯҳои ҳавоии Русияро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик гуфт.
"Ба шарофати амалҳои қаҳрамонона ва омодагии бенуқсон дар душвортарин бахшҳои ҷабҳа ба гардиш расидан мумкин буд", - гуфт роҳбари давлат дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба ҷузъу томҳои низомии Қӯшунҳои кайҳонӣ.
Президенти Русия дар маросим, қисмҳои низомиро бо мукофотҳои давлатӣ табрик намуд.
Аз ҷумла Маркази асосии тайёрии ҷангӣ ва бозомузии кадрҳои нерӯҳои ҳавоӣ бо ордени Суворов мукофотонида шуд.
Ин ҷоиза барои амалиёти бомуваффақият алайҳи нерӯҳои душман дар хушкӣ ва ҳаво, иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар шароити бартарии душман аз рӯи шумораи қӯшунҳо, аслиҳа, инчунин барои ноил шудан ба муваффақиятҳои ҳарбӣ тақдим мегардад.
Ахиран Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дод, ки дар пайи амалиёт Авдеевкаро озод карда, нерӯҳои украиниро ба фирор водор намудаанд.