https://sputnik.tj/20240228/zakharova-ittifoqchiyon-ideyai-makron-1061864221.html
Захарова: Иттифоқчиён идеяи Макрон дар бораи ирсоли нерӯ ба Украинаро дастгирӣ накарданд
Захарова: Иттифоқчиён идеяи Макрон дар бораи ирсоли нерӯ ба Украинаро дастгирӣ накарданд
Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди раисҷумҳури Фаронса дар мавриди интиқоли нерӯҳои мусаллаҳи кишварашон ба Украина боиси шок дар кишварҳои ғарбӣ гардидаст
2024-02-28T11:47+0500
2024-02-28T11:47+0500
2024-02-28T11:48+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
лаҳистон
дар русия
иттиҳод
украина
эммануэл макрон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0c/1054860994_41:0:3682:2048_1920x0_80_0_0_a7290ba1dde48d8a2e65708368497001.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Худи ҳампаймонҳои Фаронса изҳороти раисиҷумҳур Эммануэл Макронро дар бораи эъзоми эҳтимолии нирӯҳо ба Украинаро нафаҳмиданд ва пуштибонӣ накарданд.Ин нуктаро сухангӯи вазири корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова дар суҳбат бо радиои Sputnik баён дошт. "Маҳз ҳамин изҳорот шарикондар НАТО-ро такон дод. Дарҳол дар давоми якчанд соат як қатор изҳороти роҳбарияти олии кишварҳои НАТО, роҳбарон, вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа садод, гуфтанд, ки онҳо нерӯ фиристоданӣ нестанд", - гуфт Захарова. Ахиран вазири дифои Лаҳистон, Чезари Томчик дар шарҳи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои кишвараш ба Украина гуфт, ҳатто чунин фикре нест."Дар Лаҳистон чунин лоиҳа ё чунин идея вуҷуд надорад", - изҳор дошт вазири мудофиаи кишвар.Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, ки ширкаткунандагони конфронси якрӯза дар масоили Украина дар Порис, ки бо ташаббуси президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват шуда буд, “дар ин масъала комилан созиш надоштаанд”. Худи Макрон эъзоми нирӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро истисно накард."Ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо ҳеҷ чизро истисно кардан мумкин нест", - гуфт раисҷумҳури Фаронса зимни нишасти матбуотӣ.Қаблан нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, ки кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо "дар асоси равобити дуҷониба имкони фиристодани низомиёни худро ба Украина баррасӣ мекунанд".
https://sputnik.tj/20240224/artish-rusiya-pahpod-zehn-suni-idora-1061828296.html
лаҳистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0c/1054860994_496:0:3227:2048_1920x0_80_0_0_88ff75bbb8517bd0ad982d65776438b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, ирсол, нерӯ, фаронса, украина, раисҷумҳур
пешниҳод, ирсол, нерӯ, фаронса, украина, раисҷумҳур
Захарова: Иттифоқчиён идеяи Макрон дар бораи ирсоли нерӯ ба Украинаро дастгирӣ накарданд
11:47 28.02.2024 (Навсозишуда: 11:48 28.02.2024) Пешниҳоди раисҷумҳури Фаронса дар мавриди интиқоли нерӯҳои мусаллаҳи кишварашон ба Украина боиси шок дар кишварҳои ғарбӣ гардидаст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Худи ҳампаймонҳои Фаронса изҳороти раисиҷумҳур Эммануэл Макронро дар бораи эъзоми эҳтимолии нирӯҳо ба Украинаро нафаҳмиданд ва пуштибонӣ накарданд.
Ин нуктаро сухангӯи вазири корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова дар суҳбат бо радиои Sputnik баён дошт.
"Маҳз ҳамин изҳорот шарикондар НАТО-ро такон дод. Дарҳол дар давоми якчанд соат як қатор изҳороти роҳбарияти олии кишварҳои НАТО, роҳбарон, вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа садод, гуфтанд, ки онҳо нерӯ фиристоданӣ нестанд", - гуфт Захарова.
Ахиран вазири дифои Лаҳистон, Чезари Томчик дар шарҳи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои кишвараш ба Украина гуфт, ҳатто чунин фикре нест.
"Дар Лаҳистон чунин лоиҳа ё чунин идея вуҷуд надорад", - изҳор дошт вазири мудофиаи кишвар.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, ки ширкаткунандагони конфронси якрӯза дар масоили Украина дар Порис, ки бо ташаббуси президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват шуда буд, “дар ин масъала комилан созиш надоштаанд”.
Худи Макрон эъзоми нирӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро истисно накард.
"Ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо ҳеҷ чизро истисно кардан мумкин нест", - гуфт раисҷумҳури Фаронса зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, ки кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо "дар асоси равобити дуҷониба имкони фиристодани низомиёни худро ба Украина баррасӣ мекунанд".