Бозии бузурги империяҳо: Сарҳадҳои муосири Осиёи Марказӣ чӣ гуна пайдо шуданд?

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир.
Пограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2024
Обуна шудан
Дар тӯли даҳсолаҳо қаламрави васеи Осиёи Миёна диққати Англия ва империяи Русияро ба худ ҷалб мекард. Ва тасмимҳое, ки дар Лондону Санкт-Петербург қабул шуданд, дар ниҳоят боъис шуданд, ки марзҳои кунунии Афғонистон ва ҳамсояҳои шимолии он муқаррар шаванд
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Ҳамааш дар миёнаҳои асри XIX оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамон вақт рақобати шадид байни империяҳои Русия ва Бритониё барои қаламравҳои бузурги Осиёи Миёна ва Афғонистон ба вуҷуд омад. Хамин тариқ сиёсати ба ном “Бозии бузург” оғоз ёфт.
Ҳам Русия ва ҳам Британияи Кабир барои густариши нуфузи худ дар Шарқ заминаҳои кофӣ доштанд. Империяи Русия мехост, ки бо Туркистон тиҷорат барқарор кунад, алалхусус бозори худро барои пахтаипурқимати Осиё кушояд, ки барои саноати ҷавони Русия зарур буд.
Бархурди бритониёӣ хеле прагматикӣ буд: бритониҳоро лозим буд, ки мустамликаҳои фоидаовари ҳиндии худро аз роҳзанҳои афғониву туркӣ эмин доранд ва ҳамзамон аз вуруди “хирси рус” ба қаламравҳое, ки Лондон кайҳодоираи манфиатҳои худ ҳисобида буд, пешгирӣ кунад.
Потрескавшаяся земля водохранилища Сау, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Мубориза барои захирахои об дар Осиёи Миёна вусъат меёбад: Роҳҳал чист?
Қаҳрамонони асосии "Бозии бузург" ба ғайр аз подшоҳон, амирон, амалдорон ва пешвоёни ҳарбӣ, муҳаққиқони нахустинбуданд, ки аксар вақт маҷбур буданд, ки ҳамчун дипломат амал кунанд. Sputnik Тоҷикистон ба ёд меорад, ки марзҳои муосири Осиёи Марказӣ чӣ гуна пайдо шуданд.
Тавозуни қудрат
Дар нимаи дуйуми асри XIX Россия бо қувваи дучанд ба сӯи Шарқ, ба сарзамини Туркистон ҳаракат оғоз кард. Дар ибтидои солҳои 1870 қисми зиёди қаламрави Қазоқистони ҳозира ба он ҳамроҳ карда шуд ва қушунҳои рус бо аморати Бухоро, инчунин хонигариҳоиҚӯқанд ва Хива, ки мулкҳои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистони ҳозира ҷойгир буданд, ҷангҳои муваффақ мебурданд.
Ҳукумати Русия ба ин минтақа экспедитсияҳои тадқиқотӣниз мефиристод: Эрони Шарқӣ ва Афғонистонро шарқшинос Николай Хаников меомӯхт, дипломат Николай Игнатев ба Хива ва Бухоро ва лейтенант Чокан Валихонов ба Қошғар сафарбар шуданд.
Дар назди тадқиқотчиёни рус вазифаҳои иктишофӣ низ гузошта шуда буданд. Умуман, Русия ва Бритониё бо омодагӣ ба экспедитсияҳои этнографӣ ва ҷуғрофӣ дар минтақа сарпарастӣ карда, дар иваз аз сайёҳон харитаҳои тозаи ин минтақа ва хабарҳо дар бораи афкори мардумро дарёфт мекарданд. Илова бар ин, муҳаққиқон, ки аксарияти онҳо маълумоти низомӣ доштанд, аксар вақт дар дарбори ҳокимони маҳаллӣ корҳои ҳассоси дипломатиро иҷро мекарданд.
Вале на ҳамеша ин кор барои худи муҳаққиқон бо хубӣ анҷом меёфт. Чунончӣ, муаллифи истилоҳи "Бозии бузург", сайёҳ ва нависанда Артур Конолли соли 1841 дар Бухоро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба дор овехта шуд, зеро вай кӯшиш мекард, ки амирҳои Қӯқанд, Хива ва Бухороро водор намояд, ки муқобили Русия бароянд.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон сари тақсими ҳудуди 4 км марз ба мувофиқа расиданд
Тақрибан дар ин вақт, бритониёҳо назорати комилро бар "гавҳари тоҷ" - Ҳиндустони Бритониё муқаррар карданд. Афғонистони ҳамсоя, ки ҳанӯз як давлати ноустувор буд низ аз онҳо вобаст шуд ва дар сиёсати хориҷӣ комилан ба иродаи ҳукумати Бритониё такя мекард,.
Бритониё ҳамеша аз фарзияи хаёлии"таҳдиди Русия" ва ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Ҳиндустон ба таври ҷиддӣ ҳарос дошт, сарфи назар аз он, ки аз ҷониби Русия ба ин ягон омодагии махсус набуд, агар як фармони аҷиби Павел I дар бораи фиристодани 20 хазор казакро ба Ҳиндустон мувофиқи шартнома бо Наполеон дар соли 1801 ба назар нагирем. Он казакҳо низ баъд аз 2 моҳ баргардонда шуданд.
Бо вуҷуди ин, ҳукумати Бритониё ҳама кори аз дасташ меомадаро кард, то ин сенарияро пешгирӣ кунад. Тақсими доираҳои нуфуз дар Осиёи Марказӣ яке аз унсурҳои ин сиёсат гардид.
Тасмимҳои аввалин
Бори аввал масъалаи дар куҷо будани сарҳадҳои воқеии Афғонистон, Англия ва Туркистони рус дар рафти гуфтушуниди АнглиявуРусия дар солхои 1869—73 ба таври расмӣ ба миён гузошта шуд.
Дар аввал онҳо муваффақ набуданд, ҷонибҳо дар бораи мақоми Афғонистон ба мувофиқа расида натавонистанд. Аммо дере нагузашта формулаи созиш ёфт шуд, ки мувофики он,қаламраве, ки дар он вакт дар ихтиёри амир буд, "сарҳади Афғонистон" ҳисоб гардид. Англия ва Русия ваъда доданд, ки аз ин сарҳадҳонамегузаранд.
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси Кумитаи замин: Қариб 890 км марз бо Қирғизистон мувофиқа шудааст
Ҳалли масъалаи муқаррар намудани сарҳад дар маҳал ба миён омад. Маъмурияти Англияю Ҳиндустон ва генерал-губернатори Туркистон аз ҳукуматҳои худ фармонҳои дахлдор гирифтанд ва баъд аз ду сол кори комиссияи якҷоя анҷом ёфт. Мувофиқи шартномаҳои солҳои 1872—73 сарҳад қад-қади Амударё дар болооби дарёи Панҷ аз гузари Хоҷа Солеҳ то кӯли Зоркӯл мегузашт. Ташаккули сарҳади кунунии миёни Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз шуд.
Аммо масъалаи муайян кардани марзи Туркистон ва Афғонистон дар Ғарб ҳалношуда монд. Ҳассосияти кор дар он буд, ки барои воҳаи Марв, ки дар он қабилаҳои туркман сукунат доштанд, дар як вақт се давлат — Эрон, Русия ва Афғонистони аз тарафи инглисҳо дастгирӣ ёфта,даъво доштанд.
Моҳи январи соли 1884 маҷлиси сокинони Марв қарор қабул кард, ки ба ҳайати Русия дохил шавад ва дар моҳи марти ҳамон сол воҳа ба Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Ин комилан ба Лондон мувофиқ набуд ва дипломатҳои Бритониё ҳам афғонҳо ва ҳам туркманҳоро ба амалиёти мусаллаҳона алайҳи Русия таҳрик медоданд.
Ва сарбозони афғон таҳти роҳбарии афсарони бритониёӣ ба ҳамлаҳои марзӣ дар шимоли дарёи Кушка шурӯъ карданд. Авҷи бӯҳрони Афғонистон, чунон ки муаррихон ин воқеаҳороменоманд, задухӯрди 18 марти соли 1885 байни отряди рус бо фармондеҳии генерал Комаров ва афғонҳо буд, ки бо ақибнишинии афғонҳо ба хоки Афғонистон анҷом ёфт.
Муноқиша дар атрофи як воҳаи хурд қариб боиси сар задани ҷанги васеъмиқёси байни ду империя мегардид. Обрӯи тоҷи шикастнопазири бритониёӣ то андозае паст шуд, ки ин Лондонро бештар ба хашм овард. Хушбахтона, ақли солим ғалаба кард. Амир дигар намехост дар ҷангҳои касе ширкат кунад ва доираҳои ҳокими ҳарду қудрат фаҳмиданд, ки ҷанги эҳтимолии Русия ва Бритониё чӣ қадар гарон хоҳад буд.
Коршиноси дар бораи имкони рушди ҳамкориҳо байни ИИАО ва Осиёи Марказӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2024
Коршинос дар бораи имкони рушди ҳамкориҳо байни ИИАО ва Осиёи Марказӣ - видео
Муноқишае, ки ба вуҷудомадаро ба таври дипломатӣ ба задухӯрди тасодуфии сарҳадӣ рабт доданд ва ин ҳодиса бо бастани протоколи демаркатсия дар моҳи августи соли 1885, ки мувофиқи он комиссияи русӣ-бритониёӣ корҳоро оид ба ҷудо кардани қаламрав анҷом дод, ҳал карда шуд. Сарҳади Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистони ҳозира ҳамин муаян гардид.
Набарди ҳалкунанда барои Осиёи Марказӣ
Масъалаи аниқ кардани хатҳои сархадй ба тарафи шарқ боз ҳам тезу тунд ва ба таври драмавй сурат гирифтанд. Дар охири солҳои 1880 – ибтидои солҳои 90-ум зарурати аз нав дида баромадани созишномаҳои қаблан басташуда оид ба хатти сарҳадии Туркистон, Афғонистон ва кӯҳҳои Помир ба миён омад.
Пас аз он, ки аскарони амири Афғонистон дар соли 1883 хонигариҳои Рӯшон ва Шуғнонро, ки дар шимоли хатти сарҳадии дар солхои 1872—73 муайянгардида воқеъ буданд, бо дастгирии англисхо ишғол карданд, баҳсу мунозира оғоз шуд. Вазъият аз он сабаб мураккабтар гардид, ки Хитой ба як қисми қаламрави хонии Вахони ҳамсоя низ даъво дошт.
Дар ин давра ҳам инглисҳо ва ҳам русҳо дар минтақаи Помир фаъол шуда, ба ин минтақа экспедитсияҳои топографии худро фиристоданд. Солҳои 1888—1889 экспедитсияи сайёҳи рус Бронислав Громбчевский ба бекигариҳои Помир сафар карда, дар рафти он бо гурӯҳи капитани англис Янгхасбэнд вохӯрд.
Ҳарду экспедитсия мувофиқи қоидаҳои нонавиштаи "Бозии бузург" ҳадафи на танҳо омӯхтани роҳҳо ва ағбаҳои кӯҳӣ, балки инчунин фаҳмидани он буданд, ки ҳокимони бекигариҳои маҳаллӣ дар муноқишаи эҳтимолӣ киро дастгирӣ хоҳанд кард. Громбчевский, гарчанде мақоми намояндаи расмии Русияро надошта бошад ҳам, бо хони Канҷути хурд, ки омода буд, шаҳрвандии "Подшоҳи Сафед"-ро қабул кунад, гуфтушунид кард.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон маблағ ҷудо мекунад
Соли 1891 дар ҳамин ҷойҳо экспедитсияҳои лейтенанти англис Дэвидсон ва полковники рус Михаил Ионов ва баъд аз як сол экспедитсияи лейтенант Бжезитский гузаштанд.
Отряди Ионов отрядҳои Янгхасбанд ва Дэвидсонро аз Помир ронда, даъвоҳои қаламравии Русияро дар ин минтақа нишон дод. Дар баробари ин инглисҳо аз пайдо шудани Громбачевский ва экспедитсияи ӯ дар Ҳиндукуш норозӣ шуда, тавонистанд, ки русҳоро аз мавқеъҳои ишғолкардаашон дар сарчашмаҳои дарёи Хинд ронанд.
Ионов инчунин иктишофи нуқтаҳоеро, ки дар он ҷо қушунҳои рус дар оянда гарнизон бунёд карданӣ буданд, гузаронд. Англия ва Хитой ақиб намемонданд: онҳо дар ин минтақа барои ҷойгир кардани қушунҳои худ пойгоҳҳо ва истеҳкомҳои пешқадам сохтанд.
Бокс ба воситаи мукотиба
Дар ҳамин ҳол, дар мактубҳоидипломатии байни Санкт-Петербург ва Лондон талаби тарафҳо равшан гардид: инглисҳо мехостанд, ки русҳо ба ивази Дарвози Ҷанубӣ аз қаламраве, ки азтарафи Афғонистон дар соҳили рости Амударё забт шуда буд, даст кашанд. Ҳукумати подшоҳӣталаб мекард, ки қушунҳои Афғонистон аз хоки бекигариҳои Помир бароварда шуда , қисми ҷанубии Дарвоз ба Афғонистон дода шавад.
Дар ниҳоят, формулаи дуюм бо иловаи он қабул карда шуд, ки як хати танги қаламрави Вахон, ки бо номи "Долони Вахон" маъруф аст, ки доираи нуфузи маъмурияти Бритониёро аз Туркистони Русия ҷудо мекард ва инчунин бо Шинҷони Чин ҳаммарз буд, ба Афғонистон ҳамроҳ карда шуд.
Ҳамин тариқ, бритониёҳо боварӣ доштанд, ки онҳо тавонистанд амнияти моликияти худро бо таъсиси марзҳои Афғонистон, ки ҳамчун давлати буферӣ хидмат мекарданд, таъмин кунанд.
Аз тарафи Англия ба гуфтушунид котиби генералии Ҳиндустон оид ба корҳои хориҷӣМортимер Дюранд роҳбарӣ мекард. Маҳз ба шарафи ӯ хати Дюранд номгузорӣ шуд, сарҳади тақрибан 2640 километрии байни Афғонистон ва Покистон, ки имрӯз ҳам эътибор дорад, вале Кобул онро мавриди баҳс қарор дорад.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Тиҷорати Тоҷикистон бо Толибон* – арқому воқеиятҳо
Дюранд бо таҳдиду ваъдаҳо амири Афғонистонро бовар кунонд, ки ба ҳалли масъалаи Помир розӣ шавад. Соли 1894 сафири Русия дар Британияи Кабир ва вазири корҳои хориҷии Британия дар бораи тақсими Помир ҳуҷҷатҳои дипломатӣ пешниҳод карданд.
Комиссияи муштараки сарҳадии Русия ва Англия бо роҳбарии губернатори вилояти Фарғона ва атташеи низомии Англия дар Петербург тобистони соли 1895 ба кор шурӯъ кард. Дере нагузашта мубодилаи қаламравба амал омад.
Ҳамин тариқ, дар охири асри 19 бо қарорҳои ҳукуматҳои Англия ва Русия хати сарҳадӣ, ки то имрӯз вуҷуд дорад - аз соҳили дарёи Кушка то қаторкӯҳҳои Помир муқаррар карда шуд.
Чун ҳамеша дар замони мустамликадорӣ, дар вақти муайян кардани сарҳадҳо сабабҳои сирф ҷуғрофӣ ва ҳисобҳои сиёсӣ ба назар гирифта мешуданд, на далели дар ин қаламрав истиқомат кардани халқиятҳо. Ин аст, ки дар натиҷаи тақсимоти доираҳои нуфуз аз рўи хатти ҷуғрофӣ дар шимоли Афғонистон тоҷикон, узбекҳо ва туркманҳо ҳоло зиндагӣ мекунанд ва беш аз 40 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
Масъалаҳои сарҳадии муосир
Дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистони аллакай аз Бритониё мустақил буда, хатти сарҳад танҳо каме тағйир ёфт. Тарафҳо аз принсипи кашидани хатҳои қад-қади соҳили дарёхои сарҳадии Афгонистон, ки дар ин бора байни ҳукумати подшоҳӣва Англия созиш карда шуда буд, даст кашиданд. Аз он вақт инҷониб, сарҳад аз қаъри водиҳои дарёҳо ё мобайни онҳомегузарад.
Ремонтные работы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Коршиносон бонги изтироб мезананд: Лоиҳаи Толибон* метавонад Осиёи Марказиро бе об гузорад
Ғайр аз ин барои аниқ кардани сарҳади Иттифоқи Шӯравӣ ва Афғонистон борҳо кори якҷоя гузаронданд, ки зарурати ин аз сабаби тағйироти табиии маҷрои дарёҳои сарҳадӣ ба миён омад.
Одатан, ҳангоми баррасии мушкилоти муосир дар марз бо Афғонистон дар бораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва задухӯрдҳои низомӣ бо ифротгароёни афғон бисёр сухан меравад. Аммо масъалаи омӯхтани хатти сарҳадидавлатӣ дар харита ва дар ҷойаз мадди назар дур мемонад.
Айни замон ин мушкилот ҳис карда мешавад: дарёҳо мунтазам маҷрои худро тағйир медиҳанд, дар ин дарёхо ё чарогоҳҳо, ё қад-қади соҳилҳояшон ҷазирахо пайдо мешаванд ё аз байн мераванд.
Дар бораи боздошти чӯпонону моҳигирон аз тарафи сарҳадбонон дар қаламравҳое, ки тибқи харитаҳо қаламрави як давлатанд, вале воқеан ба давлати дигар тааллуқ доранд, гузоришҳо мунташир мешавад.
Мутаассифона, ҳеҷ як кишвари минтақа барои анҷом додани корҳои дахлдор имконият ва воситаҳои заруриро надорад – аз ин рӯ, дар ояндаи наздик ин мушкилот боз ҳам бадтар хоҳад шуд, ки эҳтимолан ба муноқишаҳои сарҳадӣ байни Афғонистон ва ҳамсояҳои шимолии он дар минтақа оварда мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0