https://sputnik.tj/20240207/korshinos-rushd-hamkori-iiao-osiyoi-markazi-video-1061601312.html
Коршинос дар бораи имкони рушди ҳамкориҳо байни ИИАО ва Осиёи Марказӣ - видео
Коршинос дар бораи имкони рушди ҳамкориҳо байни ИИАО ва Осиёи Марказӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Корманди калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравӣ дар Академияи улуми Русия натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО дар Алмааторо ҷамъбаст кард 07.02.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-02-07T19:20+0500
2024-02-07T19:20+0500
2024-02-07T19:40+0500
видео
ииао
ҳамгироӣ
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/07/1061600633_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_09e22d26035a6dc3d31d77cc5af9f458.jpg
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нестанд ва ҳамчунин дигар давлатҳо барои пайвастан ба ин созмон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.Дар баробари ин, бисёре аз онҳо бо ИИАО, аз ҷумла дар бораи тиҷорати озод, созишномаҳои гуногун мебанданд.Дар назди ИИАО ҳадафи амиқтар намудани ҳамгироӣ истодааст.Даромади кишварҳои ИИАО афзудМинтақаҳои озоди иқтисоодӣ кумаки хубест, ки монеаҳоро коҳиш дода, имконот барои воридкунандагон ва содиркунандагонро васеъ мекунад, мегӯяд ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии Академияи улуми Русия."Аммо, аз нуқтаи назари ҳамгироии бештар, ин метавонад танҳо тавассути узвияти комил таъмин карда шавад", - қайд мекунад Станислав Притчин.Дар Молдова хостори наздикӣ бо ИИАО шудандАз натоиҷи ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО, ки дар Алмаато баргузор шуд, дар сӯҳбат бо Станислав Притчин, ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии Академияи улуми Русия пурсон шудем.Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта сарони кишварҳои “панҷгона”-и Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи ИИАО барои дарозмуддат имзо карданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/07/1061600633_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_ff68a2d7b6fca76d0dd2e204b32bdd89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, ииао, ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ, авруосиё, видео
видео, ииао, ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ, авруосиё, видео
Коршинос дар бораи имкони рушди ҳамкориҳо байни ИИАО ва Осиёи Марказӣ - видео
19:20 07.02.2024 (Навсозишуда: 19:40 07.02.2024) Корманди калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравӣ дар Академияи улуми Русия натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО дар Алмааторо ҷамъбаст кард
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нестанд ва ҳамчунин дигар давлатҳо барои пайвастан ба ин созмон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Дар баробари ин, бисёре аз онҳо бо ИИАО, аз ҷумла дар бораи тиҷорати озод, созишномаҳои гуногун мебанданд.
Дар назди ИИАО ҳадафи амиқтар намудани ҳамгироӣ истодааст.
Минтақаҳои озоди иқтисоодӣ кумаки хубест, ки монеаҳоро коҳиш дода, имконот барои воридкунандагон ва содиркунандагонро васеъ мекунад, мегӯяд ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии Академияи улуми Русия.
"Аммо, аз нуқтаи назари ҳамгироии бештар, ин метавонад танҳо тавассути узвияти комил таъмин карда шавад", - қайд мекунад Станислав Притчин.
Аз натоиҷи ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО, ки дар Алмаато баргузор шуд, дар сӯҳбат бо Станислав Притчин, ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии Академияи улуми Русия пурсон шудем.
Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта сарони кишварҳои “панҷгона”-и Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи ИИАО барои дарозмуддат имзо карданд.