https://sputnik.tj/20230327/korshinoson-loiha-tolibon-osiyoi-markazi-ob-1055772735.html
Коршиносон бонги изтироб мезананд: Лоиҳаи Толибон* метавонад Осиёи Марказиро бе об гузорад
Коршиносон бонги изтироб мезананд: Лоиҳаи Толибон* метавонад Осиёи Марказиро бе об гузорад
Sputnik Тоҷикистон
Масъалаи бе ин ҳам печидаи обҳои фаромарзӣ дар минтақа дубора авҷ гирифт: дар Афғонистон лоиҳаи бунёди канали азими Қуштеппа амалӣ мешавад
2023-03-27T10:58+0500
2023-03-27T10:58+0500
2023-03-27T11:22+0500
осиёи марказӣ
афғонистон
толибон
об
дарёи арал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/86/1031118660_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_681c34724a68eddbb167ae49e4d00e88.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Лоиҳаи нави Афғонистон метавонад тамоми Осиёи Марказиро бе об гузорад, менависанд мутахассисони Маркази омузиши равандҳои ҷамъиятию сиёсии Донишгоҳи давлатии Москва.Ин як лоиҳаи бузурги сохтмони канали азими Қуштеппа дар вилояти Балхи Афғонистон дар марз бо Туркманистон аст, ки иҷрои он як сол қабл эълон шуда буд. Дар авоили моҳи марти соли 2023 мақомоти Афғонистон алакай рафти сохтмонро тафтиш карда буданд, ки миқёси он боиси нигаронии кишварҳои ҳамсояи поёноби минтақа шудааст. Коршиносон аз он нигаронанд, ки ҳангоми ба кор андохтани ин маҷмааи обӣ вазъи ҳавза башиддат бад мешавад. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир дар тамоми ҷумҳуриҳои поёноби Осиёи Марказӣ камбуди об бештар эҳсос мешавад. Узбекистан ва Туркманистон дар поёноб метавонанд аз ҳама бештар осеб дида бошанд. Ин кишварҳо метавонад то 15% оби ирригатсионӣ аз дарёи асосии минтақаро аз даст диҳанд. Коршиносон қайд мекунанд, ки аз моҳи июни соли 2022 бандшавии ҳавзаи Амударё то 65-85% коҳиш ёфта, то ҳол аз меъёр паст боқӣ мондааст. Сарфаи об аз ҷониби Тошканду Душанбе ва Ишқобод дар соли қаблӣ самараи дилхох набахшид. Ба ғайр аз ин, Афғонистон сохтмони боз як комплекси барқӣ обии Даштиҷмро пешбинӣ мекунад, ки дар он қисми зиёди маҷрои тобистонаи дарёи Панҷ ҷамъ карда мешавад. "Ҳамин тавр, Толибон* ҳиссаи бузургеро мехоҳанд аз оби рӯдхонаҳои фаромарзии шимолӣ бигиранд",- мегӯянд, таҳлилгарон. Татбиқи ин ду лоиҳа метавонад на танҳо мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки як фалокати экологиро дар минтақа ба бор орад. Амударё на танҳо барои хушк шудани баҳри Арал, балки барои обанборҳо ва каналҳо манбаи асосӣ мебошад. Хафви он, ки дарё умуман ба лаби боқимондаҳои Арал намерасад ҳамасола меафзояд.Донистаниҳо дар бораи канали нав дар Афғонистон Лоиҳаро ширкати миллии рушд иҷро мекунад, сохтмон аз ҳисоби маблағҳои давлат сурат мегирад. Арзиши тахминии лоиҳа ҳудуди 684 миллион долларро ташкил медиҳад. Сохтмон бо ҳузури 6 ҳазор сохтмончӣ сурат гирифта, тибқи нақша дарозии он 285 километр, бараш 100 метр, чуқурияш 8,5 метр буда, аз Амударё дар нохияи Калдори вилояти Балх сарчашма мегирад. Оби канал аз худи хамин дарё гирифта мешавад. Иқтидори канал 650 мукаабметр дар як сония хохад буд. Ин канал заминҳои музофотҳои Балх,Ҷузчон ва Форёбро обшор карда, қариб 250 ҳазор касро бо кор таъмин мекунад. Кобул муътақид аст, ки ин тарҳ ба обёрии минтақаҳои хушк ва рушди кишоварзӣ кумак хоҳад кард. Дар охири моҳи ноябри соли 2022 дарозии қитъаи анҷомшуда тақрибан 40 километрро ташкил дод. Анҷоми он барои соли 2028 пешбинӣ шудааст.*-созмоне, ки барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230324/brao-enerzhi-ob-osiyoi-sarmoyaguzori-1055729510.html
https://sputnik.tj/20230325/rahmon-konfrons-savvum-ob-smm-dushanbe-barguzor-1055749680.html
афғонистон
дарёи арал
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/86/1031118660_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_90ec13099060a808358faf9c99b0169c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршиносон изтироб лоиҳаи толибон* осиёи марказиро об
коршиносон изтироб лоиҳаи толибон* осиёи марказиро об
Коршиносон бонги изтироб мезананд: Лоиҳаи Толибон* метавонад Осиёи Марказиро бе об гузорад
10:58 27.03.2023 (Навсозишуда: 11:22 27.03.2023) Масъалаи бе ин ҳам печидаи обҳои фаромарзӣ дар минтақа дубора авҷ гирифт: дар Афғонистон лоиҳаи бунёди канали азими Қуштеппа амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Лоиҳаи нави Афғонистон метавонад тамоми Осиёи Марказиро бе об гузорад, менависанд мутахассисони Маркази омузиши равандҳои ҷамъиятию сиёсии Донишгоҳи давлатии Москва.
Ин як лоиҳаи бузурги сохтмони канали азими Қуштеппа дар вилояти Балхи Афғонистон дар марз бо Туркманистон аст, ки иҷрои он як сол қабл эълон шуда буд.
Дар авоили моҳи марти соли 2023 мақомоти Афғонистон алакай рафти сохтмонро тафтиш карда буданд, ки миқёси он боиси нигаронии кишварҳои ҳамсояи поёноби минтақа шудааст.
Коршиносон аз он нигаронанд, ки ҳангоми ба кор андохтани ин маҷмааи обӣ вазъи ҳавза башиддат бад мешавад. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир дар тамоми ҷумҳуриҳои поёноби Осиёи Марказӣ камбуди об бештар эҳсос мешавад.
Узбекистан ва Туркманистон дар поёноб метавонанд аз ҳама бештар осеб дида бошанд. Ин кишварҳо метавонад то 15% оби ирригатсионӣ аз дарёи асосии минтақаро аз даст диҳанд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки аз моҳи июни соли 2022 бандшавии ҳавзаи Амударё то 65-85% коҳиш ёфта, то ҳол аз меъёр паст боқӣ мондааст. Сарфаи об аз ҷониби Тошканду Душанбе ва Ишқобод дар соли қаблӣ самараи дилхох набахшид.
Ба ғайр аз ин, Афғонистон сохтмони боз як комплекси барқӣ обии Даштиҷмро пешбинӣ мекунад, ки дар он қисми зиёди маҷрои тобистонаи дарёи Панҷ ҷамъ карда мешавад.
"Ҳамин тавр, Толибон* ҳиссаи бузургеро мехоҳанд аз оби рӯдхонаҳои фаромарзии шимолӣ бигиранд",- мегӯянд, таҳлилгарон.
Татбиқи ин ду лоиҳа метавонад на танҳо мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки як фалокати экологиро дар минтақа ба бор орад.
Амударё на танҳо барои хушк шудани баҳри Арал, балки барои обанборҳо ва каналҳо манбаи асосӣ мебошад. Хафви он, ки дарё умуман ба лаби боқимондаҳои Арал намерасад ҳамасола меафзояд.
Донистаниҳо дар бораи канали нав дар Афғонистон
Лоиҳаро ширкати миллии рушд иҷро мекунад, сохтмон аз ҳисоби маблағҳои давлат сурат мегирад. Арзиши тахминии лоиҳа ҳудуди 684 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сохтмон бо ҳузури 6 ҳазор сохтмончӣ сурат гирифта, тибқи нақша дарозии он 285 километр, бараш 100 метр, чуқурияш 8,5 метр буда, аз Амударё дар нохияи Калдори вилояти Балх сарчашма мегирад. Оби канал аз худи хамин дарё гирифта мешавад. Иқтидори канал 650 мукаабметр дар як сония хохад буд.
Ин канал заминҳои музофотҳои Балх,Ҷузчон ва Форёбро обшор карда, қариб 250 ҳазор касро бо кор таъмин мекунад.
Кобул муътақид аст, ки ин тарҳ ба обёрии минтақаҳои хушк ва рушди кишоварзӣ кумак хоҳад кард.
Дар охири моҳи ноябри соли 2022 дарозии қитъаи анҷомшуда тақрибан 40 километрро ташкил дод. Анҷоми он барои соли 2028 пешбинӣ шудааст.
*-созмоне, ки барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.