https://sputnik.tj/20240205/tojikiston-qirghiziston-taqsim-marz-muvofiqa-1061567653.html
Тоҷикистону Қирғизистон сари тақсими ҳудуди 4 км марз ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Қирғизистон сари тақсими ҳудуди 4 км марз ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи нақша, ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод
2024-02-05T12:56+0500
2024-02-05T12:56+0500
2024-02-05T15:51+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
тақсимоти ҳудудӣ
таъини хутути марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари қисме аз тақсимоти сарҳади давлатӣ ба мувофиқа расиданд.Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.Гуфта мешавад, ин мувофиқа дар нишасти якҳафтаинаи гуруҳҳои гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ, ки аз 30 январ то 5 феврал дар шаҳри Бодканд доир шуд, ба даст омад.Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз натиҷаи мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.Тибқи нақша, ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.Масъалаи тақсимоти марз имрӯз 5 февра аз мавзӯи меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷииҚирғизистон Жээнбек Кулубаев шуд.Дар ин дидор таъкид гардидааст, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.Раҳбари Тоҷикистон аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст.
https://sputnik.tj/20240205/rahmon-bo-vaziri-khorijai-qirghiziston-masoili-marziro-barrasi-kard-1061554677.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон тақсим ҳудуд мувофиқа
тоҷикистон қирғизистон тақсим ҳудуд мувофиқа
Тоҷикистону Қирғизистон сари тақсими ҳудуди 4 км марз ба мувофиқа расиданд
12:56 05.02.2024 (Навсозишуда: 15:51 05.02.2024) Тибқи нақша, ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари қисме аз тақсимоти сарҳади давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
"Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ин мувофиқа дар нишасти якҳафтаинаи гуруҳҳои гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ, ки аз 30 январ то 5 феврал дар шаҳри Бодканд доир шуд, ба даст омад.
Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз натиҷаи мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Тибқи нақша, ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.
Масъалаи тақсимоти марз имрӯз 5 февра аз мавзӯи меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷииҚирғизистон Жээнбек Кулубаев шуд.
Дар ин дидор таъкид гардидааст, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.
Раҳбари Тоҷикистон аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст.