https://sputnik.tj/20240130/tijorati-tojikiston-bo-tolibon--arqomu-voqeiyatho-1061473737.html
Тиҷорати Тоҷикистон бо Толибон* – арқому воқеиятҳо
Тиҷорати Тоҷикистон бо Толибон* – арқому воқеиятҳо
Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорати Душанбе бо ҷониби Кобул, дар қиёс бо даврони ҷумҳурӣ бо Афғонистони таҳти султаи гуруҳи Толибон* бамаротиб афзойиш ёфтааст
2024-01-30T12:50+0500
2024-01-30T12:50+0500
2024-01-30T16:38+0500
тиҷорат
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Тоҷикистон бо Афғонистони таҳти ҳукумати Толибон* дар соли гузашта беш аз 1% коҳиш ёфтааст.Аммо дар қиёс бо даврони то Толибон* рушди тиҷорат миёни ду кишвар ҳудуди 25% бештар аст. Оморе, ки аз мақомоти гумрук ва омори Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, нишон медиҳад, ки Афғонистон пас аз Чину Эрон севвумин шарики тиҷории Тоҷикистон дар Осиё маҳсуб мешавад. Соли 2023 гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 98 млн долларро ташкил дод, ки 1,2% дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст (Чин – 313,8 млн (18%) ва Эрон – 99,7 млн доллар (3,1%)). Ин рақам дар қиёс бо соли 2022 (ҳудуди 111 млн доллар) 11,7 дарсад кам аст. Аз январ то декабри соли 2023 Тоҷикистон ба Афғонистон 93,7 млн доллар (соли 2022 – ҳудуди 106 млн) маҳсулот содир намудааст, ки 11,7% дар қиёс бо соли гузашта кам аст.Дар ин миён воридот аз Афғонистон беш аз 4,2 млн доллар (соли 2022 - 5 миллиону 022,4) будааст, ки дар қиёс бо соли 2022 16% кам аст. Саҳми Афғонистон дар содироти Тоҷикистон 3,8% аст. Тоҷикистон ба Афғонистон умдатан маҳсулоти саноатӣ, назири семент, ангишт, нуриҳои минералӣ ва барқ содир мекунад. Як ҳиссаи хурди онро дар соли 2023 ба маҳсулоти кишоварзӣ - сабзавоту мева рост меояд, ки бино ба омор, беш аз 2,2 млн долларро ташкил додааст. Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон фақат ба “Барқи тоҷик” рабт мегирад ва барқе, ки аз сӯи “Помир энерҷи” ба вилояти Бадахшони Афғонистон интиқол меёбад, дар гузоришҳои расмӣ сабт намешавад. Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз Афғонистон ба Тоҷикистон умдатан меваи тару хушк, сабзиҷоти ҳабуботи хушк, тухмӣ, навъҳои хоси рустанӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра ворид мешавад. Вай далели коҳиши тиҷорат миёни ду кишварро ночиз хонда, афзуд, умдатан ба он вобаста донист, ки соли равон ба далели хушксолӣ дар Афғонистон, бахусус, Қандаҳору Ҷалолобод, маконҳои анору мандарин, ҳосил кам шуд. “Ҳамзамон коҳиши нархи маҳсулоти содиротӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ба поён омадани арқом мусоидат кардааст”, - гуфт консули Афғонистон дар Тоҷикистон. Дар ҳамин ҳол ӯ афзуд, дар қиёс бо даврони ҷумҳурӣ тиҷорати Тоҷикистон бо Афғонистони таҳти султаи Толибон* бамаротиб афзойиш ёфт. “Ин афзойиш беш аз 20% - ро тайи се соли ахир нишон медиҳад”- афзуд вай. Тибқи иттилои расмӣ, тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2020, соли охирини ҳукумати ҷумҳурият дар Афғонистон, $70,7 млн доллар ё 1,5% - и тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил дода буд.*- созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст
https://sputnik.tj/20240110/falastin-afghoniston-rahmon-vaziri-turk-1061216213.html
https://sputnik.tj/20231101/kumak-tojikiston-afghoniston-1060270464.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тиҷорат тоҷикистон толибон* арқому воқеият
тиҷорат тоҷикистон толибон* арқому воқеият
Тиҷорати Тоҷикистон бо Толибон* – арқому воқеиятҳо
12:50 30.01.2024 (Навсозишуда: 16:38 30.01.2024) Эксклюзив
Тиҷорати Душанбе бо ҷониби Кобул, дар қиёс бо даврони ҷумҳурӣ бо Афғонистони таҳти султаи гуруҳи Толибон* бамаротиб афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Тоҷикистон бо Афғонистони таҳти ҳукумати Толибон* дар соли гузашта беш аз 1% коҳиш ёфтааст.
Аммо дар қиёс бо даврони то Толибон* рушди тиҷорат миёни ду кишвар ҳудуди 25% бештар аст.
Оморе, ки аз мақомоти гумрук ва омори Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, нишон медиҳад, ки Афғонистон пас аз Чину Эрон севвумин шарики тиҷории Тоҷикистон дар Осиё маҳсуб мешавад.
Соли 2023 гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 98 млн долларро ташкил дод, ки 1,2% дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст (Чин – 313,8 млн (18%) ва Эрон – 99,7 млн доллар (3,1%)).
Ин рақам дар қиёс бо соли 2022 (ҳудуди 111 млн доллар) 11,7 дарсад кам аст.
Аз январ то декабри соли 2023 Тоҷикистон ба Афғонистон 93,7 млн доллар (соли 2022 – ҳудуди 106 млн) маҳсулот содир намудааст, ки 11,7% дар қиёс бо соли гузашта кам аст.
Дар ин миён воридот аз Афғонистон беш аз 4,2 млн доллар (соли 2022 - 5 миллиону 022,4) будааст, ки дар қиёс бо соли 2022 16% кам аст.
Саҳми Афғонистон дар содироти Тоҷикистон 3,8% аст.
Тоҷикистон ба Афғонистон умдатан маҳсулоти саноатӣ, назири семент, ангишт, нуриҳои минералӣ ва барқ содир мекунад.
Як ҳиссаи хурди онро дар соли 2023 ба маҳсулоти кишоварзӣ - сабзавоту мева рост меояд, ки бино ба омор, беш аз 2,2 млн долларро ташкил додааст.
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон фақат ба “Барқи тоҷик” рабт мегирад ва барқе, ки аз сӯи “Помир энерҷи” ба вилояти Бадахшони Афғонистон интиқол меёбад, дар гузоришҳои расмӣ сабт намешавад.
Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз Афғонистон ба Тоҷикистон умдатан меваи тару хушк, сабзиҷоти ҳабуботи хушк, тухмӣ, навъҳои хоси рустанӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра ворид мешавад.
“Масалан, анори Қандаҳору мандарини Ҷалолобод ва мавизи кишмишеро, ки дар бозорҳои Тоҷикистон мебинед, аз Афғонистон ворид мешаванд”, - гуфт Нақибуллоҳ Деҳқонзода.
Вай далели коҳиши тиҷорат миёни ду кишварро ночиз хонда, афзуд, умдатан ба он вобаста донист, ки соли равон ба далели хушксолӣ дар Афғонистон, бахусус, Қандаҳору Ҷалолобод, маконҳои анору мандарин, ҳосил кам шуд.
“Ҳамзамон коҳиши нархи маҳсулоти содиротӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ба поён омадани арқом мусоидат кардааст”, - гуфт консули Афғонистон дар Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол ӯ афзуд, дар қиёс бо даврони ҷумҳурӣ тиҷорати Тоҷикистон бо Афғонистони таҳти султаи Толибон* бамаротиб афзойиш ёфт.
“Ин афзойиш беш аз 20% - ро тайи се соли ахир нишон медиҳад”- афзуд вай.
Тибқи иттилои расмӣ, тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2020, соли охирини ҳукумати ҷумҳурият дар Афғонистон, $70,7 млн доллар ё 1,5% - и тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил дода буд.
*- созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст