Силоҳи маърифати ом. Путин ба Такер Карлсон мусоҳиба дод

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин дал интервью американскому журналисту Такеру Карлсону
Президент РФ Владимир Путин дал интервью американскому журналисту Такеру Карлсону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2024
Обуна шудан
Эҳтимол, ҳеҷ як чунин ҳодисаеро дар соҳаи ахбори омма дар саросари ҷаҳон чунин интизор набуданд. Ва ин ҳодиса рӯй дод, президенти Русия ба рӯзноманигори асосии амрикоӣ мусоҳиба дод.
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik, Давид Нармания.Шояд барои аксари шаҳрвандони Русия гуфтаҳои раисиҷумҳур чун хабари наве садо надоданд. Аммо, чунин ба назар мерасад, ки ин мусоҳиба чунин мақсад надошт. Гуфтугӯи Владимир Путин ва Такер Карлсон бояд гуфтугӯи Русия ва Ғарб мешуд. Ва на ҳамчун гуфтушунид, балки гуфтугуи оддӣ ва самимона. Ва чунин ба назар мерасад, ки ин мақсад амалӣ шудааст.
Дар ИМА ва Аврупо ин мусоҳиба боз муддати тӯлонӣ таҳлил хоҳад шуд. Ин ду сабаб дорад.
Пеш аз ҳама, ин як зарбаи ногаҳонӣ ба таблиғоти расонаҳои бевиҷдони ҷаҳони мутамаддин аст, ки тӯли ду сол низоъ дар Украинаро ҳамчун як бархӯрди мазҳакавӣ байни элфҳои демократ ва оркҳои худкома муаррифӣ мекарданд, аммо сӯҳбати дусоата ин талошҳои онҳоро зеру забар кард.
Мехоҳам бовар кунам, ки акнун мавқеи Русия ва дарки сабабҳои воқеии ҳодисаҳои Украинаро тамошобинони ғарбӣ дарк хоҳанд кард. Ва дар ин ҷо, албатта, мо бояд ба ҷасорати шаҳрвандии Такер Карлсон эҳтиром гузорем.
Кишварҳои аврупоӣ барои ин сафар ӯро бо таҳрим таҳдид мекунанд ва сиёсатмадорони номӣба мисли Ҳилларӣ Клинтон ба таҳқири мустақим даст мезананд, аммо бо вуҷуди ин ӯ ба Русия омад ва ин мусоҳибаро анҷом дод ва дар феҳристи афроде, ки барои озодии сухан дар Ғарби муосирбештар хидмат кардаанд, дар ҷои сеюм, баъди Ҷулиан Ассанҷ ва Эдвард Сноуден қарор гирифт.
Президент Украины Владимир Зеленский и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Оё амрикоиҳо дар Украина табаддулот хоҳанд кард?
Омили дуввум саҳми Владимир Путин аст. Тамоми мусоҳиба ба як намоиши бартарият нисбати воломақомони амрикоӣ ба назар мерасад: сайри таърихӣ дар қисми аввал ба як чизи комилан дастнорас барои Ҷо Байден ба назар мерасад, чунки Байден, мутаасифона барои мо ваамрикоиҳо, фақат қодир аст, ки дар бораи вохӯрии охирин бо Франсуа Миттеран,ки 28 сол муқаддам вафот кардааст,нақл кунад.
Аммо масъала бо ин хотима наёфт. Президент имрӯз аз тамоми мавзӯъҳои дардноктарин барои Ғарб ёдрас кард. Хотираҳои Путин аз сӯҳбат бо раҳбари Амрико, ки намедонист, кихадамоти истихборотии ӯ аз террористҳо дар Қафқоз пуштибонӣ мекунанд, чизе ҷуз зарба ба давлати амиқи муосири Амрико нест, ки солҳои охир бештар мавриди интиқод қарор мегирад.
Нақл дар бораи он, ки ҳамин хадамоти иктишофӣ чӣ гуна пуштибонӣ аз террористонро ҳамчун ҳамкорӣ бо мухолифин нишон медоданд, далели равшани дахолат ба корҳои дохилӣ аст, он чизе , ки демократҳои амрикоӣ дар он Русияро муттаҳам мекунанд.
Илова ба сайри таърихӣ, президент инчунин ба рӯйдодҳои 20 соли охир, ки Украинаро ба ҳолати кунинӣ дучор сохтааст, нақлмекунад ва муҳимтар аз ҳама, нишон медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳамаи ин чӣ нақш бозиданд ва ин маълумот ба андешаи ман барои аксари тамошобинон хабари нав хоҳад буд.
Алоҳида, Путин инчунин аз бесамар будани таҳримҳо,ки аксар вақт маъмурияти кунунии Кохи Сафедро айбдор мекунанд, ёдовар шуд. Бо кӯшишҳои сарнагункардани Русия, Байден ва рафиқонаш баръакссаҳми имконпазирро гузоштанд, ки Русияаввалин иқтисодиёт дар Аврупо шавад.
Президент РФ Владимир Путин дал интервью американскому журналисту Такеру Карлсону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2024
Нукоти муҳими суҳбати Путин бо рӯзноманигори амрикоӣ: Аз тавсеаи НАТО то созиш бо Украина
Ниҳоят, иқтибосҳои президент аз ифшогариҳои Арахамия дар бораи бо айби кӣ халалдор шудани музокирот дар Истанбул метавонад тасдиқи равшани он бошад, ки сиёсатмадорон дар Ғарб умуман дар ҷустуҷӯи сулҳ дар Украина нестанд ва ҳаёти украинҳоро қадр намекунанд, ҳарчанд мекӯшанд интихобкунандагони худро ба таври дигар бовар кунонанд.
Ҳамаи ин далелҳоеанд, ки Ғарб ба онҳо эътироз кардан наметавонад.
Ва албатта, ин мусоҳиба барои ақидаҳо оид ба симои Русияиинзивошуда, ки расонаҳои ғарбӣ онро таблиғ мекарданд, санги мазор хоҳад шуд. Роҳбарони кишвари рондашуда ин корро карда наметавонанд.
Лентаи хабарҳо
0