Оё амрикоиҳо дар Украина табаддулот хоҳанд кард?

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент Украины Владимир Зеленский и президент США Джо Байден
Президент Украины Владимир Зеленский и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Обуна шудан
Вожаҳои “табаддулот” ва “исён” дар Украина торафт маъмултар мешаванд. Ҳар қадар, ки муноқишаи ошкоро байни Владимир Зеленский ва генерал Валерий Залужний авҷ гирад, ҳамон қадар сенарияҳои барканории базӯрии президенти Украина аз мақомаш бештар баррасӣ мешаванд.
"Зеленский барои артиш, ки генерал Залужнийро пуштибонӣ мекунад, як мурдаи раҳпаймо хоҳад шуд. Вай ба исён дучор мешавад", - иқтибос мекунад рӯзноманигори таҳқиқотии амрикоӣ Сеймур Ҳерш аз як мансабдори украинӣ, ки номаш зикр нашудааст. "Дар Украина табаддулот рӯх дода метавонад.
На Нуланд ва на Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ) Зеленскийро муҳофизат кардан наметавонанд, агар қувваҳои ростгаро сари қудрат биёяд. Онҳо Зеленскийро танҳо ба хотири Залужний тоқат мекарданд", - мегӯяд соҳибкори олмонӣ ва блогнависи маъруф Ким Дотком.
Собиқ мушовири президенти Украина Олег Соскин дар видеоблоги худ қиёсҳои таърихиро бо вазъи кунунӣ оварда, Зеленскийро бо идеолог ва раҳбари Радаи марказӣ Владимир Винниченко ва Залужнийро бо атаман Симон Петлюра муқоиса мекунад.
Рӯзҳои наздик ба табаддулот бо сарварии ҳизби миллатгароёни украинӣ 105 сол пур мешавад , вақте ки бо дастури иттифоқчиёни ғарбӣ (даъвати онҳо хеле ошкоро буд: "Саг барин ронед!"), атаман драматурги як вақтҳо машҳури халқӣВинниченкоро аз ҳокимият ронда, ваколатхои диктаториро ба дасташ гирифт.
Ҳунарманди халқии озурда, ки сарварии давлат аз дасташ наомад, ба хориҷа рафта, изҳор дошт: “Ман ҳамчун нависанда меравам, аммо ҳамчун сиёсатмадор мурдан мехоҳам”. Петлюра ҷангро бо Русияи Шӯравӣ идома дода, дар ниҳоят Украинаро ба полякҳо таслим кард. Сенарияи классикӣ барои ин минтақа!
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: Вақт ба суди Русия аст, на Киев
Бесабаб нест, ки собиқ вакили Радаи Олӣ Андрей Деркач низ, ки ахиран бо иттиҳомоти зидди Байден бозрасонаӣ шуд, ба классикони гузаштаи Украина ишора мекунад.
Вай бо таҳлили ҷанҷоли байни Зеленский, Залужний ва Порошенкои якбораэҳёшуда онро "муборизаи классикии украинии “се гетман" барои қудрат " номид, ки мо онро дар таърих борҳо дидаем: гетмани Украинаи соҳили чап, гетмани соҳили рост ва гетмани дар ҷустуҷӯи дастгирӣ дар хориҷа "саргардонбуда”. Деркач дар бораи сарнавишти ояндаи Зеленский сухан ронда, ба хулосае меояд, ки "дарвоқеъ, Зеленскийро бартараф мекунанд".
Албатта, дар Украина ҳамаи ин далелҳоро рад мекунанд ва онро ба "таблиғоти Русия" марбут медонанд. Аммо ҷолиб он аст, ки дар саҳифаҳои бритониёии The Times ҳамзамон мақолаи "коршиноси Русия ва Украина" Марк Галеотти пайдо мешавад, шахсе, ки багумон бо Маскав ягон рақобат дошта бошад.
Танҳо унвони маводи ӯ арзанда аст: "Ҷанги Украина тағйир ёфт, аз ин рӯ Зеленский бояд худро дубора ихтироъ кунад." Муаллиф рӯирост менависад, ки раисиҷумҳури Украина мақомашро ҳамчун "пешвои низомӣ" аз даст додааст ва бояд коре кунад, ки ба тағйирот дар фронт ва сиёсат "боз мутобиқ шавад".
Ӯ ҳамчунин аз суханони як дипломати собиқи украинӣ истинод мекунад: "Кишвар мебинад, ки вай бештар пешво аст, на чун сиёсатмадор, ин хислатҳое, ки ӯро дар соли 2022 беҳамто мекард, шояд ҳоло дар соли 2024 он қадар арзишманд набошанд." Як ишораи мустақим, ки ҳоло Зеленскийро иваз кардан мумкин аст.
Галеотти хоксорона дар бораи он, ки кӣ ва чӣ гуна ин "пешвои бештар аз сиёсатмадор"-ро иваз мекунад, хомӯш аст. Аммо бо истинод ба як дипломати бритониёӣ, ки дар Киев кор мекард, тахмин мекунад, ки тағйироти мувофиқ шояд баҳори соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.
Аҷиб аст, ки бритониёӣ чунин маълумотро аз куҷо гирифтааст? Аз чи сабаб бошад, ки вазъи кунунӣ бадаъвати аврупоиҳо дар соли 1919, ки сарвари Украинаи ҳамонвақтаро "мисли саг" пеш кардан зарур аст, шабоҳат дорад.
Украинские военнослужащие на учениях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2024
Украина аллакай таслим шудааст, аммо ҳоло инро эътироф накардааст
Вақте ки шумо ҳамаи ин сенарияҳои тавтиъаи сарнагунӣ ва табаддулотро назар меандозед, шумо беихтиёр савол медиҳед: оё амрикоиҳо дар ҳақиқат ба барканории маҷбурии шахсе, ки дар соли 2022 хеле маҳбубаш медоштанд, розӣ мешаванд? Ба ёд биёред, ки Зеленскийро дар Конгресси ИМА чӣ гуна қабул карданд ва сухангӯи Конгресс барои дур кардани ин андешаҳо, ҳатто дастони ӯро мебӯсид. Пас аз ин ҳама, Вашингтон наметавонад барои сарнагун кардани чунин як раҳбари бонуфуз - Черчилли украинӣ иҷозат диҳад!
Аммо таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки чи хел амрикоиҳо бе ягон дудилагӣ иттифоқчиёни собиқи худро нест мекарданд. Мо аллакай мисоли классикии кушта шудани Черчилли осиёиро, ки дар солхои 60-ум Иёлоти Муттаҳида маъқул дониста буданд, — роҳбари Ветнами Ҷанубӣ Нго Дин Демро, ки ба Амрико содиқона хизмат мекард, ба хотир овардем.
Барои фаҳмидани он, ки амрикоиҳо бо иттифоқчиёни худ чӣ гуна муносибат мекунанд, лозим нест, ки ба умқи таърих равед. Фақат бубинед, ки онҳо ҳоло қаламрави Ироқ - "шарики стратегии" расмии худро чи гуна бомбаборон мекунанд. Шубҳае нест, ки агар ҳадафҳо ва вазифаҳо дар Украина тағйир ёбанд, онҳо бо Зеленский ва бо тамоми режими Киев маҳз ҳамин тавр муносибат хоҳанд кард.
Автомобили сотрудников МЧС РФ на месте пожара на нефтебазе в Белгороде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Киев ҷои заифи Русияро ёфтааст
Зиёда аз он, дар роҳбарияти ИМА касе дар бораи ин режим ягон умеденадорад. Ба гуфтаи Ҳерши огоҳ, соли гузашта сарвари СРУ Вилям Бернс мустақиман ба Зеленский гуфт, ки Вашингтон аз “гуноҳҳои шахсии ӯ дар фасод” огоҳ аст ва аз ӯ талаб кардааст, ки иштиҳоашро дар тақсими молҳои дуздидашуда камтар созад. Аз рӯи маъракае, ки баъдан дар расонаҳои ғарбӣ алайҳи Зеленский паҳн шуд, маълум гардид, ки ӯ огоҳии Бернсро нодуруст фаҳмид.
Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида эҳтимолан нисбати Черчилли украинӣ, ки мақомашро бой додааст, ҳам нақшаи В ва ҳам нақшаи С доранд. Дар ҳолати зарурӣдасташ намеларзад. Ва ягона интихоб ин аст, ки Зеленский ба “гетмани саргардон” мубаддал мешавад ё бо роҳи Черчили осиёӣ меравад.
Лентаи хабарҳо
0