Куштани аждаҳо: Ҷаҳон дар остонаи ҷанги ҷаҳонӣ аст

© AP / Abed KhaledОгонь и дым поднимаются из зданий после израильских авиаударов по городу Газ, Палестина
Огонь и дым поднимаются из зданий после израильских авиаударов по городу Газ, Палестина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2024
Обуна шудан
Cоли 2024 соли даҳшатнок хоҳад буд. Мо ба ҷанги ҷаҳонӣ наздикем. Агар аз он канорагирӣ кардан ғайриимкон бошад, пас ба ҷузъ ғолиб шудан коре боқӣ намемонад.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik, Александр Дугин. Мушкилоти асосӣ дар соли 2024 ҳамон мушкилоти бунёдии пештара хоҳад буд, ин бархӯрд байни ду мавҷ - мавҷи коҳишёбандаи низоми ҷаҳонии якқутбӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарби дастаҷамъӣ ва афзоиши мавҷи ҷаҳони бисёрқутбӣ, ки дар БРИКС-10 таҷассум ёфтааст.
Ин мушкилот ҳоло ба миён наомадааст, аммо чун Ғарб, ки дар як лаҳзаи таърихӣ (пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ) намуди ҳукмронии ягонаи сайёраро гирифт, натавонист роҳбарии худро дар амал татбиқ кунад, дар натиҷа қутбҳои нави соҳибихтиёрӣ - Русия ва Хитой ба вуҷуд омаданд.
Қутбҳои боқимонда дар роҳанд, инҳо Ҳиндустон, тамаддуни исломӣ, Африқо ва Амрикои Лотинӣ. Танҳо ҳафт маркази қудрат, бо илова кардани Ғарб. Шаш нерӯ дар БРИКС муттаҳид шуда, ба сохтани тартиботи бисёрқутбӣ шурӯъ карданд.
Ғарб ҳамчунон ба пешоҳангии худ часпида, ба хатарзотарин мухолифони ҳукмронии худ, Русия, Чин ва ҷаҳони ислом ҳамла мекунад. Ин ҳама на имрӯз, балки дар ибтидои солҳои 2000-ум оғоз ёфт. Аммо харитаи сиёсии ҷаҳон ниҳоят тазоди кунунии худро солҳои охир, бахусус пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина соҳиб гашт. Амалиёти вижа аввалин ҷанги гарми ҷаҳони бисёрқутбӣ бар зидди якқутбӣ гардид.
Пеш аз ин, махсусан дар давраи аввали президент Трамп ва ба далели афзоиши авомгароӣ (популизм) дар Аврупо, ба назар чунин менамуд, ки аз муқовимати мустақим пешгирӣ кардан мумкин аст, яъне Ғарб ба таври осоишта бисёрқутбиятро қабул карда, кӯшиш мекунад, ки дар тартиботи нави ҷаҳонӣ мавқеи сазовори худро ба даст орад.
Ин маҳз ҳамон чизест, ки Трамп ҳангоми аз байн бурдани ботлоқи ҷаҳонишавӣдар худи Иёлоти Муттаҳида даъват кард. Аммо то ба ҳол ботлоқ худи Трампро фурӯ бурданист ва дар давраи президенти ботлоқӣ Байден дар Украина муноқишаи хунинро сар кард ва тамоми нерӯҳои дастаҷамъии Ғарбро алайҳи Русия ҳамчун муҳимтарин қутби ҷаҳони бисёрқутбӣ партофт.
Последствия израильских авиаударов по Газе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2024
ИМА наметавонад Исроилро ҳифз кунад
Натиҷаи асосии соли 2023 ноком гардондани ҳамлаи ҷавобии Украина аз ҷониби Русия буд, ки барои глобалистҳо лаҳзаи ҳалкунанда дар тамоми низоъ буд. Онҳо режими фашистии Киевро бо аслиҳа, молия, захираҳои сиёсӣ, иттилоотӣ ва дипломатӣ ба таври пуррадастгирӣ мекарданд. Вақте ки Русия истодагарӣ карда, ба ҳамлаи худ омодагӣ гирифт, маълум шуд, ки ҳама чиз беҳуда будаст.
Аммо то даме, ки глобалистҳо дар Иёлоти Муттахида дар сари хокимият мебошанд, онҳо ният доранд, ки ҷангро давом диҳанд. Ва, аз афташ, на танҳо тоохирин украинӣ, балки тоохирин глобалист.
Аммо охири соли 2023 дар ҷанги ҷаҳони якқутбӣ ва бисёрқутбӣ ҷабҳаи дуюм кушода шуд. Ин дафъа пешоҳанги Ғарб дар Ховари Миёна - давлати Исроил дар посух ба ҳамлаи Ҳамос, бидуни таваҷҷуҳ ба ҳеҷ чиз ба наслкушии муназзами аҳолии Ғазза шурӯъ кард.
Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дастаҷамъона амалкарди Телавивро комилан дастгирӣ намуда, бад ин минвол хати нави муқовимат кашиданд, яъне Ғарб алайҳи тамаддуни исломӣ.
Неоконсерваторҳои амрикоӣ ҳанӯз дар аввали солҳои 2000-ум ба ин марҳила расиданд, ки дар натиҷа ҳамла ба Афғонистон, Ироқ ва баъдан пуштибонӣ аз исломгароёни радикал дар Либия, Сурия ва ғайра оғоз шуд. Ҳоло Ғарб дубора бо ҷаҳони исломӣ, ки онро фаластиниҳо, Ҳусиёни Яман, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳамчунин Эроннамояндагӣ мекунанд, рӯ ба рӯ шудааст.
Ғайр аз ин, дар Африқои Ғарбӣ боз як ҷабҳаи муборизаи зиддимустамликадорӣ бар зидди якқутбият ва барои бисёрқутббӣ дар симои иттифоқи давлатҳои Малӣ, Буркина-Фасо, Қумҳурии АфриқоиМарказӣ, Габон ва Нигер ба вуҷуд омад, ки натиҷааш чанд табаддулоти зиддиглобалистӣ шуд. Инак, дар ин ҷо ҳам ҷабҳаи нав ба вуҷуд омад.
Нефтяной танкер в порту Рас аль-Хайр, Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2024
Ҷанг барои Ховари Миёна оғоз шуд, Русия интизор аст
Ва ниҳоят, Венесуэла, ки ҳокими қонунии он Николас МадуророИёлоти Муттаҳида кӯшиш кард, ки бо лӯхтаки худ Гуайдо иваз кунад ва он бо нокомии комил анҷом ёфт, ба муноқишаи ҳудудӣ дар минтақаҳои баҳсбарангези Гайана-Эсекибо бо дастнигари НАТО Гайанаи британӣ ворид шуд. Раисҷумҳури Аргентина Ҳавиер Майлӣ бошад, ҳарчанд аз пайвастан ба БРИКС сарпечӣ кард, аз Англия даъват кард, ки масъалаи ҷазираҳои Малвинро бознигарӣ кунад. Ҳамин тавр, дар Амрикои Лотинй боз як ҷабҳаи мубориза ба вуҷуд омад.
Ҳамин тавр мо ба соли нави 2024 ворид шудем.Ва ҳоло ҳама тамоюлҳо бо суръати тез идома ёфтанд. Шиддат барои ИМА дар Ховари Наздик рӯз то рӯз меафзояд. Ҷанг дар Украина ҳатман идома хоҳад кард ва ҳоло ташаббус баҷониби Русия аст.
Мо инчунин бояд тезу тунд шудани ҷанҷоли атрофи Тайван, ки Иёлоти Муттаҳида дар интихоботи он номзади зиддихитоӣ Лай Циндэро тела доданд, шиддати минбаъдаи Шарқи Наздик, давом додани инқилобҳои зиддимустамликадорӣ дар Африқо ва тезу тунд шудани муқовиматро дар Амрикои Лотинӣ интизор шавем.
Дар худи Ғарб бӯҳрон бо суръати тез меафзояд. Имсол дар ИМА интихобот баргузор мешавад, ки дар он глобалистҳо бо мавҷи тавонои ҷумҳурихоҳон рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Иттиҳодияи Аврупо дар таназзул қарор дорад ва мавҷи зиддиҳукмрон ва зиддилибералии авомгароёни чапу рост боз боло меравад. Сара Вагенкнехт ва ҳизби нави ӯ барин чапгароён ҳастанд. "Сараи сурх" рамзи ғайрилибералии чапи Аврупо мегардад.
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2024
Трамп аз "наздикшавӣ"-и ҷанги сеюми ҷаҳон ҳушдор дод
Чунин чапгароён пеш аз ҳама душманони сармояи ҷаҳонӣ ҳастанд, дар муқоиса бо чапгароёни қалбакӣ, ки пурра аз тарафи Сорос харида шудаанд, ки пеш аз ҳама аз ҳамҷинсгароён, натсизми украинӣ, наслкушии Ғазза ва муҳоҷирати беназорат ҳимоят мекунанд ва инчунин бар зидди нуфузи Русия, зидди Путин ва Русия шадидан мубориза мебаранд.
Қисмати рост низ вуҷуд дорад, хеле зарбхӯрда, аммо дар бисёре аз кишварҳои Аврупо ондуввумин қувваи муҳими сиёсӣ мебошад. Масалан, Марин Ле Пен дар Фаронса. Ҳизби “Алтернатива барои Олмон”дар Олмон қувват мегирад. Дар Италия, сарфи назар аз заъфи либералии сарвазир Ҷорҷи Мелони, нисфи рости ҷомеа аз байн нарафтааст. Ҳама авомгароиирост ҳамон тавре буд, хамон хел монд.
Аммо як Ғарби глобалистӣ аст, ки худро ҳамчун тамоми "Ғарб" муаррифӣ мекунад ва ҳастанд зиддиглобалистҳои рост ва чап, инчунин як қабати бузурги мардуми оддии ғарбӣаст, ки хомӯширо ихтироъ кардааст. Ин аз ҳама муҳим аст, мардуми аврупоии оддӣ дар бораи сиёсат чизе намефаҳмад.
Аврупоиҳо ва амрикоиҳои оддӣ оид ба талабҳои иҷборӣ иваз кардани ҷинси писарони хурдсоли худ, бо бузҳо издивоҷ кардан, боз ҳам бештар муҳоҷирон овардану ғизояшон додан, шабона ба номи Грета Тунберг дуо хондан ва ба русҳо лаънат хондан бештар маълумот мегиранд. Одами ғарбӣ, майдабуржуазия такягоҳи асосии дунёи бисёрқутбӣ мебошад. Вай асли Ғарби воқеӣ аст, на кинояе, ки элитаи либералӣ ба он табдил додаанд.
Дым, поднимающийся из зданий, пострадавших от израильских ударов в ходе боев между Израилем и боевиками ХАМАС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2024
Далели ниҳоӣ: Блинкен аз Ховари Миёна рафту Яман мушакборон гардид.
Эҳтимол дорад, ки дар соли 2024 ҳамаи ин хатҳои шикаста, ҷангу инқилобҳо, низоъҳо ва шӯришҳо, мавҷҳои ҳамлаҳои террористӣ ва қаламравҳои нави наслкушӣ ба як чизи васеъмиқёс мубаддал шаванд. Мавҷи поинравии ҷаҳони якқутбӣ аллакай ҷои худро ба болоравии бисёрқутбӣ медиҳад. Ва ин ногузир аст.
Аждаҳои глобализм ба таври марговар захмдор шудааст. Аммо мо медонем, ки азоби аждаҳои захмдор то чӣ андоза хатарнок аст. Элитаи ҷаҳонии Ғарб девона аст. Сабабҳои зиёд вуҷуд доранд, ки боварӣ ҳосил кунед, ки соли 2024 соли даҳшатнок хоҳад буд. Мо ба ҷанги ҷаҳонӣ наздикем. Дар тамоми ҷабҳаҳо. Агар аз он канорагирӣ кардан ғайриимкон бошад, пас ба ҷузъ ғолиб шудан коре боқӣ намемонад.
Мо бояд аждаҳоро кушем, то аз ҷодуҳои бадхоҳаш башарият ва худи Ғарбро озод кунем, ки қурбонии аввалини он нашавад.
Лентаи хабарҳо
0