https://sputnik.tj/20240112/husiho-ima-britoniyo-yaman-zarba-video-1061257901.html
Намояндаи Ҳусиҳо: ИМА ва Бритониё ба Яман 73 зарба заданд – видео
Намояндаи Ҳусиҳо: ИМА ва Бритониё ба Яман 73 зарба заданд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Ҳусиҳо дар як нишасте таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониёи Кабир ба иншоотҳои Яман 73 зарбаи мушакӣ заданд.
2024-01-12T16:45+0500
2024-01-12T16:45+0500
2024-01-12T16:59+0500
видео
яман
има
амрико
бритониё
ҳамлаи мушакӣ
ҳусиҳо дар яман
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0c/1061258100_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_c2a9e28aaa711bd11f1addcc013ea847.jpg
Яҳё Сариа, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Ҳусиҳо гуфт, ИМА ва Бритониё бо 73 мушак Яманро ҳамла карданд, ки дар натиҷа 5 ҷангҷӯи ҷунбиши Ансоруллоҳ (ҳусиҳо) дар шимоли Яман кушта ва шаш нафар захмӣ шуданд.“Душмани Амрико ва Бритониё дар чаҳорчуби пуштибонии худ аз ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза алайҳи Яман таҷовузи бераҳмона анҷом дода, ба пойтахти Санъо ва вилоятҳои Ҳудайда, Таиз, Ҳаҷҷа ва Саъда 73 зарба заданд. Ин кишварҳо дар марги панҷ нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи мо ва захмӣ шудани шаш нафари дигар гунаҳгор аст”, - гуфт Сариа дар як изҳороташ дар шабакаи иҷтимоии X.Манобеъи ҳукумати маҳаллӣ ба РИА Новости гуфтанд, ки шаби ҷумъа ИМА ва Бритониё 23 ҳамлаи ҳавоӣ ба 4 вилояти Яман дар манотиқи мухталифи Яман, аз ҷумла пойтахти Санъо, Ҳудайда, Таиз ва Саъда анҷом доданд.Ҳамлаи ИМА ва Бритониё ба Яман: Зарбаҳои шадиди мушакӣ ба иншоотҳои ҲусиҳоПентагон таъйид кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоҳангӣ бо шарикон ба аҳдофи ҳусиҳо дар Яман зарба зад. Ҳусиҳо гуфтанд, ки онҳо ба пойгоҳҳо ва иншооти низомии Амрико ва Бритониё ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом хоҳанд дод.Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ин ҳамлаҳоро посух ба таҳдид ба озодии киштиронӣ номид ва ваъда дод, ки ингуна амалҳо идома медиҳад. Вай иддао кард, ки 27 ҳамлаи Ҳусиҳо ба киштиҳои тиҷоратии беш аз 50 кишвари ҷаҳон зарба задаанд ва 9 январ ин ҷунбиш бузургтарин ҳамлаи худро алайҳи киштиҳои ҷангии Амрико анҷом дод.Бояд гуфт, ки Вазорати умури хориыаи Русия ҳамлаҳои мушакии ИМА ва Бритниё ба Яманро ба шиддат маҳкум кард.
яман
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
США с помощью Великобритании, Австралии, Канады, Нидерландов и Бахрейна нанесли совместные удары по объектам хуситов
Sputnik Тоҷикистон
США с помощью Великобритании, Австралии, Канады, Нидерландов и Бахрейна нанесли совместные удары по объектам хуситов
2024-01-12T16:45+0500
true
PT0M31S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0c/1061258100_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_09d8324a29b0260a6f3ce2584fd4e300.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳусиҳо, яман, има, бритониё, бомборон, ҳамлаи мушакӣ, видео
ҳусиҳо, яман, има, бритониё, бомборон, ҳамлаи мушакӣ, видео
Намояндаи Ҳусиҳо: ИМА ва Бритониё ба Яман 73 зарба заданд – видео
16:45 12.01.2024 (Навсозишуда: 16:59 12.01.2024) Намояндаи Ҳусиҳо дар як нишасте таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониёи Кабир ба иншоотҳои Яман 73 зарбаи мушакӣ заданд.
Яҳё Сариа, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Ҳусиҳо гуфт, ИМА ва Бритониё бо 73 мушак Яманро ҳамла карданд, ки дар натиҷа 5 ҷангҷӯи ҷунбиши Ансоруллоҳ (ҳусиҳо) дар шимоли Яман кушта ва шаш нафар захмӣ шуданд.
“Душмани Амрико ва Бритониё дар чаҳорчуби пуштибонии худ аз ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза алайҳи Яман таҷовузи бераҳмона анҷом дода, ба пойтахти Санъо ва вилоятҳои Ҳудайда, Таиз, Ҳаҷҷа ва Саъда 73 зарба заданд. Ин кишварҳо дар марги панҷ нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи мо ва захмӣ шудани шаш нафари дигар гунаҳгор аст”, - гуфт Сариа дар як изҳороташ дар шабакаи иҷтимоии X.
Манобеъи ҳукумати маҳаллӣ ба РИА Новости гуфтанд, ки шаби ҷумъа ИМА ва Бритониё 23 ҳамлаи ҳавоӣ ба 4 вилояти Яман дар манотиқи мухталифи Яман, аз ҷумла пойтахти Санъо, Ҳудайда, Таиз ва Саъда анҷом доданд.
Пентагон таъйид кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоҳангӣ бо шарикон ба аҳдофи ҳусиҳо дар Яман зарба зад. Ҳусиҳо гуфтанд, ки онҳо ба пойгоҳҳо ва иншооти низомии Амрико ва Бритониё ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом хоҳанд дод.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ин ҳамлаҳоро посух ба таҳдид ба озодии киштиронӣ номид ва ваъда дод, ки ингуна амалҳо идома медиҳад. Вай иддао кард, ки 27 ҳамлаи Ҳусиҳо ба киштиҳои тиҷоратии беш аз 50 кишвари ҷаҳон зарба задаанд ва 9 январ ин ҷунбиш бузургтарин ҳамлаи худро алайҳи киштиҳои ҷангии Амрико анҷом дод.
Бояд гуфт, ки Вазорати умури хориыаи Русия ҳамлаҳои мушакии ИМА ва Бритниё ба Яманро ба шиддат маҳкум кард.