https://sputnik.tj/20240110/shikasti-nato-barkhurd-rusiya-peshguishavanda-1061213494.html
Шикасти НАТО дар бархӯрд бо Русия пешгӯишаванда аст
Шикасти НАТО дар бархӯрд бо Русия пешгӯишаванда аст
Sputnik Тоҷикистон
Он чизе, ки дар бораи хастагии Ғарб аз кӯмак ба Киев ва камшавии бадбинӣ нисбати мо гуфта шуд, барои мо на тағйири қисмат, на суст шудани ҷидду ҷаҳд ва на кори осонтарро ифода мекунад.
2024-01-10T15:45+0500
2024-01-10T15:45+0500
2024-01-10T16:30+0500
ғарб
русия
нато
ҷанг
сиёсат
аврупо
има
сутуннигор
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0b/1060434727_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_82bc4ca3ffc0521b3be6ed9923cc16b4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik, Елена Караева. Ин ҳафта дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел тасмим хоҳанд гирифт, ки чӣ гуна далели комилан ошкори нуқтаи гардишро дар бархӯрди низомӣ бо мо пинҳон кунанд, менависад шореҳи РИА Новости.Нуқтаи гардиш, табиист, ки ба нафъи Москва. Ин, албатта, ҳанӯз анҷоми тамоми вазифаҳои амалиёти махсуси низомии Русия нест, балки як қадами бузург ва муҳим дар самте, ки моҳи феврали соли 2022 баён шуда буд.Оне, ки ба мо шикасти пурра ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ бо зарари ҷуброннопазир ба иқтисод ва инзивои пурра пешгӯӣ мешуд, айни замон аз тарафи онҳое, ки бӯҳрони геополитикиро ба вуҷуд оварда, онро боло бурданд ва сипас онро ба муқовимати ҳарбӣ табдил доданд, ҳоло ғарбтари шаҳри Брест сӯҳбат кардан шарм медоранд.Шикасти эътилоф (дар он ҷо панҷоҳ кишвар вуҷуд доранд) ва нокомии ғояи шикасти Русияро шарҳ додан ғайриимкон аст. Барои онҳо. Аз даст додани чеҳраро онҳо гӯё ҳис намекунанд.Мо мағрур нестем, агар касе фаромӯш карда бошанд, таърихи мағлубиятро, ки қаблан натиҷааш маълум буд, ба хотир овардан метавонем.Ҳамин тавр, НАТО ва иттифоқчиёни он барои он, ки ба назар таъсирбахш намоянд, ба ғайр аз дахолати худи мамлакатҳои аъзои иттифоқ, қарор доданд, ки ба давлатҳои ҳамфикр, аз Аврупо, Осиё ва Африқо, ки ба эътилоф аъзо нестанд, такя кунанд. Сохтори дахлдор ташкил карда шуд, ки "формати Рамштайн" номгузорӣ шуд(маҷлисҳо дар пойгоҳи амрикоии Рамштайн дар Германия барпо мегардиданд).Каме аз як сол пеш онҷо муҳокима мекарданд, ки моро чӣ гуна шикаст хоҳанд дод. Нақша хеле таъсирбахш ба назар мерасид. Дар рӯи коғаз.Чеҳраҳои номутавозини ашхос, бо чашмони пур аз русбадбинӣ, бо боварии он, ки танкҳои чархдор (аз Фаронса), зиреҳпӯшҳои ҷангию худгардҳои ҳарбӣ (аз Олмон ва ИМА), инчунин танкҳои Бритониё, ҳама чизро аз нигоҳи низомӣ, аз ҷумла ҳуҷуми ғалабаоваррро ба Русия имкон медиҳанд.Иттифоқчиёни НАТО ва худи НАТО, тааҷҷубовар, вале ба пуррагӣ ҳамаи ваъдаҳои худро иҷро карданд. Ҳама чиз фиристода шуд, таъминоти таҷҳизот бо пулдоданҳои бузурги нақдӣ дастгирӣ карда шуд, аммо ... не, чизе хато рафт, ҳеҷ чизи интизоршуда ва ба нақша гирифташуда ба даст наомад.Ин ҳамон ҳолатест, ки нокомии доктринаи ҳарбиродар хатти ҷанг дар минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ пинҳон ва ё пӯшонидан имкон надошт. Рӯзномаи "Вашингтон Пост", ки то андозае ба мураттибони ин доктрина содиқ аст, аммо дар он ҷо ҳам тоқат карда натавонистанд ва мукотибаи азими чопиро нашр карданд, то бифаҳманд, ки чӣ шуд, чӣ кор карданд ва кӣ гунаҳкор аст.Аммо дар бораи ҷазо ё мукофот додан ба баъзе ашхос сухане набуд. Ин дафъа набуд.Ин ҳафта дар Шӯрои НАТО-Украина онҳо тасмим мегиранд, он масъалаеро, бовар намекунед, маҳз ҳамон масъалае, ки тақрибан як сол пеш буд, бозбаррасӣ кунанд.Киевро боз чӣ гуна дастгирӣ кардан лозим аст (дар ин ҷо сирру асрор вуҷуд надорад: ба шумо миллиардҳо бо асъори асосии захиравӣ ва аз ин бештар аслиҳа ва таҷҳизот лозим аст) ва на танҳо барои дастгирӣ, балки ба андозае,ки ғалаба кунед.Киев системаҳои дифои ҳавоӣ мехоҳад, (ки ба таври озод барои гирифтан ва фиристодан дастрас нест), F-16, ки бояд дар замин идора ва нигоҳдорӣ шаванд. Ба рӯйхат эҳтимолан снарядҳо, тирҳо, лавозимоти ҷангӣ ва либоси низомӣ дохил мешаванд.Ҳамин тавр, ҳоло Ғарб дигар ҳеҷ яке аз инҳоро надорад. На ба маънии "нест, вале мо мебинем", балки ба маънои "нест ва наметавонад бошад ва умед ҳам нест".Ҳар як коршиноси ҳарбии беғараз ба шумо мегӯяд, ки (аз сифр) сохтани батареяи дифои ҳавоӣ солҳо тӯл мекашад. Ин давраи истеҳсолот аст. Ва суръати корро тезондан мумкин нест. Ин ба дигар самтҳо низ дахл дорад.Ғарб пул ҳам надорад.Сармоягузори асосӣ, Иёлоти Муттаҳида аллакай бо маъракаи интихоботӣ банд аст, ки аз он на пештар аз январи соли 2025, дар рӯзи савгандёдкунии президенти ИМА бармегардад. Ин тавр ҳам гуфтанд: "Иёлоти Муттаҳида дигар маблағе надорад, ки Украинаро дастгирӣ кунад; бастаҳои нави кӯмакҳо тасдиқи маблағгузории навро аз Конгресс талаб мекунанд."Дар ин замина дар бораи Аврупо ҳарф задан ҳам номувофиқ аст, Брюссел тӯли солҳои зиёд ҳамеша ҳама тасмимҳоро дар бораи Украинаро бо Вашингтон ҳамоҳанг мекард ва бо Амрико дар як мавҷ буд.Он чизе, ки дар бораи хастагии Ғарб аз кӯмак ба Киев ва камшавии бадбинӣ нисбати мо гуфта шуд, барои мо на тағйири қисмат, на суст шудани ҷидду ҷаҳд ва на кори осонтарро ифода мекунад.Шикаме, ки лоиҳаи зидди Русияро зоид, комилан қодир аст, ки хатарҳои нав тавлид кунад. Ин қонуни муборизаест, ки дар он ҳоло мо ҳақнадорем, ки ба ягон хатою иштибоҳроҳ диҳем. Зимнан, мо аз рақибони худ хаёли нек ҳам интизор бояд нашавем.Ҳатто агар мо донем, ки Ғарб дар низоъ мағлуб шудааст, вазъ дар иқтисоди Украина фалокатбор аст, низоъҳои сиёсӣ ҳам дар Киев ва ҳам дар пойтахтҳои НАТО ҳоло, ки шикаст наздик аст, оғоз шудааст, мо бояд дарк кунем, ки роҳи мо дар соли 2024 низдушвор хоҳад буд.Вале мо бояд дар баробари ҳамин дар хотир дошта бошем, ки гарави иҷрои вазифаи асосии мо дар он аст, ки бо ин роҳ оромона ва дилпурона пеш равем.Фақат ҳаракат ба пеш.
https://sputnik.tj/20240110/putin-va-bayden-baroi-jahon-mejangand-1061203483.html
https://sputnik.tj/20240109/tahrim-rusiya-ustuvoru-avrupo-zaif-1061197683.html
https://sputnik.tj/20240108/kiev-qat-kumak-ittihodi-avrupo-naqsha-nadorad-1061192492.html
https://sputnik.tj/20240107/zelenskiy-zaif-khasta-gholib-1061182715.html
ғарб
русия
аврупо
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0b/1060434727_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_c874b70ac907442d93d1bc71533c3c64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато, русия, ҷанг, украина, силоҳ, сутуннигор
нато, русия, ҷанг, украина, силоҳ, сутуннигор
Шикасти НАТО дар бархӯрд бо Русия пешгӯишаванда аст
15:45 10.01.2024 (Навсозишуда: 16:30 10.01.2024) Он чизе, ки дар бораи хастагии Ғарб аз кӯмак ба Киев ва камшавии бадбинӣ нисбати мо гуфта шуд, барои мо на тағйири қисмат, на суст шудани ҷидду ҷаҳд ва на кори осонтарро ифода мекунад.
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik, Елена Караева. Ин ҳафта дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел тасмим хоҳанд гирифт, ки чӣ гуна далели комилан ошкори нуқтаи гардишро дар бархӯрди низомӣ бо мо пинҳон кунанд, менависад шореҳи РИА Новости.
Нуқтаи гардиш, табиист, ки ба нафъи Москва. Ин, албатта, ҳанӯз анҷоми тамоми вазифаҳои амалиёти махсуси низомии Русия нест, балки як қадами бузург ва муҳим дар самте, ки моҳи феврали соли 2022 баён шуда буд.
Оне, ки ба мо шикасти пурра ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ бо зарари ҷуброннопазир ба иқтисод ва инзивои пурра пешгӯӣ мешуд, айни замон аз тарафи онҳое, ки бӯҳрони геополитикиро ба вуҷуд оварда, онро боло бурданд ва сипас онро ба муқовимати ҳарбӣ табдил доданд, ҳоло ғарбтари шаҳри Брест сӯҳбат кардан шарм медоранд.
Шикасти эътилоф (дар он ҷо панҷоҳ кишвар вуҷуд доранд) ва нокомии ғояи шикасти Русияро шарҳ додан ғайриимкон аст. Барои онҳо. Аз даст додани чеҳраро онҳо гӯё ҳис намекунанд.
Мо мағрур нестем, агар касе фаромӯш карда бошанд, таърихи мағлубиятро, ки қаблан натиҷааш маълум буд, ба хотир овардан метавонем.
Ҳамин тавр, НАТО ва иттифоқчиёни он барои он, ки ба назар таъсирбахш намоянд, ба ғайр аз дахолати худи мамлакатҳои аъзои иттифоқ, қарор доданд, ки ба давлатҳои ҳамфикр, аз Аврупо, Осиё ва Африқо, ки ба эътилоф аъзо нестанд, такя кунанд. Сохтори дахлдор ташкил карда шуд, ки "формати Рамштайн" номгузорӣ шуд(маҷлисҳо дар пойгоҳи амрикоии Рамштайн дар Германия барпо мегардиданд).
Каме аз як сол пеш онҷо муҳокима мекарданд, ки моро чӣ гуна шикаст хоҳанд дод. Нақша хеле таъсирбахш ба назар мерасид. Дар рӯи коғаз.
Чеҳраҳои номутавозини ашхос, бо чашмони пур аз русбадбинӣ, бо боварии он, ки танкҳои чархдор (аз Фаронса), зиреҳпӯшҳои ҷангию худгардҳои ҳарбӣ (аз Олмон ва ИМА), инчунин танкҳои Бритониё, ҳама чизро аз нигоҳи низомӣ, аз ҷумла ҳуҷуми ғалабаоваррро ба Русия имкон медиҳанд.
Иттифоқчиёни НАТО ва худи НАТО, тааҷҷубовар, вале ба пуррагӣ ҳамаи ваъдаҳои худро иҷро карданд. Ҳама чиз фиристода шуд, таъминоти таҷҳизот бо пулдоданҳои бузурги нақдӣ дастгирӣ карда шуд, аммо ... не, чизе хато рафт, ҳеҷ чизи интизоршуда ва ба нақша гирифташуда ба даст наомад.
Ин ҳамон ҳолатест, ки нокомии доктринаи ҳарбиродар хатти ҷанг дар минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ пинҳон ва ё пӯшонидан имкон надошт. Рӯзномаи "Вашингтон Пост", ки то андозае ба мураттибони ин доктрина содиқ аст, аммо дар он ҷо ҳам тоқат карда натавонистанд ва мукотибаи азими чопиро нашр карданд, то бифаҳманд, ки чӣ шуд, чӣ кор карданд ва кӣ гунаҳкор аст.
Аммо дар бораи ҷазо ё мукофот додан ба баъзе ашхос сухане набуд. Ин дафъа набуд.
Ин ҳафта дар Шӯрои НАТО-Украина онҳо тасмим мегиранд, он масъалаеро, бовар намекунед, маҳз ҳамон масъалае, ки тақрибан як сол пеш буд, бозбаррасӣ кунанд.
Киевро боз чӣ гуна дастгирӣ кардан лозим аст (дар ин ҷо сирру асрор вуҷуд надорад: ба шумо миллиардҳо бо асъори асосии захиравӣ ва аз ин бештар аслиҳа ва таҷҳизот лозим аст) ва на танҳо барои дастгирӣ, балки ба андозае,ки ғалаба кунед.
Киев системаҳои дифои ҳавоӣ мехоҳад, (ки ба таври озод барои гирифтан ва фиристодан дастрас нест), F-16, ки бояд дар замин идора ва нигоҳдорӣ шаванд. Ба рӯйхат эҳтимолан снарядҳо, тирҳо, лавозимоти ҷангӣ ва либоси низомӣ дохил мешаванд.
Ҳамин тавр, ҳоло Ғарб дигар ҳеҷ яке аз инҳоро надорад. На ба маънии "нест, вале мо мебинем", балки ба маънои "нест ва наметавонад бошад ва умед ҳам нест".
Ҳар як коршиноси ҳарбии беғараз ба шумо мегӯяд, ки (аз сифр) сохтани батареяи дифои ҳавоӣ солҳо тӯл мекашад. Ин давраи истеҳсолот аст. Ва суръати корро тезондан мумкин нест. Ин ба дигар самтҳо низ дахл дорад.
Сармоягузори асосӣ, Иёлоти Муттаҳида аллакай бо маъракаи интихоботӣ банд аст, ки аз он на пештар аз январи соли 2025, дар рӯзи савгандёдкунии президенти ИМА бармегардад. Ин тавр ҳам гуфтанд: "Иёлоти Муттаҳида дигар маблағе надорад, ки Украинаро дастгирӣ кунад; бастаҳои нави кӯмакҳо тасдиқи маблағгузории навро аз Конгресс талаб мекунанд."
Дар ин замина дар бораи Аврупо ҳарф задан ҳам номувофиқ аст, Брюссел тӯли солҳои зиёд ҳамеша ҳама тасмимҳоро дар бораи Украинаро бо Вашингтон ҳамоҳанг мекард ва бо Амрико дар як мавҷ буд.
Он чизе, ки дар бораи хастагии Ғарб аз кӯмак ба Киев ва камшавии бадбинӣ нисбати мо гуфта шуд, барои мо на тағйири қисмат, на суст шудани ҷидду ҷаҳд ва на кори осонтарро ифода мекунад.
Шикаме, ки лоиҳаи зидди Русияро зоид, комилан қодир аст, ки хатарҳои нав тавлид кунад. Ин қонуни муборизаест, ки дар он ҳоло мо ҳақнадорем, ки ба ягон хатою иштибоҳроҳ диҳем. Зимнан, мо аз рақибони худ хаёли нек ҳам интизор бояд нашавем.
Ҳатто агар мо донем, ки Ғарб дар низоъ мағлуб шудааст, вазъ дар иқтисоди Украина фалокатбор аст, низоъҳои сиёсӣ ҳам дар Киев ва ҳам дар пойтахтҳои НАТО ҳоло, ки шикаст наздик аст, оғоз шудааст, мо бояд дарк кунем, ки роҳи мо дар соли 2024 низдушвор хоҳад буд.
Вале мо бояд дар баробари ҳамин дар хотир дошта бошем, ки гарави иҷрои вазифаи асосии мо дар он аст, ки бо ин роҳ оромона ва дилпурона пеш равем.