"Украина мурда аст": Таблиғгарони Киев аз мамлакат мегурезанд

© AP / Yves HermanВладимир Зеленский на саммите НАТО в Вильнюсе
Владимир Зеленский на саммите НАТО в Вильнюсе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2023
Обуна шудан
Киштии давлатии Украина босуръат ғарқ мешавад. Аз ин ҷост, ки каламушҳо аз ҳар фурсат истифода бурда, аз ин киштӣ гурехта истодаанд
Он далелро, ки ҳоло дар Украина табъи хира ҳукмфармост, қариб ҳамаи мухбирони ғарбии дар он ҷо буда, қайд мекунанд.Новобаста аз фитнаҳои доимии таблиғоти расмӣ, воқеан ба пирӯзӣ бар Русия дигар ҳеҷ кас бовар надорад. Мухбири рӯзномаи бритонии "Таймс" тафовути шадидро бо ҳиссиёте, ки дар охири соли гузашта дар Киев ҳукмрон буд, қайд мекунад.
Хабарҳое, ки аз ҷабҳа меоянд, ҳамаи тарафдорони ғарбиро ба ваҳм меандозанд. Хабарнигори олмонии Bild Пол Ронзҳеймер онҳоро "тоқатнопазир" номид. Фикр кунед, дар бораи ин далели пурмазмун, ки як афсари неруҳои мусаллаҳи Украина, ки дар вилояти Харков меҷангад, ба матбуоти ғарбӣ гуфтааст: "Ман дигар ба низомиёнинав ҳатто лақабҳои махсуснамедиҳам, аксарияташон умри дароз надоранд."
Моҳияти набардҳоро тасаввур кардан мумкин аст, ки афсарон ба даъватшавандагон ҳамчун бо масолеҳи сарфшаванда муносибат мекунанд.
Дар ин замина рӯзноманигорони ғарбӣ тафовути рӯзафзуни байни воқеият ва таблиғоти ҷасуронаи Украинаро ба қалам медиҳанд. Худи ҳамон Ронзҳеймер менависад: "Изҳороти расмӣ дар конфоронсҳои матбуот ва ё мусоҳибаҳо бо воқеият торафт камтар мувофиқат мекунанд".
Дар ин замина, гурезогурези худи таблиғгарон, ки муддати дароз ба украинихо расмҳои “зафароварро” аз хати ҷабҳа мекашиданд ва ҳоло бошад ҳар гуна имкониятро ҷустуҷӯ мекунанд, ки кишварро тарк кунанд.
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2023
Расонаҳо: Зеленский ба зудӣ аз Путин хоҳиш мекунад, ки музокира кунад
Моҳи ноябр яке аз сухангӯёни асосии режими Зеленский Алексей Арестович*, ба таври ошкоро гурехтани худро аз Украина эълон кард, ки пештар дар бораи "ғалабаҳои" бебаҳои Украина, ҳатто қабл аз оғози Амалиёти вижа гузориш медод. Ин таблиғотчӣ дар бораи чӣ тавр "Русияро мағлуб карданӣ аст" афсонаҳо накл мекард. Ҳоло ӯро дар дар кӯчаҳои Ню Йорк вомехӯранд.
Ва то чӣ андоза оҳанги изҳороти ӯ тағйир ёфтааст! Рузи дигар дар мусоҳиба бо як агенти хориҷӣ мижгон таҳ накарда, иброз дошт, ки : "Украина дигар вуҷуд надорад... Украина мурдааст! ." Вай инро якмаром бо овози ороми худ гуфт, айнан бо ҳамон овозе, ки як сол пеш гуфта буд: "Русия аллакай мағлуб шудааст".
Гузашта аз ин, вай ин суханонро чунон изҳор намуд, ки гӯё худаш дар табдил додани кишвараш ба “мурда” даст надорад.
Ва дар авохири ҳафтаи гузашта расонаҳои украинӣ аз гурехтани нафари дигар ба ҳайрат афтоданд. Алексей Печий, узви ҳайати Украина дар нишасти ахири Иттиҳодияи Аврупо, ки дар Брюссел баргузор шуд, ба таври ошкоро аз барнагаштанихуд эълон кард.
Ин ном барои як бинанда ё хонандаи рус он қадар шинос нест, аммо дар Украина ӯро хеле хуб медонанд. Вай аз оинаҳои нилгун дур намешуд, зеро вай яке аз барандагони телемарафони шаборузӣ буд.
Здание посольства США в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Фаронса гуфтанд, ИМА ба созиш бо Русия хоҳад рафт
Қариб ҳар рӯз ин таблиғотчӣ ба воситаи телевизиони Украина баромад карда, тамошобинонро аз "ғалабахои" аҷоиби Украина огоҳ мекард! Метарсонд, ки "Москва хоҳад сӯхт!". "Русия аз соҳили чапи Днепр мебарояд!", — шод мекард шунавандагонашро ин таблиғгар.
"Қувваҳои мусаллаҳи Украина хати дифоъи ишғолгаронро шикастанд," гуфт ӯ ҳамагӣ чанд ҳафта пеш. "Тайёраҳои бесарнишини Русия ба қаламрави НАТО ҳамла карданд!", бо ҳамин суханҳо иттифоқчиёни ғарбии Украинаро метарсонд. Умуман, метавон аз ин гавҳарҳои таблиғотии якхела иқтибосҳои зиёд оварем. Ҳамарӯза як ҳангомаи нав!
Ва ана ҳоло Печий мухлисони худро бо паёме ба ҳайрат меорад: "Ман барои худ як қарори душвор қабул кардам ва мефаҳмам, ки дар Украина маро маҳкумияти ҷамъиятӣ интизор аст." Ӯ гуфт, ки дар Аврупо мемонад, то "рӯзномаи Украинаро дар ҷомеаи ғарбӣ таблиғ кунад". Ҳоло фирорро ҳамин тавр меноманд.
Бояд таъкид кунем, ки тарки Украина барои мардони синни даъватӣ хеле мушкил аст. Одамон барои баромадан аз ин зиндони якҷоя кӯшишҳои бениҳоят зиёд мекунанд, яке худро зан вонамуд мекунад, дигаре барои гузаштан аз сарҳад пораҳои азим доданӣ мешавад, баъзе дар ҷангалҳои Карпат овора шуда, аз дарёҳо убур мекунанду ҳаёти худро зери хатар мегузорад, бо маъюбон ё модарони серфарзанд никоҳи сохта мекунад. Маҳз барои он, ки медонанд: ба ҷанг фиристода шуда, ҳатто барои гирифтани тахаллус имкон намеёбанд.
Работа мобильной группы быстрого реагирования в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: Украина барои баргардонидани ҳудуди аздастдода шонси кам дорад
Агар Петр Порошенко натавонист аз кишвараш берун равад, пас шаҳрвандони на он қадар воломақоми Украина шонси камтар доранд. Печий роҳеро ёфт. Ҳоло ҳамкоронаш ӯро “қаҳрамони ҳалқаи Брюссел” унвон мекунанд ва пешниҳод мекунанд, ки расонаҳои украинӣ аз ин баъд бештар духтаронро ба сафари корӣ ба хориҷа фиристанд. Ҳама мефаҳманд, ки рафиқони дигари ӯ аз сехи пропагандистӣниз ба Печий пайравӣ кардан мехоҳанд.
Боз такрор мекунем, гурехтан аз Украина ба як падидаи оммавӣ табдил ёфтааст. Ҳаҷвнигори стендап Андрей Шегел, ки имсол тарк ватанро карда буд, танҳо изҳор дошт: "Мурдан ин интихоби бачаҳост" ва худи ӯ "мисли каламуш гурехтан" -ро интихоб кард (дар асл феъли дағалтарро истифода кардааст).
Президент Франции Эманюэль Макрон и глава Германии Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2023
Ғарб барои музокироти ҷудогона бо Русия омодагӣ мебинад
Чанде пеш худи расонаҳои украинӣ эътироф карданд, ки аз 40 то 60 дарсади дипломатҳо аз сафарҳои корӣ ба хориҷ барнамегарданд. Ва гарчанде ки вазорати корҳои хориҷии Киев бо ҷидду ҷаҳд ба рад кардани ин маълумот шитофт, аммо шумораи ками одамон ба ин раддия бовар карданд: ба изҳороти расмӣ ҳолокам эътимод доранд. Ва албатта, гурехтани ҳамаи онҳое, ки ин изҳороти расмиро на танҳо паҳн кардаанд, балки тавлид кардаанд, ба ин эътиқод илова нахоҳад кард.
Киштии давлатии Украина босуръат ғарқ мешавад. Аз ин ҷост, ки каламушҳо аз ҳар фурсат истифода бурда, аз ин киштӣ гурехта истодаанд.
Бо нафароне, ки онҳоро ба "ғалабаҳои" ғайриреалӣ бовар мекунонданд, чӣ мешавад, ин кор онҳоро ташвиш намедиҳад. Охир гуфтанд, ки : "Мурдаҳо мурдаҳоро дафн мекунанд". Ҳоло шумо дар Ню-Йорк ё Брюссел нишаста, метавонед бо овози ором, бидуни эҳсоси масъулият барои ин мурдагон ҳақиқатро бигӯед.
* ба рӯйхати террористон ва экстремистҳо шомил карда шудааст
Лентаи хабарҳо
0