https://sputnik.tj/20231224/faronsa-ima-sozish-rusiya-1061042207.html
Дар Фаронса гуфтанд, ИМА ба созиш бо Русия хоҳад рафт
Дар Фаронса гуфтанд, ИМА ба созиш бо Русия хоҳад рафт
Sputnik Тоҷикистон
Вашингтон мехоҳад, пеш аз ҳама ба Чин тамаркуз кунад ва онҳо медонанд, ки ҳамаи ин масоили марбути Украина онҳоро ба дуриҳо хоҳад бурд
2023-12-24T18:00+0500
2023-12-24T18:00+0500
2023-12-24T18:00+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
украина
амалиёт
низомӣ
русия
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/18/1051651134_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b50db9812ae2aa649224f3a77d80ca11.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико новобаста аз натиҷаи интихоботи президентӣ дар ин кишвар бо Русия дар масълаи Украина сулҳ хоҳад кард, навиштааст рӯзноманигори нашрияи фаронсавии Le Figaro ва мутахассиси геополитика Рено Жирар. "Ё Трамп президент интихоб мешавад, ки ӯ аллакай гуфта буд, ки дар тӯли 24 соат мушкилотро ҳал мекунад, яъне аз Путин мепурсад, ки чӣ мехоҳад ё маъмурияти Байден ва демократҳо низ дар ниҳоят сулҳ мехоҳанд", - навиштаст муаллиф. Таҳлилгар таъкид намудаст, ки Вашингтон мехоҳад, пеш аз ҳама ба Чин тамаркуз кунад ва онҳо медонанд, ки ҳамаи ин масоили марбути Украина онҳоро ба дуриҳо хоҳад бурд Ба гуфтаи рӯзноманигор, Вашингтон дарк мекунад, ки аз нигоҳи стратегӣ “ба оғӯши Пекин андохтани Маскав” ба манфиаташ нест, аз ин рӯ бо муноқиша дар Украина тақрибан ҳама чиз равшан аст. Ҳоло дар Киев дарк мекунанд, ки Русияро мағлуб нахоҳанд кард ва минтақаҳои русзабонро барнамегардонанд, аз ин рӯ танқиди стратегияи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва амалҳои президент Владимир Зеленский торафт бештар шунида мешавад, хулоса кард Жирар.Президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ худаш аз кишвардори Русия Владимир Путин хоҳиш хоҳад кард, ки ба музокироти сулҳ ворид шавад, навишта буд ахиран нашрияи Чин Sohu.Тавре муаллифи мавод қайд мекунад, Иёлоти Муттаҳида метавонад бо сабаби муноқишаи тӯлонӣ бо Русия ва идомаи ҷанг дар Исроил Украинаро тарк кунад.Ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни як нишасти хабарии бузурги солона дар бораи амалиёти вижаи низомӣ изҳор дошт, ки “Русия пирӯз мешавад” ва сулҳ он замоне барқарор мешавад, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.
https://sputnik.tj/20231219/putin-rusiya-ahdof-amaliyoti-vizha-1060986679.html
украина
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/18/1051651134_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a71bf7367c8ed063b5c9c8af135e8aba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, русия, созиш, чин, тамаркуз, украина
има, русия, созиш, чин, тамаркуз, украина
Дар Фаронса гуфтанд, ИМА ба созиш бо Русия хоҳад рафт
Вашингтон мехоҳад, пеш аз ҳама ба Чин тамаркуз кунад ва онҳо медонанд, ки ҳамаи ин масоили марбути Украина онҳоро ба дуриҳо хоҳад бурд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико новобаста аз натиҷаи интихоботи президентӣ дар ин кишвар бо Русия дар масълаи Украина сулҳ хоҳад кард, навиштааст рӯзноманигори нашрияи фаронсавии Le Figaro ва мутахассиси геополитика Рено Жирар.
"Ё Трамп президент интихоб мешавад, ки ӯ аллакай гуфта буд, ки дар тӯли 24 соат мушкилотро ҳал мекунад, яъне аз Путин мепурсад, ки чӣ мехоҳад ё маъмурияти Байден ва демократҳо низ дар ниҳоят сулҳ мехоҳанд", - навиштаст муаллиф.
Таҳлилгар таъкид намудаст, ки Вашингтон мехоҳад, пеш аз ҳама ба Чин тамаркуз кунад ва онҳо медонанд, ки ҳамаи ин масоили марбути Украина онҳоро ба дуриҳо хоҳад бурд
Ба гуфтаи рӯзноманигор, Вашингтон дарк мекунад, ки аз нигоҳи стратегӣ “ба оғӯши Пекин андохтани Маскав” ба манфиаташ нест, аз ин рӯ бо муноқиша дар Украина тақрибан ҳама чиз равшан аст.
Ҳоло дар Киев дарк мекунанд, ки Русияро мағлуб нахоҳанд кард ва минтақаҳои русзабонро барнамегардонанд, аз ин рӯ танқиди стратегияи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва амалҳои президент Владимир Зеленский торафт бештар шунида мешавад, хулоса кард Жирар.
Президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ худаш аз кишвардори Русия Владимир Путин хоҳиш хоҳад кард, ки ба музокироти сулҳ ворид шавад, навишта буд ахиран нашрияи Чин Sohu.
Тавре муаллифи мавод қайд мекунад, Иёлоти Муттаҳида метавонад бо сабаби муноқишаи тӯлонӣ бо Русия ва идомаи ҷанг дар Исроил Украинаро тарк кунад.
Ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни як нишасти хабарии бузурги солона дар бораи амалиёти вижаи низомӣ изҳор дошт, ки “Русия пирӯз мешавад” ва сулҳ он замоне барқарор мешавад, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.