Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Украина барои баргардонидани ҳудуди аздастдода шонси кам дорад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкРабота мобильной группы быстрого реагирования в зоне СВО
Работа мобильной группы быстрого реагирования в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2023
Обуна шудан
Расонаи амрикоӣ навиштааст, ки давлати Украина умуман дигар имкон надорад минтақаҳои аздастдодаашро ба ҳудуди худ баргардонад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Киев шонси гирифтани ягон минтақаи аздастдодаашро надорад, аз ин рӯ, Украина барои ворид шудан ба музокира бо Маскав дар соли 2025 танҳо метавонад бо паҳподу мушакҳо ин кишварро таҳдид кунад, навиштааст рӯзномаи “New York Times”.
Ба навиштаи рӯзнома, Украина бояд муддати тӯлонӣ мунтазир шавад, то кумаки Ғарб барои мубориза бо артиши бузурги Русия, ки аз пуштибонии саноати хеле пешрафтатар аст, идома диҳад. Аммо ин кумаки Ғарб ҳоло зери суол аст.
Бархеҳо аз доираҳои низомии Амрико ҳоло ба Киев тавсия медиҳанд, ки стратегияи “Нигоҳ дору қадрат бигир” -ро риоя кунад, то минтақаҳоро нигоҳ доранд ва қобилияти тавлиди аслиҳаи худро дар соли 2024 афзоиш диҳанд.
"Бо дарназардошти он, ки ҳамалоти Украина ҳоло мутаваққиф шудааст ва имкони пешрафт дар рӯи замин кам аст. Ҳадаф эҷод кардани таҳдиди тавассути паҳподҳо ва мушакҳои дурбурд аст, то охири соли оянда бо Русия пушти мизи музокира биншинанд”, - менависад рӯзнома.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании коллегии Минобороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Русия аз аҳдофаш дар амалиёти вижа даст намекашад
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни як нишасти хабарии бузурги солона дар бораи амалиёти вижаи низомӣ изҳор дошт, ки “Русия пирӯз мешавад” ва сулҳ он замоне барқарор мешавад, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.
Ба гуфтаи ӯ, Киев мардуми худро ба несту нобуд кардан тела медиҳад ва худи низомиёни украинӣ мегӯянд, ки ин роҳ ба як тараф аст.
“Ғарб ба Украина ҳама чизеро, ки ваъда дода буд, дод, ҳатто бештар аз он, аммо мо аз оғози “ҳамлаи ҷавобӣ”-и Киев аллакай 747 танк ва 2,3 ҳазор мошини зиреҳпӯшро нобуд кардем”, - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки Киев пул талаб мекунад, барои ин кушиш мекунад, ки "муваффақиятҳо"-ро нишон дихад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки ИМА медонад, ки Украина наметавонад дар ҷанг бо Русия пирӯз шавад.
Лентаи хабарҳо
0