https://sputnik.tj/20231223/rasonaho-zelenskiy-putin-muzokira-1061034630.html
Расонаҳо: Зеленский ба зудӣ аз Путин хоҳиш мекунад, ки музокира кунад
Расонаҳо: Зеленский ба зудӣ аз Путин хоҳиш мекунад, ки музокира кунад
Sputnik Тоҷикистон
Расонаи чинӣ менависад, ки ба кишвардори Русия танҳо лозим аст интизор шавад, то кай ҳамтои украинии ӯ барои барқарор гардидани сулҳ ба зорӣ медарояд
2023-12-23T16:31+0500
2023-12-23T16:31+0500
2023-12-23T16:31+0500
дар ҷаҳон
чин
русия
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051711650_0:0:2961:1666_1920x0_80_0_0_4469a9048be4a2b126f8fb1fd66b7c57.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ худаш аз кишвардори Русия Владимир Путин хоҳиш хоҳад кард, ки ба музокироти сулҳ ворид шавад, менависад нашрияи Чин Sohu. Тавре муаллифи мавод қайд мекунад, Иёлоти Муттаҳида метавонад бо сабаби муноқишаи тӯлонӣ бо Русия ва идомаи ҷанг дар Исроил Украинаро тарк кунад. Инро суханони Сергей Лавров, раиси Вазорати умури хориҷии Русиятасдиқ мекунад, ки бархе аз кишварҳои ғарбӣ бештар дар бораи музокироти сулҳ бо Русия фикр мекунанд.Ӯ дар хотима қайд намуд, ки барои кишвардори Русия лозим аст, то интизор шавад, ки "кай душман ба сулҳталабӣ оғоз мекунад".Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни як нишасти хабарии бузурги солона дар бораи амалиёти вижаи низомӣ изҳор дошт, ки “Русия пирӯз мешавад” ва сулҳ он замоне барқарор мешавад, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.Ба гуфтаи ӯ, Киев мардуми худро ба несту нобуд кардан тела медиҳад ва худи низомиёни украинӣ мегӯянд, ки ин роҳ ба як тараф аст.“Ғарб ба Украина ҳама чизеро, ки ваъда дода буд, дод, ҳатто бештар аз он, аммо мо аз оғози “ҳамлаи ҷавобӣ”-и Киев аллакай 747 танк ва 2,3 ҳазор мошини зиреҳпӯшро нобуд кардем”, - гуфт Путин.Вай афзуд, ки Киев пул талаб мекунад, барои ин кушиш мекунад, ки "муваффақиятҳо"-ро нишон дихад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки ИМА медонад, ки Украина наметавонад дар ҷанг бо Русия пирӯз шавад.
https://sputnik.tj/20231219/putin-rusiya-ahdof-amaliyoti-vizha-1060986679.html
чин
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051711650_0:0:2581:1936_1920x0_80_0_0_b267ed76a2b0a53e2cfe7a727ebf970a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский путин музокира расонаҳо чин
зеленский путин музокира расонаҳо чин
Расонаҳо: Зеленский ба зудӣ аз Путин хоҳиш мекунад, ки музокира кунад
Расонаи чинӣ менависад, ки ба кишвардори Русия танҳо лозим аст интизор шавад, то кай ҳамтои украинии ӯ барои барқарор гардидани сулҳ ба зорӣ медарояд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ худаш аз кишвардори Русия Владимир Путин хоҳиш хоҳад кард, ки ба музокироти сулҳ ворид шавад, менависад нашрияи Чин Sohu.
Тавре муаллифи мавод қайд мекунад, Иёлоти Муттаҳида метавонад бо сабаби муноқишаи тӯлонӣ бо Русия ва идомаи ҷанг дар Исроил Украинаро тарк кунад.
Инро суханони Сергей Лавров, раиси Вазорати умури хориҷии Русиятасдиқ мекунад, ки бархе аз кишварҳои ғарбӣ бештар дар бораи музокироти сулҳ бо Русия фикр мекунанд.
"Ин мисли тир аз пушти Зеленский аст, аслиҳа воқеан дар дасти иттифоқчиён аст ва эҳтимолан аз ҳама наздиктарин - Иёлоти Муттаҳида. Ман метарсам, ки Путин аз ин хабар гирифта, бо овози баланд хандад", - навиштааст муаллифи мавод.
Ӯ дар хотима қайд намуд, ки барои кишвардори Русия лозим аст, то интизор шавад, ки "кай душман ба сулҳталабӣ оғоз мекунад".
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни як нишасти хабарии бузурги солона дар бораи амалиёти вижаи низомӣ изҳор дошт, ки “Русия пирӯз мешавад” ва сулҳ он замоне барқарор мешавад, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.
Ба гуфтаи ӯ, Киев мардуми худро ба несту нобуд кардан тела медиҳад ва худи низомиёни украинӣ мегӯянд, ки ин роҳ ба як тараф аст.
“Ғарб ба Украина ҳама чизеро, ки ваъда дода буд, дод, ҳатто бештар аз он, аммо мо аз оғози “ҳамлаи ҷавобӣ”-и Киев аллакай 747 танк ва 2,3 ҳазор мошини зиреҳпӯшро нобуд кардем”, - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки Киев пул талаб мекунад, барои ин кушиш мекунад, ки "муваффақиятҳо"-ро нишон дихад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки ИМА медонад, ки Украина наметавонад дар ҷанг бо Русия пирӯз шавад.