Доми исроилӣ барои ИМА

© AFP 2023 / JACK GUEZИзраильская военная техника на границе с сектором Газа
Израильская военная техника на границе с сектором Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Обуна шудан
Фарорасии ҳарчи тезтари сулҳро интизор набояд шуд. Даври нави муноқишаи мусаллаҳонаи Фаластин ва Исроил ба иҷро нашудани қатъномаи кӯҳнаи СММ алоқаманд аст.
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муқовимати дуру дароз бо мамлакатҳои араб маҳкум аст. Аз нуқтаи назари геополитикии ҷаҳонӣ, артиши Исроил як сохтори боэътимоди мусаллаҳи Вашингтон аст, ки аслан барои ҳифзи манфиатҳои Амрико дар Ховари Миёна таъсис ёфтааст. Ва ин ҳам бар хилофи ирода ва манфиатхои миллии Миср, Сурия, Арабистони Саудӣ, Лубнон, Ироқ, Яман ва дигар давлатҳои минтақа. Аз ин ҷост, ки айнан аз рӯзи таъсис ёфтани давлати Исроил даҳсолаҳои ноустуворӣ ва ҷангҳои доимии арабу Исроил оғоз ёфтанд.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи 31 октябр аз оғози марҳилаи саввуми ҷанг алайҳи Ҷунбиши муқовимати исломӣ (ҲАМОС) ва тавсеаи амалиёти заминӣ дар навори Ғазза хабар дод. Марҳилаи якум, муҳосираи минтақа анҷомшуда ҳисобида мешавад. Дуюм - ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ идома дорад.
Нерӯҳои дифои Исроил (САХАЛ) амалиёти низомии худро дар навори Ғазза тавсеа медиҳанд, нерӯҳои заминӣ дар ду самт дар атрофи шаҳри Ғазза ҳаракат доранд ва тонкҳо бо оташашон иртиботи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Салоҳиддинро бастаанд. САХАЛ саъй дорад, ки шаҳри асосии Ғаззаро муҳосира кунад ва ҷангиёни Ҳамосро ҳамроҳ бо шабакаи бузурги нақбҳои ин шаҳр нобуд созад.
Президент США Джо Байден. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Шӯрои мусалмонони Амрико ба Байден дар мавриди Ғазза ултиматум гузошт
Таёраҳои қувваҳои ҳарбии Исроил дар давоми 24 соати охир қариб ба 600 иншоот, аз он ҷумла иншоотҳо дар қаламрави Лубнон ва Сурияро бомбборон карданд. Соҳили ғарбии аз тарафи Исроил ишғолшуда низ зери хучумхои хавоии Исроил қарор дошт.
Аз сӯйи дигар, ҲАМОС аз задухӯрдҳо бо артиши Исроил дар шимолу ғарби Ғазза хабар дод. Ҳуҷумҳои мушакӣ ба қаламрави Исроил давом дорад. Ҳизби сиёсӣ-низомии Лубнон “Ҳизбуллоҳ” аз мушакборон кардани шаҳри Наҳарияи Исроил бо 16 ракета хабар дод.
Дар навори Ғазза давоми се хафтаи даргириҳо беш аз 8000 нафар кушта шудааст, ки нисфи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар Исроил зиёда аз 1400 нафар кушта шудаст. Такрибан 200 нафар исроилӣ дар асорати ҷунбиши фаластинии ҲАМОС қарор доранд.
Микёси фалокати башардустонаро дар минтақа арзебӣ кардан хеле душвор аст. Ду миллион гайринизомӣ, ки дар Ғазза дармондаанд, аз дору, об ва ғизо сахт танқисӣ мекашанд.
Вашингтон бори дигар дар доми "истиснопарастии" худ дармонда, гӯё мекӯшад " шиддати минтақавӣ пешгирӣ мекунад" ва ҳамзамон иқтидори низомии артиши Исроилро бо аслиқаю туфанги Пентагон, ки дар ҷанги Украина бе ин ҳам коҳиш ёфтааст, афзоиш медиҳад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Путин роҳи ҳалли низоъи Фаластину Исроилро гуфт
Сулҳ дар фурсати зудтаринро интизор шудан набояд. Даври нави муноқишаи мусаллаҳонаи Фаластин ва Исроил ба иҷро нашудани қатъномаи кӯҳнаи 181 (аз 29 ноябри соли 1947) дар бораи тақсими Фаластин ба ду давлати мустақил - арабҳо ва яҳудӣ алоқаманд аст.
Фурӯпошии афсонаҳо ва обрӯҳо
Дар тӯли даҳсолаҳо бо заҳмати зиёди самти иктишофӣ, амалиёти махфӣ бо фанновариҳои баланд алайҳи гурӯҳҳои муқовимати Фаластин, нерӯҳои амниятии Исроил чун нерӯҳои қудратманд ва мағлубнашаванда обрӯ пайдо карданд.
Сарвазир Нетаняҳу ҳамватанони худ ва Вашингтонро мутмаин сохт, ки фаластиниҳо як мушкили дуввумдараҷа ҳастанд ва музокироти сулҳ дар бораи таъсиси давлати Фаластин ба ҳеҷ ваҷҳ лозим нест.
Бозгашт ба воқеият ниҳоят дардовар ва хунин гардид. Субҳи 7 октябр Исроил мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа аз навори Ғазза қарор гирифт.
Баъдан ҷанговарони ҲАМОС ба манотиқи марзӣ дар ҷануби давлати яҳудӣ ворид шуданд ва дар тӯли чанд соат чанд иншооти низомӣ ва садҳо маҳбусро тасарруф намуда, беш аз ҳазор исроилиро куштанд. Шикасти системаҳои баландтехнологии амниятии Исроил афсонаи “истиснопарастии” амрикоиро барбод медиҳад.
Бино ба хабари агентии Ассошиэйтед Пресс, сардорони разведкаҳои ҳарбӣ ва идораҳои амнияти дохилии Исроил нокомии худро эътироф карданд. Пас аз ба охир расидани ҷанг, "вақте ғубори ҷанг фурӯ мешинад", ин сардорон ба истеъфо ва аз кор озод карда мешаванд.
Обстрел сектора Газа со стороны Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Ҳамос: Русия метавонад дар хатми ҷанг дар Ғазза нақши муҳим бозад
Нерӯҳои дифои Исроил бо таъхир амалиёти “Шамшерҳои оҳанин”- ро оғоз карданд ва вазири дифоъ Ёав Галант бо тантана эълом кард: "Мо пирӯз хоҳем шуд, зеро илоҷи дигар нест. Ё мо мемонем, ё ҲАМОС."
Сарвазир Нетаняҳу ҳушдор дод: -"Ҷанг дар дохили Ғазза тӯлонӣ хоҳад буд." Вашингтон шикасти стратегии сиёсати "идоракунии низоъ"-и худро дар Шарқи Наздик дарк карданӣ аст, ки он ба ишғоли беохири ҳарбии қаламрави бегона аз тарафи Исроил мусоидат мекард.
Президенти Амрико Ҷо Байден эълон кард: "Вақте ки ин бӯҳрон ба охир мерасад, мо бояд тасаввуроте дошта бошем, ки оянда чӣ мешавад." Аммо Вашингтон намедонад, ки минбаъд чӣ кор кунад, ғайр аз он, ки ба Исроил ба маблаги 14,3 миллиард доллар яроку аслиха ва лавозимоти харбӣ пешниҳод кунад.
Бо интиқоли аслиҳаи амрикоӣ ва ҳамлаҳои Исроил, Туркия ва Иёлоти Муттаҳида ба ҲАМОС ва тарафдорони ин ҷунбиш дар Сурия ва Лубнон, ташкили як маъракаи низомии "ҷарроҳӣ" ва баргардонидани сулҳи минтақавии баҳори соли 1949 қариб ғайриимкон аст.
Мо шоҳиди оғози муқовимати нави арабу Исроил мебошем, ки иштироки "неки" Иёлоти Муттахида онро дарозтар, беҳрамтар ва харобиовартар мегардонад. Исроил дар давоми се ҳафта беш аз 300 000 нафар захирачиёнро даъват карда, давоми се ҳафта ҳазорон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Айман Сафадӣ, вазири умури хориҷии Урдун, мустақиман Исроилро дар оғози ҷанги заминӣ дар Ғазза муттаҳам кард.
Пентагон тамоми захираҳои мавҷударо барои мубориза бо ҲАМОС сарф мекунад, аммо миқдори снарядҳои 155 мм ва сифати системаи дифои ҳавоии “Patriot” кофӣ нест. Дастгирии афзалиятноки Исроил осебпазирии ҳарбӣ-технологии ИМА-ро нишон медиҳад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Мушт мефишораду ашк дар чашмон ҳалқа мезанад: Путин аз куштори кӯдакон дар Ғазза гуфт
Ба гуфтаи Пентагон, аз 17 то 30 октябр ба пойгоҳҳои низомии Амрико 14 бор дар Ироқ ва 9 бор дар Сурия тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо ҳамла гардид.
Ҳукумати Амрико Эронро нерӯи аслии тавоно ҳисоб мекунад, ки гурӯҳи ҷангии ҲАМОС ва гурӯҳҳои дигарро, ки ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа ҳамла кардаанд, дастгирӣ мекунад.
Гӯё Эрон як шабакаи таҳдидҳое эҷод мекунад, ки фазои баҳрӣ, ҳавоӣ ва хушкиро фаро гирифта, “шахсони боэътимод”-ро бо силоҳ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин мекунад. Ҳузури низомии Амрико дар Сурия ғайриқонунӣ аст ва дар Ироқ амрикоиҳо меҳмонони нохонда ҳастанд, аммо Вашингтон Эронро як таҳдид медонад.
Якҷоя бо артиши Исроил, Пентагон хатари ворид шудан ба муноқишаи мустақими низомӣ бо Теҳронро дорад ва он гоҳ дигар кишварҳои ҷаҳони араб низ ба он ҳамроҳ мешаванд. Баъзан таърих такрор мешавад.
Палестинцы ищут выживших в здании, разрушенном в результате израильской бомбардировки в Хан-Юнисе, сектор Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Аз қонунҳои ҷанг фаромӯш кардаед? Ба ёдатон меоранд
Хотиррасон мекунам, ки 14 маи соли 1948 дар Фаластин ташкил ёфтани давлати Исроил эълон карда шуд. Рӯзи дигар, ҳафт кишвари арабӣ - Миср, Сурия, Лубнон, Трансиордания, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Яман - ҷанги якуми арабу Исроилро оғоз карданд.
Дар тӯли даҳсолаҳои охир давлати арабии Фаластин таъсис дода нашуд. Ихтилофоти Фаластину Исроил бо иштироки фаъолонаи харбию сиёсии ИМА манбаи шиддат ва чанг дар ин минтака боқӣ мемонад.
Идеяи олиҷаноби миёнаҳои асри гузашта, - дар сарзамини муқаддас барои мардуми яҳудиёни азиятдида бунёд кардани “ҷазираи амният ва шукуфоӣ”, ба ҷангҳои шадиди ҳафтодсолаи доимӣ, нест кардани аҳолии араб ва забт кардани қаламрави бегона мубаддал гардид.
Дар ҳақиқат ҳамаи ин ба манфиатҳои ИМА ва бо пули Америка. Аммо дуньё тагьир меёбад, муқовимат ба "гегемония"-и худэълоншуда ногузир аст. Кушунҳои ташкилкардаи Вашингтон дар минтақаҳои мухталифи сайёра мувочеъ ба бохт мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0