Шӯрои мусалмонони Амрико ба Байден дар мавриди Ғазза ултиматум гузошт

© AP / Susan WalshПрезидент США Джо Байден. Архивное фото
Президент США Джо Байден. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Обуна шудан
Шӯрои мусалмонони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талаб намудаанд, ки Байден бояд тамоми нуфузи худ ба Исроилро барои таъмини оташбас дар навори Ғазза истифода кунад
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Шӯрои миллии демократии мусалмонони ИМА ба Ҷо Байден ултиматум гузошта, талаб кард, ки оташбас дар навори Ғазза эълон шавад, хабар медиҳад "РИА Новости" бо такя ба расонаҳои ғарбӣ.
"Шӯрои миллии демократии Мусулмон <...> аз Байден даъват кард, ки нуфузи худ ба Исроилро барои таъмини оташбас то соати 17:00 ба вақти шарқӣ истифода барад", - менависанд нашрияҳо.
Агар ин талабҳо иҷро нашаванд, муаллифони ултиматум ҳушдор додаанд, ки Байден дар интихоботи соли 2024 аз пуштибонии шумори зиёди раъйдиҳандагони мусулмон ва араб маҳрум хоҳад шуд.
"Дастгирии бечунучарои маъмурияти шумо, аз ҷумла маблағгузорӣ ва аслиҳа, дар идомаи хушунатҳо, ки боиси талафоти ғайринизомӣ шудааст ба пойдорсозии хушунат бунёд гузошта, эътимоди интихобкунандагонро коста кардааст", - гуфта мешавад дар изҳороти Шӯро.
Як рӯз пеш генерали бригадаи исроилӣ Даниел Ҳогарӣ гуфт, ки артиши Исроил амалиёти заминии худро дар навори Ғазза идома медиҳад ва дар он ҷо нерӯҳои изофӣ ворид мекунад. Худи ҳамон рӯз дафтари матбуоти нирӯҳои мусаллаҳи давлати яҳудӣ хабар дод, ки нирӯҳои дифои Исроил дар умқи ин анклав бо Ҳамос дар набардҳои шадид қарор доранд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Мушт мефишораду ашк дар чашмон ҳалқа мезанад: Путин аз куштори кӯдакон дар Ғазза гуфт
Муноқишаи Фаластин ва Исроил бо манфиатҳои ҳудудии тарафҳо алоқаманд буда, даҳсолаҳои зиёд дар Шарқи Наздик манбаи шиддат ва даргириҳо буд.
Қарори СММ бо нақши фаъоли СССР дар соли 1947 таъсиси ду давлат - Фаластин ва Исроилро муайян кард, аммо танҳо охирин таъсис дода шуд.
Даври нави муқовимат пас аз он оғоз шуд, ки Исроил субҳи 7 октябри соли ҷорӣ ба ҳамлаи мушакии бесобиқа аз навори Ғазза дучор шуд. Баъди тирпарронии густарда ҷангҷӯёни Ҳамос ба манотиқи марзӣ дар ҷануби давлати яҳудӣ ворид шуда, дар он ҷо ба сӯи низомиён ва ғайринизомиён оташ кушоданд ва инчунин гаравгон гирифтанд.
Дар давоми чанд рӯзи ҳамла артиши исроилӣ тамоми манотиқи аҳолинишини наздикии марзро таҳти назорат гирифт ва ба ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи ҳадафҳо, аз ҷумла мардуми осоишта дар ин анклав шурӯъ кард.
Теъдоди қурбониёни навори Ғазза аз 8,5 ҳазор нафар гузашт, беш аз 21 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар Исроил зиёда аз 1,4 хазор кас халок шуд.
Лентаи хабарҳо
0