https://sputnik.tj/20231031/putin-roh-hal-nizo-khovar-miyona-guft-1060241374.html
Путин роҳи ҳалли низоъи Фаластину Исроилро гуфт
Путин роҳи ҳалли низоъи Фаластину Исроилро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия роҳи ҳалли низоъи Фаластину Исроилро нишод дод ва дар айни замон гуфт, ки ин ИМА аст, ки дар минтақа бесуботиро мехоҳад
2023-10-31T10:55+0500
2023-10-31T10:55+0500
2023-10-31T10:55+0500
владимир путин
сиёсат
русия
дар ҷаҳон
фаластин
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0f/1059963802_0:150:3109:1898_1920x0_80_0_0_8968e5410118ad5fb021a6283a895f10.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Калиди ҳалли мушкили Ховари Миёна таъсиси давлати комилҳуқуқи Фаластин аст.Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни як ҷаласа оид ба бетартибиҳои ахир дар Доғистон ва вазъи Ховари Миёна гуфт.Ба гуфтаи вай, мавқеъи Маскав дар Ховари Миёна ҳеҷ гоҳ манфиати шахсӣ надоштааст. Вай қайд кард, ки ҷониби Русия дар бораи назароти худ ошкоро мегӯяд ва онҳо сол то сол тағйир намеёбанд. Вай афзуд, ки равишҳои Федератсияи Русия барои ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна "ҳеҷ гоҳ манфиатҳои шахсӣ, фитна ва ё духӯра набуданд".Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида аст, ки ба бесарусомонии доимӣ дар Ховари Миёна ниёз дорад, бинобар ин онҳо онҳоеро, ки омодаанд хунрезиро қатъ кунанд, бадном мекунанд."Ҳатто СММ, мавқеъи возеҳ баёншудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди ҳамлаҳо, таъқиби воқеӣ ва кӯшишҳои бадном кардани он қарор дорад", - гуфт Путин. Қаблан Путин гуфта буд, ки сиёсати Амрико дар Ховари Миёна ноком шудааст. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида аз санадҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ дар минтақа дур шудааст.
https://sputnik.tj/20231030/ghazza-beshtar-jahon-kudakon-kushta-1060217754.html
русия
фаластин
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0f/1059963802_189:0:2918:2047_1920x0_80_0_0_87c06fb395e033040222a4734c354ab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин роҳ ҳалл низоъ фаластин исроил
путин роҳ ҳалл низоъ фаластин исроил
Путин роҳи ҳалли низоъи Фаластину Исроилро гуфт
Раисҷумҳури Русия роҳи ҳалли низоъи Фаластину Исроилро нишод дод ва дар айни замон гуфт, ки ин ИМА аст, ки дар минтақа бесуботиро мехоҳад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Калиди ҳалли мушкили Ховари Миёна таъсиси давлати комилҳуқуқи Фаластин аст.
Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни як ҷаласа оид ба бетартибиҳои ахир дар Доғистон ва вазъи Ховари Миёна гуфт.
Ба гуфтаи вай, мавқеъи Маскав дар Ховари Миёна ҳеҷ гоҳ манфиати шахсӣ надоштааст.
Вай қайд кард, ки ҷониби Русия дар бораи назароти худ ошкоро мегӯяд ва онҳо сол то сол тағйир намеёбанд.
"Калиди ҳалли низоъ таъсиси давлати соҳибихтиёри мустақили Фаластин, давлати комилҳуқуқи Фаластин аст", - гуфт сиёсатмадор бораи сирри муваффақияти ҳалли низоъ.
Вай афзуд, ки равишҳои Федератсияи Русия барои ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна "ҳеҷ гоҳ манфиатҳои шахсӣ, фитна ва ё духӯра набуданд".
Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида аст, ки ба бесарусомонии доимӣ дар Ховари Миёна ниёз дорад, бинобар ин онҳо онҳоеро, ки омодаанд хунрезиро қатъ кунанд, бадном мекунанд.
"Ҳатто СММ, мавқеъи возеҳ баёншудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди ҳамлаҳо, таъқиби воқеӣ ва кӯшишҳои бадном кардани он қарор дорад", - гуфт Путин.
Қаблан Путин гуфта буд, ки сиёсати Амрико дар Ховари Миёна ноком шудааст. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида аз санадҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ дар минтақа дур шудааст.