Мушт мефишораду ашк дар чашмон ҳалқа мезанад: Путин аз куштори кӯдакон дар Ғазза гуфт

© Sputnik / Гавриил Григоров / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи кишвардори Русия бояд дақиқ дарк кард, ки дар хақиқат кӣ паси фоҷиаи халқҳои Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои ҷаҳон асту бесарусомониҳо мекунад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар шарҳи муноқишаи Фаластину Исроил гуфт, вақте ки ба кӯдакони фавтида, марги табибон ва ранҷу азоби пиронсолон менигаред, муштҳо мепечад, аммо ба эҳсос дода шудан қобили қабул нест.
Дар ин бора ӯ дар ҷаласаи марбут ба вазъи Ҷумҳурии Доғистон ва Ховари Миёна изҳор дошт.

"Вақте ба кӯдакони хунолуд, кӯдакони фавтида, зану пиронсолон, ки чӣ гуна азоб мекашанд, табибон чӣ хел мемиранд, менигарӣ, албатта мушт мефишориву ашк дар чашмонат ҳалқа мезанад, дигар хел гуфтан мумкин нест. Аммо мо набояд ва ҳақ надорем ва наметавонем, ки эҳсосот моро ҳидоят кунад", - гуфт ӯ.

Президент гуфт, "дақиқ фаҳмидан лозим аст, ки дар хақиқат дар паси фоҷиаи халқҳои Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои ҷаҳон кист, бесарусомонии марговарро кӣ ташкил мекунад ва аз он кӣ нафъ мебарад".
Тайи се ҳафтаи даргириҳо дар навори Ғазза нисбат ба даргириҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон аз соли 2019 бештар кӯдакон кушта шудаанд.
Дар ин бора созмони байналмилалии хайрияи Save the Children хабар медиҳад.
Дети в секторе Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Дар Ғазза бештар аз тамоми ҷаҳон кӯдакон кушта шуданд - Save the Children
Ба гуфтаи ин созмон, тайи 17 рӯзи ахир дар навори Ғазза дастикам ду ҳазор ва дар соҳили Ғарб 27 кӯдак ба ҳалокат расидаанд, аммо ин оморҳо соат ба соат меафзояд
"Теъдоди кӯдаконе, ки дар тӯли ҳамагӣ се ҳафта дар навори Ғазза кушта шудаанд, аз шумори кӯдаконе, ки дар даргириҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон, дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон дар як соли тамом аз соли 2019 ба ҳалокат расидаанд, бештар аст", — гуфта мешавад дар изҳорот дар вебсайти ин созмон.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Фаластин гуфт, ки дар умум теъдоди фавтидагон дар навори Ғазза ба 10 ҳазор нафар мерасад.
Субҳи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд. То ҳол шиддати даргириҳо аз ҳарду ҷониб ҳазорҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштааст.
Обстрел сектора Газа со стороны Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Ҳамос: Русия метавонад дар хатми ҷанг дар Ғазза нақши муҳим бозад
Муноқишаи Фаластин ва Исроил даҳсолаҳо собиқа дошта, асосан дар заминаи қаламрав сар мезанад.
СММ бо нақши фаъоли Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1947 барои таъсиси ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор карда буд, аммо танҳо давлати Исроил таъсис дода шуд.
Исроил дар баробари эълон кардани созиш бо меъёри дудавлатии муайянкардаи СММ, қаламрави Фаластинро пурра озод накарда истодааст. Маскав татбиқи низоми дудавлатиро яке аз омилҳои таъмини амният дар минтақа медонад.
Лентаи хабарҳо
0