https://sputnik.tj/20230630/hafta-justuju-muovin-rais-oriyonbonk-natija-chist-1058004768.html
Як ҳафтаи ҷустуҷӯи ноиби рабудашудаи раиси "Ориёнбонк": Натиҷа чист?
Як ҳафтаи ҷустуҷӯи ноиби рабудашудаи раиси "Ориёнбонк": Натиҷа чист?
Sputnik Тоҷикистон
Барои пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" як гуруҳи махсуси фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъолият дорад
2023-06-30T15:55+0500
2023-06-30T15:55+0500
2023-06-30T15:55+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
бонк
раис
рабудан
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833362_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8aeb19f2a7d30f57f5987d6d0c4287e1.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бо гузашти як ҳафта аз рабуда шудани муовини раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Раҳматуллоев ҳанӯз хабаре аз маҳалли ҳузури ӯ ба даст наомадааст.Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, барои пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" як гуруҳи махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯии ин ниҳод фаъолият дорад.Рабуда шудани муовини Ҳасан Асадаллозода, раиси "Ориёнбонк" ва аз наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон, як ҳодисаи фавқулодда аст, ки тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад.Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" рӯзи 23-юми июни соли равон, тахминан соати 20.10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст. Бино ба ин манбаъ, ӯро 4 шахси ношинос бо зӯрӣ ба як мошини тамғаи "Хюндай-Соната"-и сиёҳу сиёҳшиша савор карда, аз масири хиёбони Рӯдакӣ - Майдони Сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ва бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб ва Чағатай бурда, пас аз он ғайб задаанд.Вобаста ба ин қазия вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз рӯи моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "одамрабоӣ" парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, расман аз сокинони кишвар хост, ки ба пайдо намудани муовини раиси “Ориёнбонк” мусоидат кунанд. Мақомоти Тоҷикистон барои барои маълумоте, ки мӯҷиби пайдо кардани Шуҳрат Исматуллоев мешавад, 30 ҳазор доллар низ мукофот эълон намуданд.
https://sputnik.tj/20230627/peshnihod-vkd-onhoe-maqomdor-oriyonbonk-rabudand-1057935747.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833362_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_352cce7ed4aeb9b26e0a0f831102d2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷустуҷӯ, натиҷа, ориёнбонк, рабудашуда
ҷустуҷӯ, натиҷа, ориёнбонк, рабудашуда
Як ҳафтаи ҷустуҷӯи ноиби рабудашудаи раиси "Ориёнбонк": Натиҷа чист?
Эксклюзив
Барои пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" як гуруҳи махсуси фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бо гузашти як ҳафта аз рабуда шудани муовини раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Раҳматуллоев ҳанӯз хабаре аз маҳалли ҳузури ӯ ба даст наомадааст.
Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, барои пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" як гуруҳи махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯии ин ниҳод фаъолият дорад.
"Дар ҳоли ҳозир, натиҷае дар даст нест ва ҳанӯз сари нах ба даст наомадааст. Ҷустустуҷӯ башиддат идома дорад", - гуфт ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.
Рабуда шудани муовини Ҳасан Асадаллозода, раиси "Ориёнбонк" ва аз наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон, як ҳодисаи фавқулодда аст, ки тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" рӯзи 23-юми июни соли равон, тахминан соати 20.10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.
Бино ба ин манбаъ, ӯро 4 шахси ношинос бо зӯрӣ ба як мошини тамғаи "Хюндай-Соната"-и сиёҳу сиёҳшиша савор карда, аз масири хиёбони Рӯдакӣ - Майдони Сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ва бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб ва Чағатай бурда, пас аз он ғайб задаанд.
Вобаста ба ин қазия вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз рӯи моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "одамрабоӣ" парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, расман аз сокинони кишвар хост, ки ба пайдо намудани муовини раиси “Ориёнбонк” мусоидат кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон барои барои маълумоте, ки мӯҷиби пайдо кардани Шуҳрат Исматуллоев мешавад, 30 ҳазор доллар низ мукофот эълон намуданд.