Пешниҳоди ВКД барои онҳое, ки мақомдори "Ориёнбонк"-ро рабуданд

© SputnikАвтомобиль милиции, архивное фото
Автомобиль милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Обуна шудан
Худрави афроди таҳти ҷустуҷӯ аз ҷойи ҳодиса ба маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатайро гузашта, ғайб задааст
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба афроде, ки Исматуллоев Шӯҳрат Абдуғафорович - муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк"-ро рабуданд, муроҷиат кардааст.
Ин ниҳод дар иттилоияе аз ин афррод хостааст, ки агар ихтиёран Исматуллоевро раҳо кунанд гуноҳашон сабуктар мешавад.
"Нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ ... даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои мақомоти интизомӣ, рӯзи 23 июн, тахминан соати 20:10 Исматуллоевро аз кӯчаи Закариёи Розӣ дар маҳаллаи Исмоили Сомонӣ рабудаанд.
Дар бораи як гурӯҳи ҷиноии иборат аз 4 нафар, ки ӯро иҷборан ба мошини сиёҳпӯсти Hyundai Sonata тела додаанд, хабар дода мешавад.
Милиционеры на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
ВКД тасдиқ карду мукофот эълон кард: Муовини раиси "Ориёнбонк"-ро дуздиданд
Гуфта мешавад, худрави ин афрод аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ - Майдони сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб ва Чағатай гузашта, ғайб задааст.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Вазорати корҳои дохилӣ барои кӯмак дар ифшои ҷиноят 30 000 доллар мукофот ваъда кардааст.
Лентаи хабарҳо
0