Боғшаҳр ё худ тимсоли мӯрчахона: тарафҳои манфӣ ва мусбати меъмории Душанбеи муосир

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Бӯҳрони меъморӣ дар бунёди манзилҳо дар Душанбе ба таври возеҳ мушоҳида мешавад, аммо бо паҳноии ҳудудҳои ҷамъиятӣ ва ободонии шаҳр ҷуброн мегардад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik, Мунавар Мамадназаров. Мо нақламонро дар бораи меъмории Тоҷикистони муосир дар мисоли Душанбе идома медиҳем.
Дафъаи гузашта мо дар бораи биноҳои асосии ҷамъиятӣ ва ҳукуматӣ нақл карда будем, ин дафъа бошад аз ҳудудҳо, боғҳои истироҳатӣ, масҷидҳо ва аз самти аз ҳама баҳсноки рушди пойтахт – бунёди манзилҳои истиқоматӣ хоҳем гуфт.

Назари нав ба анъанаҳои куҳан

Падидаи алоҳидае дар ҳаёти меъмории Тоҷикистон қасри азим, меҳмонсаро ва дар як вақт – маҷмааи дилхушии “Кохи Наврӯз” гашт. Ҳарчанд аз берун аз ҳад зиёд тираву калонҳаҷм аст, аммо аз дохил бошад бо андозаи ороиш, кандакорӣ, гаҷкорӣ, тиллокорӣ, оинабандӣ ва нақшу нигор бинандаро тасхир месозад.
Чунин ғанӣ будан аз ороиш ба меҳмонони беруна зебу зиннати иншооту қасрҳои замони Темуриён ва ё Қасри Амири Бухороро ба хотир меорад (матлуб аст ба чашми бинанда ҳатто аз онҳо ҳам волотар намояд). Ба ин бино муносибат якгуна нест.
Баъзе аз шаҳриён онро шоҳкории ҳамаи халқу замон меҳисобанд – аққалан дар таърихи Тоҷикистони муосир. Аммо аз нуқтаи назари шаҳрсозии касбӣ ин иншооти аз ҳад зиёд калон ва сарбории зиёд аз ҷузъиётҳо дошта – худ намунаи хеле гаронарзиши дабдабаву ихтилот аст.
Рабочие на строительстве жилого комплекса Бригантина в Долгопрудном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Нақшаи табдили Ҳисор ба шаҳри биноҳои осмонбӯс
Намунаҳои бобарортари истифодаи усулҳои анъанавиро мо дар масҷиди асосии ба қарибӣ ифтитоҳ гардидаи кишвар мебинем, ки ҳарчанд бо пули кишвари Қатар сохта шудааст, дар шакли барои меъмории форсӣ - анъанавии қасрӣ - пешайвонӣ бо пештоқу кунгураи асосӣ сохта шудааст, ки аз кунҷҳои он манораҳои 75-метра қомат афрохтаанд.
Қисми берунии бино бо cангҳои равшан оро дода шудааст, ки дар зовияи онҳо ороиши нафиси панҷараҳо ва панноҳои кошинкорикардашуда, ки бо маҳорати баланд аз ҷониби устоҳои ирониву тоҷику туркман иҷро карда шудаанд, чун тазоде қабул карда мешаванд.
Дар умум, тарҳи бино саршор аз илҳоми шаҳомати асримиёнагии биноҳои Самарқанду Бухорои асрҳои XII-XVII буда, аз ҷониби дигар нафаси қасрҳои афсонамонанди замони шукуфоии Халифати Бағдод дар Арабистонро дорад.
Бинобар ин, муаллифон қарор доданд, ки намои берунии иморатро на бо хишт, балки, чун анъанаҳои дар масҷидсозӣ доштаи арабҳо, бо тахтасангҳои ранги равшан дошта оро диҳанд.
Дигар иншооти аз ҷиҳати меъморӣ маваффақи Душанбе аз ҷиҳати шаҳрсоҳӣ, аз рӯи инсоф, Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад, ки дорои 2 000 ҷои нишаст барои тамошобинон аст, ки соли 2020 бунёд ёфтааст.
Ҳини бунёди се бинои кунгурашакли он дар шакли табақчаҳои паррони кайҳонӣ ҳукуматдорони шаҳр барои харидории технологиияҳои замонавии сохтмон маблағро дареғ надоштаанд: оинаҳои ба таври автоматикӣ тоза карда мешуда, боми қаср бошад – кошинкории тӯрдори нуқрафому нилгуни сатҳи инъикосашон баланд аст.
Лекин аз ҳама намунаи барҷастаи меъмории муосири Душанбе дар солҳои охир – ин Боғи истироҳатии Истиқлол мебошад, ки соли 2022 ба муносибати 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.
Ҷузъи асосии боғ - пештоқи азим дар сабки форсӣ ва ё худ чорбоғи калон не, балки манораи ғафси шакли силиндрӣ дошта бо баландии 121 метр мебошад.
Строительство жилых домов бригадами ВСК МО РФ в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Гирифтани муҷаввиз барои сохтмон дар Тоҷикистон содатар шуд
Ҳарчанд танаи манора тасвири қаҳрамонони афсонавӣ ва саҳнаҳои алоҳидаи ривоятҳои форсиро дорад, ва қуллашро тоҷи азим – рамзи сомониён оро медиҳад, дар худи андозаи бузург сабки онҳоеро хонда метавонем, ки аз пулашон ин майдон бунёд ёфтааст – яъне ки сабки чиниҳоро.
Маҳз дар Ҷумҳурии мардумии Чин дар ду даҳсолаи охир сабки боҳашамат, ки аз ҷониби давлат ба он афзалият дода шудааст, чун азимҷуссагии натиҷаи рушди техника ва технологияҳои нав дар якҷоягӣ бо тиллокорӣ маънидод карда мешавад.
Худи ҳайкали биринҷии лашкаркаши афсонавӣ Гуан Юя, ки соли 2016 гузошта шудааст, қимати бениҳоят баланд дорад.
Хулласи калом, “азиму ҷилодор – яъне, ки зебо”, ки аз кишвари Чин ба дили Душанбе бомуваффақият кӯч баст. Ва намои чархофалаку шакли морпеч доштаи ин ёдгорӣ бо рамзу рамзу ҷузъиётҳои мураккаб ба андешаи бисёре аз меъморон ба дараҷаи зарурӣ ба тамаддуни муаррифимешудаи таърихӣ мувофиқат намекунад.

Баланд – на ҳама вақт хуб

Дар ҳар давру замон дар ҳама давлату халқиятҳо шаҳрдорон ва меъморон диққати хосаро ба марказ медиҳанд. Кадом роҳҳои рушди Душанбе 30 сол пеш вуҷуд дошт? Дасти кам – ду роҳ мавҷуд буд.
Якум – фарқияти қад-қади зинаву суфачаҳои болоиву поёнии релефи шаҳр , ки замоне шаҳракҳои низомӣ ҷойгир буданд.
Чунин лоиҳа дар охири солҳои 80-ум сохтмони маркази нави ҳукуматиро бо хиёбонҳо то марказ дар баробари хиёбонҳои куҳан (ба номи Ленин-Рӯдакӣ)-ро тахмин мезад ва фақат боғи истироҳатии марказӣ онҳоро аз ҳам бояд ҷудо мекард. Наву куҳан паҳлуи ҳам арзи ҳастӣ бояд мекарданд, то аз як тараф муносибати эҳтиёткорона ба меросро нишон диҳад, аз ҷониби дигар - пешравию шаҳомати навро бояд муаррифӣ менамуд.
Роҳи дуюм – ин истифодаи таҷрибаи андӯхтаи шаҳрсозии муосири ҷаҳонӣ – бунёди иншооти муҷаҳҳаз бо технологияҳои навтарин дар заминҳои холӣ ва ё дар ҷои чаҳорошёнаҳои куҳнаи соҳили рости дарёи Душанбе.
Бо назарошти он, ки барои бунёди баландошёнаҳо дар фарқ аз замини ҷунбонаки зардхоки марказ, он ҷо болиштакҳои табии маҳалии боэътимод мавҷуданд.
Вале ҳайҳот, дар Душанбе аз ин ду роҳ сеюмашро интихоб намуданд. Яъне, ки нобудсозии маркази таърихӣ, ки аз болои онҳо роҳ, чун майдони яхмолакбозӣ гузашту меъмории баландсифати солҳои 1930-1980-ро аз байн бурд.
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2023
Ҳушдори Рустами Эмомалӣ аз заминҷунбиҳо ва таъкидаш ба Раҳмон барои назорати сохтмонҳо
Ин ҷо назарҳо гуногунанд. Баъзе душанбегиҳо чунин меҳисобанд, ки ин қарори дуруст аст, зеро онҳо меъмории куҳанро чун ба талаботи рӯзафзунашон ҷавоб дода наметавониста қабул менамоянд. Гӯё ки баландошёнаҳо симои шаҳрро замонавӣ мегардонида бошанд.
Дигарон бошанд одилона андеша доранд, ки дар ҷаҳон садҳо – агар ҳазорон набошанд – дар Аврупову Осиё низ - шаҳрҳо бо аҳолии ба маротиб зиёдтар аз Душанбе мавҷуданд, аммо дар тамоми марказҳои таърихии онҳо биноҳои камошёнаи таърихӣ ҷойгиранд ва дандонаҳои бисёрошёнаҳои осмонбӯс фақат дар канораҳо ва ё дар заминҳои бекорхобида бунёд карда мешаванд.
Сокинони Гамбург , Мюнхен, Неапол ва ё ки Тсюрих аз биноҳои “қадпаст”-и марказҳояшон шарм намедоранд, балки ба онҳо муносибати эҳтиёткорона доранду ба ҳар хона эҳтиром доранд – ба ҳар хонае, ки паси онҳо қисматҳои одамон, як давраи таърихӣ ва фарҳангӣ меистад.
Агар аз таърих фарҳангро гирифта партоем – аз ҷумла, фарҳанги шаҳрсозиро –дигар чизе намемонад.
Аммо нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз соли 2017 акси ин ҳамаро мегӯяд – то соли 2040 майдон ва ҳаҷми баландошёнаҳо ба маротиб зиёд хоҳад шуд. Агар дар шумори метрҳои квадратии манзил шаҳриён бурд кунанд, пас аз ҷиҳати намуди эстетикӣ ва ё худ зебоии пойтахт бохт хоҳанд намуд.
Якрангии биноҳои “хрушовӣ”-и шӯравӣ ба якрангии на на камтар аз онҳо доштаи пластмассиву ҷилодори осмонбӯс иваз хоҳад шуд.
Строительство жилых домов бригадами ВСК МО РФ в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Озарбойҷон бунёди осмонбӯсҳоро баъди заминларза манъ карданист
Дар бархе аз кӯчаҳои биноҳои бисёрошёнаи аз ҷиҳати меъморӣ бетараф чунин таассурот ҳосил мешавад, ки гӯё ба маҳаллаҳои баландошёнаҳои зич доштаи арабӣ ё чинӣ (ки он қадар хуб ҳам нестанд) афтода бошӣ. Он ҷо аққалан зиччии биноҳоро бо таъсири таҷовузкоронаи биёбон ва ҳам сераҳолӣ будан маънидод менамоянд.
Мисолҳои аз ҳама равшани чунин раванди сохтмон – ин “Дубаи тоҷикон”, баландошёнаи 91-метраи "Душанбе -Плаза", ки аз се биноҳои ба ҳам ночаспон иборатанд, ва бинои 130-метраи осмонбӯси сесараи Хонаи алоқа дар ҷои бинои телеграфи кӯҳна, ки иншооти латиф –Бинои Ҳукумати дар бараш истодаро маҷозан "паст мезанад".
Ва мана акнун ба "девори бузурги чинӣ"-и аз баландошёҳо иборатбуда рамзи шаҳр – чойхонаи достонзеби “Роҳат” халал мерасонад.
Чунин ҳамсоягии “ҳисси бозу” хушнавоии муҳити шаҳрро ноҷӯр мегардонад, ки “аспҳои троянӣ” ё найрангҳоеро мемонад, ки бар асари он аз байн бурдани охирин бинои аз ҷиҳати масоҳат на он қадар калон ва дар ҷои он бунёди осмонбӯси навбатиро тасмим гирифтаанд. Он чизе, ки мо дар тамоми маркази Душанбе мушоҳида дорем.
Муҳандиси маъруфи инглис Агравал Рома, ки муаллифи лоиҳаи бинои аз ҳама баландтарин дар Аврупо – бинои осмонхароши "Осколок"-и лондонӣ мебошад, менавишад: “Мо сарҳоямонро мебардорем, ба биноҳои худ нигариста, ба онҳо мафтун мешавем, аммо ба мо лозим аст, ки ба замин фароем ”.
Строительство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Тоби заминларза доранд ё не?: Комиссияи махсус 3 шаҳри Тоҷикистонро месанҷад
Пуриморатии зич, ки аз қитъаи хурди замин фоидаи бештареро мефишорад, бо гузашти замон ба он оварда мерасонад, ки кӯчаҳо ба дараҳои равшании нокифоя дошта ва ҳавои тоза намерасида табдил ёфтанашон мумкин аст, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба равони бинанда таъсири манфӣ расонида метавонад.
Ғайр аз ин, пас аз заминҷунбиҳои баҳори имсола ифтихори шаҳриён аз осмонбӯсҳои хуб ба зудӣ ба хавотирӣ табдил ёфт.
Пас аз фоҷеаи харобкорона дар Туркия ва якчанд таконҳо дар Душанбе , шаҳриён равшан маънидод намуданд, ки ба кадом сохтмонҳо бисёртар баҳо медиҳанд – дар сомонаҳо бо тезӣ таклифҳо дар бораи иҷораву фурӯши хонаҳои кӯнаи шӯравии аз имтиҳони заминҷунбиҳои замон гузаштаву устувориашон ба заминҷунбиҳо санҷидашуда ба тезӣ гум шуданд.
Аммо тӯдаи эълонҳои фурӯши хонаҳо дар баландошёнаҳои навбунёд дар ин сомонаҳо моҳҳост, ки ба қавле овезонанд.

Боғшаҳри тоҷикистонӣ

Агар меъмории муосири Душанбе на ҳама вақт меъёри андозаро риоя мекарда бошад, пас бо ободонии “сабз” дар пойтахт корҳо дар сатҳи олӣ қарор доранд. Чанде пеш Тоҷикистон аз ҷиҳати партоби гази карбон дар минтақаи Авруосиё кишвари аз ҳама “экологияи тоза” дошта эътироф гардид.
Гап дар сари Душанбе бошад, пас он метавонад бо дилпурӣ барои мақоми аз ҳама шаҳри сабзи Осиёи марказӣ талабгор бошад – бо он ҳама сабзкориҳо, ки ин ҷо анҷом дода шудааст. Танҳо моҳи марти ҳамин сол дар пойтахт 50 ҳазор адад дарахтони сояафкан шинонида шуданд, ё худ дар соли 2022 1,5 млн гулҳои бисёрсола шинонида шуданд.
Муҳим, ки ғояи боғшаҳр, ки дар Душанбе ба он ҳанӯз дар оғози солҳои 1930 меъмор Петр Ваулин асос гузошта буд, аз замони шӯравӣ то ба мо омада расид ва имрӯз идомаи шоёнашро ёфтааст.
Ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Дохили Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе чӣ гуна аст? - акс
Ҳамин гуна, дар маркази шаҳр тимсоли “Боғи марказӣ” бунёд ёфтааст, ки аз майдони марказии назди Китобхонаи миллӣ, ки “девори ҷанубӣ”-и он шудааст, оғоз меёбад ва қад қади зинаҳои релеф то қисми шимолии шаҳр –хиёбони Исмоили Сомонӣ чун хати сабзи сербар доман кашидааст.
Аз шарқ Боғ бо хиёбони Рӯдакӣ маҳдуд карда шудааст. Минтақаи сабз дар дигар тарафи хиёбони Исмоили Сомонӣ , дар қаламрави Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” идома меёбад – дар ҷое, ки манораи ҳамноми чинӣ истодааст.
Шояд, бо мурури замон шаҳрдорон ҳатто ба қароре оянд, ки ин ду Боғро ба ҳам пайванданд – бо бунёди кӯпруки васеи пиёдагард аз болои хиёбони Исмоили Сомонӣ. Ва ин анҷоми мантиқии долони “сабз” хоҳад буд - агар сегонаи боғҳоро бо пайвастан ба Боғи ботаникӣ, ки тақрибан дар як километра дуртар аз майдони “Истиқлол”воқеъ аст, анҷом диҳанд.

Шафтолуи гап

Рушди меъмории 30 соли охир дар пойтахт, бешубҳа, ҷустуҷӯи роҳҳои мухталифи рушди шаҳрро бо такя ба таҷрибаи шӯравӣ, ба анъанаҳои чандинасраи маҳаллӣ ва ҳуввияти миллии аҳолӣ нишон медиҳад.
Гузариш аз биноҳои баландошёна, миёношёна ва камошёна , гунногунии фазо – аз кушод то пӯшида, намудҳои мухталифи хонаҳо барои қишрҳои гунногуни ҷомеа имкон медиҳанд, ки аққалан қисман шиддати муаммоҳои экологӣ ва иҷтимоӣ бардошта шаванд.
Биноҳои осмонбӯс, чун тантанаи тафаккури муҳандисӣ пайдост, ки барои Душанбе заруранд, аммо чун арзишҳои алоҳидаи меъморӣ, на чун “одамхонаҳо”-и азим.
Лекин, аз ҳама муҳимаш, вақте инҷиқиҳои табиат дар соли гузаштаро ба хотир меорем, бояд зикр намоем, ки биноҳои нав бояд барои заминҷунбӣ тобовар бошанд – муҳофизати зиддисейсмикӣ дошта бошанд, бояд бо технологгияҳои нав ҷиҳозонида шаванд –кадоме, ки имкон диҳанд ҳини пеш омадани зарурият дар муддати кӯтоҳ садҳо ва ҳазорон нафар ба тезӣ кӯчонида шаванд.
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Вазир: Дар солҳои наздик зиёда ҳазор километр роҳ, сохта, таъмир ва барқарор мешавад
Агар чунин кафолатҳо набошанд, беҳтараш “ба замин фароем” – аз он пеш, ки ба иштиҳои тиҷоратӣ ва шӯҳратпарастии ширкатҳои бинокорӣ пайравӣ намоем.
Таърихи меъмории шаҳрро бояд чун як ҷузъи фарҳанги фазоӣ донист ва эҳтиё кард. Одамон ҳамеша ба ҷое хоҳанд кӯшид, ки он ҷо “рӯҳи макон” нигоҳ дошта шудааст, он ҷо нишонаҳои фарҳанги миллӣ ба назар мерасад, ба ҷое мекӯшанд, ки дар симои меъморӣ фарқият ва фардият ҷой дорад.
Зарур аст, ки ин усул дар дар шаҳри бо хурӯш рушд намуда истодаи мо низ нигоҳ дошта шавад. Барои ин кӯшишҳои дурударозу дастҷамъонаи хадамоти шаҳрдорӣ, меъморон, сохтмончиён, мунаққидони шаҳрсозӣ ва аҳли ҷомеа зарур аст.
Таҷрибаи сисоли имкон медиҳад ба он умед бандем, ки барои шароити мусоид ба эҷодиёти пурсамар асарҳои арзандаи меъморӣ, ки метавонанд чун мусиқӣ ба торҳои нозки дили сокинон ва меҳмонони Душанбеи мо нохун зананд, офарида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0