https://sputnik.tj/20230222/tob-zaminlarza-komissiyai-makhsus-tojikiston-1055106860.html
Тоби заминларза доранд ё не?: Комиссияи махсус 3 шаҳри Тоҷикистонро месанҷад
Тоби заминларза доранд ё не?: Комиссияи махсус 3 шаҳри Тоҷикистонро месанҷад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи махсуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ кори худро шуруъ кард
2023-02-22T11:40+0500
2023-02-22T11:40+0500
2023-02-22T11:50+0500
дар тоҷикистон
санҷиш
заминларза
бино
сохтмон
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
комисия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045484174_0:98:1920:1178_1920x0_80_0_0_f6132f5f9995e14e5f7f219661dc34cb.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Тобоварии биноҳои баландошёна ба зилзила дар се шаҳри бузурги кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар аз ҷониби комиссияи махсус санҷида хоҳад шуд. Бино ба иттилое, ки аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ин комиссияро муовини раиси Кумита, Абдураҳмон Каримзода сарварӣ хоҳад кард. “Дар ин комиссия аз раёсати Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Институти геология ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии сохтмон ва меъморӣ, корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” ва дигар мутахассисон узвият доранд”, - гуфт манбаъ. Бино ба иттилоъи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар ин санҷиши куллӣ иншоотҳои дар давоми солҳои 2018-2022 сохташуда ва дар ҳоли сохтусоз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегиранд. Таъкид гардид, ки аз ҷумла бо назардошти эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид ва устувории сейсмикии воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрманзилаи сохташуда ва дар ҳоли сохтмон арзёбӣ хоҳад шуд. Қарор аст, ин комиссия корашро то 10 марти соли 2023 ба анҷом расонда, аз натиҷаи кораш ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳад. Иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди санҷиши тобоварии сохтмонҳои кишвар ба зилзилаҳои эҳтимолӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки 6 феврал дар пайи як зилзилаи шадид дар Туркия ва Сурия садҳо бинои маскунӣ хароб ва беш аз 40 ҳазор нафар ҷонҳои худро аз даст доданд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом дошта буданд, ки иншооту биноҳои кишвар бо назардошти зилзилаи 9- балла сохта шудаанд ва дар 150 соли ахир дар қаламрави кишвар сахттарин зилзила бо шиддати 7.2 бал рух додааст.
https://sputnik.tj/20230206/shahr-shahrvandon-kharoba-oqibat-zaminlarza-turkiya-1054707440.html
https://sputnik.tj/20230219/minnatdori-generali-turk-hukumat-tojikiston-mardum-tojik-1055039938.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045484174_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_224442d2f20fb004a664d546ba8d254a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
комиссия, тобоварӣ, сохтмон, шаҳр, санҷиш
комиссия, тобоварӣ, сохтмон, шаҳр, санҷиш
Тоби заминларза доранд ё не?: Комиссияи махсус 3 шаҳри Тоҷикистонро месанҷад
11:40 22.02.2023 (Навсозишуда: 11:50 22.02.2023) Эксклюзив
Комиссияи махсуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ кори худро шуруъ кард
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Тобоварии биноҳои баландошёна ба зилзила дар се шаҳри бузурги кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар аз ҷониби комиссияи махсус санҷида хоҳад шуд.
Бино ба иттилое, ки аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ин комиссияро муовини раиси Кумита, Абдураҳмон Каримзода сарварӣ хоҳад кард.
“Дар ин комиссия аз раёсати Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Институти геология ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии сохтмон ва меъморӣ, корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” ва дигар мутахассисон узвият доранд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар ин санҷиши куллӣ иншоотҳои дар давоми солҳои 2018-2022 сохташуда ва дар ҳоли сохтусоз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегиранд.
“Дар давоми кор риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ санҷида хоҳанд шуд", - гуфтанд дар Кумита.
Таъкид гардид, ки аз ҷумла бо назардошти эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид ва устувории сейсмикии воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрманзилаи сохташуда ва дар ҳоли сохтмон арзёбӣ хоҳад шуд.
Қарор аст, ин комиссия корашро то 10 марти соли 2023 ба анҷом расонда, аз натиҷаи кораш ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳад.
Иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди санҷиши тобоварии сохтмонҳои кишвар ба зилзилаҳои эҳтимолӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки 6 феврал дар пайи як зилзилаи шадид дар Туркия ва Сурия садҳо бинои маскунӣ хароб ва беш аз 40 ҳазор нафар ҷонҳои худро аз даст доданд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом дошта буданд, ки иншооту биноҳои кишвар бо назардошти зилзилаи 9- балла сохта шудаанд ва дар 150 соли ахир дар қаламрави кишвар сахттарин зилзила бо шиддати 7.2 бал рух додааст.