https://sputnik.tj/20230609/dokhil-masjid-jome-markazi-dushanbe-aks-1057646520.html
Дохили Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе чӣ гуна аст? - акс
Дохили Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе чӣ гуна аст? - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе масҷиди ҷомеаи марказӣ бо имкони ғунҷоиши 133 ҳазор нафар ифтитоҳ гардид, ки санги асоси он қариб 14 соли қабл гузошта шуда буд
2023-06-09T15:25+0500
2023-06-09T15:25+0500
2023-06-09T15:25+0500
акс
масҷид
фарҳанг
ифтитоҳ
намоз
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/09/1057644005_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_830f995ac73b54d7e642ff2f97572c62.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/09/1057644005_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_e1f1f0f14a98e9b928b6cd1fc74f799c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориш, аксӣ, ҷомеъ, дохил, масҷид, душанбе
гузориш, аксӣ, ҷомеъ, дохил, масҷид, душанбе
Дохили Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе чӣ гуна аст? - акс
Дар шаҳри Душанбе масҷиди ҷомеаи марказӣ бо имкони ғунҷоиши 133 ҳазор нафар ифтитоҳ гардид, ки санги асоси он қариб 14 соли қабл гузошта шуда буд

Дар маросими ифтитоҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар, Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ иштирок карданд.

Роҳбарони ду давлат ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шуда, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст.

Санги асоси масҷид 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ гузошта шуд.

Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.

Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, наздики 18,5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14 ҳазор метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардидаанд.

Масҷид гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр дорад.

Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр иборат мебошад.

Намои берунаи бинои иншоот беш аз 62 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, қариб 34 ҳазор метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст.

Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, зимни бунёду ороиши масҷид ба эътибор гирифта шудааст.