Ҳушдори Рустами Эмомалӣ аз заминҷунбиҳо ва таъкидаш ба Раҳмон барои назорати сохтмонҳо

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2023
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрдори Душанбе мебошад, аз додситони кулли ҷумҳурӣ хостааст, назорати сифати сохтмонҳоро пурзӯр кунад
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дастур гирифтааст, ки назорати риояи қоидаю меъёрҳоро дар бахши шаҳрсозию сохтмон пурзӯр намояд.
Ин нукта дар қарори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ таъкид шудааст.
Бар асоси ин санад, Рустами Эмомалӣ ба вазъи сейсмикии минтақа таъкид намудааст.
Раиси Маҷлиси миллӣ додситони кулли Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки барои риояи ҳатмии қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои қоидаву меъёрҳо ва сифати кору масолеҳи сохтмонӣ, чораҳои назоратиро пурзӯр намояд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан комиссияи вижа дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард, ки мақсади он санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмонҳо ба заминҷунбӣ арзёбӣ мегардад.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Кӯҳна ва бидуни таҳкурсӣ: КҲФ иллати тахриб шудани манзилҳо бар асари заминҷунбӣ шарҳ дод
Таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ махсусан дар пайи заминларзаи фоҷиабори 6 феврал дар Туркия, ки даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, афзоиш ёфтааст.
Биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд ё сохта мешаванд, бояд ба заминларзаи 8,5-9 балӣ тобовар бошанд, изҳор дошта буд, ахиран раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода.
Ба гуфтаи вай, барои бунёди иншоот дар ҷумҳурӣ вобаста ба минтақа бо назардошти фаъолияти сейсмикии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад.
Таъкид гардид, ки Кумита барои санҷидани мустаҳкамии таҳкурсии иншоотҳои сохташаванда озмоишгоҳи вижа ташкил хоҳад кард ва ин гуна санҷишҳо ҳатмӣ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0