https://sputnik.tj/20230601/ufc-razmikoron-tojik-tavajjuh-ziyod-dorad-1057488161.html
Мушти тоҷикона: Чаро UFC ба размикорони тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд дорад
Мушти тоҷикона: Чаро UFC ба размикорони тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар як паҳлавони ММА орзуи ба лигаи UFC шомил шуданро дорад, аммо ин амал ба ягон ягон варзишгар даст медиҳад. Вақтҳои охир ин иттифоқи варзишӣ дарҳои худро ба варзишгарони тоҷик боз намуд
2023-06-01T19:23+0500
2023-06-01T19:23+0500
2023-06-01T20:27+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қаҳрамони ufc
размикор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044957364_0:0:583:327_1920x0_80_0_0_f0602c67fddf1c4c0e783615f59e56c8.png
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Чанд сол пеш дар лигаи ҷаҳонӣ оид ба якҳарбаҳои омехта - UFC – ягон размикори тоҷик набуд. Аммо бисёре аз паҳлавонони мо орзуи ба ин иттифоқи варзишӣ шомил шуданро доштанд, лек барои баъзеҳо фақат камтар хол намерасид.Хушбахтона, баҳори имсол вазъият тағъир ёфт: UFC якбора бо чаҳор варзишгар аз Тоҷикистон шартнома баст.Дар ин ҷода Нурулло Алиев пас аз ғалаба дар нахустин муҳорибааш дар мусобиқаи Fight Night UFC пешоҳанг гашт. Ҳафтае пас Лоиқ Раҷабов, ҳарчанд барои омодагӣ вақти зиёде надошт, ҳамчунин тибқи рӯихати пешакии лигаи UFC ғолибият ба даст овард.Дирӯз бошад, шартномаҳои ҳамсонро иттифоқи UFC якбора бо ду варзишгари тоҷик - Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов - баст. Ҳарду намояндаи Тоҷикистон шаби бар чоруми июн дар мусобиқаҳо қувва хоҳанд озмуд.Барои чӣ размикорони Тоҷикистон мекӯшанд дар мусобиқаҳои в UFC иштирок намоянд ва ин иттифоқи варзишӣ аз паҳлавонони тоҷик чӣ дастовардҳоро интизор аст – дар маводи Sputnik.Роҳи дуру дароз ба UFCАслан, аъзогӣ ба иттифоқи байналхалқии варзишии UFC кори саҳл нест. Ҳастанд паҳлавононе, ки ҷоизадори бисёр сабқату мусобиқот ҳастанд, вале дарҳои лигаи UFC ҳамоно ба рӯи онҳо баста аст. Аммо ҳастанд варзишгарон баиқболе, ки ба онҳо имконият даст медиҳад, ки ба ин иттифоқи бонуфуз ба худ роҳ кушоянд.“Ҳамааш аз баромадҳо, сатҳи мусобиқот, аз худи варзишгар вобаста аст. Имрӯз ба сафи аъзоёни UFC ворид шудан кори сангин аст – он ҷо интихоб ҷиддӣ сурат мегирад, барои ҳамин ҳам ҳар сари вақт бархеро аз сафҳояшон хориҷ менамоянд, то бо аъзоёни нав шартнома банданд”, - мегӯяд ба Sputnik Тоҷикистон коршинос Далер Латипов,Ба гуфти ӯ, нуфузшиносони UFC ҷанговаронро барои муҳорибаҳои варзишӣ мӯшикофона интихоб менамоянд ва дар ин ҳангом ҷабҳаҳои гунногунро ба назар мегиранд.Масалан, барои ин иттифоқи варзишӣ дараҷаи омодагии ҳариф ва рекордҳои хуби вай хеле муҳим аст.Ғайр аз ин, онҳо ҳавасманданди ғалабаҳои филфавр мебошанд, бозиҳои дуранг бошад, баръакс, онҳоро дилгир месозад."Бисёр размикороне ҳастанд, ки рекорҳои зиёд доранд, лекин иттифоқи UFC бо онҳо шартнома бастан намехоҳад. Барои чӣ? Барои он, ки баъзеҳо бо ҳарифони бори аввал ба мусобиқа мебаромда қувва меозмооянд, баъзеҳои дигар – бо онҳое, ки шумораи рекордҳои бо худашон ҳамсон доранд. Аммо теъдоди муҳорибаҳои касбиашон кам аст. Ин ҳолат ба таҳлилгарони UFC маъқул нест”, - шарҳ медиҳад коршиноси тоҷик.Чизи асосие, ки тарғибгарони UFC-ро қонеъ кунонида наметавонад, ин – рекордҳои фаровон аст.“Дар мусобиқаҳои шубҳаовар варзишгарон барои пурра сохтани рӯихати рекордҳои худ бо ҳарифони аз худ сусттар ва ё худ нисбат ба худ дар ММА камтаҷрибатар ба майдон мебароянд. Дар чунин ҳолатҳо рекорд ҳини ғалаба зиёд мегардад, вале чунин варзишагронро “пайгирӣ мекунанд”. Агентҳо, менеҷерон ҳамаи инро басо дақиқона меомӯзанд, бахусус Шон Шелби, ёрдамчии Дан Уайт", - мегӯяд Латипов.Сири UFC дар чист ?Барои чӣ, воқеан, размикорони тоҷик мекӯшанд маҳз дар иттифоқи UFC бошанд? Чуноне, ки коршиноси ММА Далер Латипов мегӯяд, иттифоқи байналхалқии UFC-и лигаи Дан Уайт – аз ҳама рушдёфта ва бонуфуз аст."На фақат размикорони тоҷик, балки варзишгарони тамоми ҷаҳон кӯшиши аъзогӣ ба сафҳои UFC-ро доранд. Ин лигаи аз ҳама номдор, пурқувват ва рекломшуда аст. Шомил шудан ба ин иттифоқ барои ҳар варзишгар шараф аст. Охир, ин ҷо гап фақат сари маблағ намеравад, балки - сари обрӯ ҳам”,- равшанӣ меандозад Латипов.Обрӯ ва нуфуз – яке аз сабабҳои асосианд. Пас аз ғалаба дар чанд муҳорибаҳои тан ба тан ба варзишгарон сарпарастон ва рекломдиҳандагон диққат медиҳанд, бинобар ин, маблағи кормекардаи онҳо бамаротиб бештар аз маблағи варзишгарони оддӣ мебошад.Нурулло Алиев аз раҳбари UFC даъват кард, ки размикорони тоҷикро бештар ҷалб намояд“Маблағ – ин ҳам як сабаби он аст, ки барои чӣ ҳама мехоҳанд дар сафҳои UFC бошанд. Он ҷо варзишгарон меттавонанд ном бароранд, таҷриба гиранд, саҳфаҳои нав дар дафтари ғолибияташон кушоянд. Аммо, боло рафтан аз рӯи кадом вазне, ки набошад, кори осон нест. Бисёриҳо, ба қавле –мешикананд, аз ҷумла – рӯҳан. Дар ин сурат, дар бораи идома додани фаъолияташон дар ҳайати ин иттифоқ ҳоҷате гап ҳам нест”,- зикр менамояд ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.Ҳамин тавр, размикорони тоҷикро санҷиши ҳақиқӣ барои тобоварӣ интизор аст – санҷишҳои аз ҳама ҷиддӣ дар ҳаёти варзишиашон. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки агар варзишгар ба сафи UFC, ки дохил шуд, чӣ қадар ба ӯ муроҷиатҳову шартномаҳо бобати реклом “мефарояд”. Инро бояд арзанда буд.Тоҷикистониён дар ин лига чӣ гуна баромад хоҳанд кард?Якум шуда аз тоҷикистониён пас аз ғалабааш дар мусобиқоти Fight Night дар Лас-Вегас бар варзишгари бразилиягӣ Рафаэл Алвес Нурулло Алиев ба лигаи UFC роҳ ёфта тавонист.Ҳарифи дуюмро ба Нурулло Алиев ҳоло таъин накардаанд. Чуноне, ки атрофиёни ин паҳлавон мегӯянд, ӯ пас аз моҳи Рамазон намуди варзишиашро барқарор намуда истодааст ва санаи ҷанги тан ба тани навбатиро интизор аст.Алииев ба UFC бе ягон мағлубият дар корномаи варзишиаш тавассути даври яккачини роҳбари тарғибгарон Дан Уайт фаромад – пас аз ғалаба бар ҳарифи ба ӯ таъин намудаашон.Пас аз баромади муваффақонаи аввалин дар UFC, ин варзишгари тоҷик якчанд дарсҳои омӯзишӣ гузаронид, аз ҷумла - дар Ӯзбекистон. Дар бисёр чорабиниҳои рекломӣ иштирок дошту соҳиби якчанд шартномаҳо ҳам гашт.Яъне, ки баромадҳояш дар иттифоқи варзиши байналхалии UFC аллакай барои варзишгар кор дода истодаанд. Акнун Алиевро нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ва дар давлатҳои Ғарб мешиносанд.Бо Лоиқ Раҷабов низ чунин буд – пас аз нахуст баромадаш дар UFC ӯ аллакай ба чеҳраи дар ВАО шинос табдил ёфт. Дар мусобиқаи пешакӣ ин паҳлавони тоҷик бо варзишгари аргентинӣ Эстебан Рибович сабқат дошт ва аз ҳарифаш холҳои бештар гирифт.Пас аз ғалабаи Раҷабов мавҷи дуюми овозадориаш Тоҷикистонро гирифт, ҳамчунин, ӯро дар дигар давлатҳои ИДМ хубтар мешинохтагӣ шуданд.Дар Ғарб дар бораи Лоиқ бе ин ҳам шунида буданд, зеро ду маротиба дар лигаи PFL баромад дошт. Ва дар ҳарду набард ҳам муҳорибаро бохт, аммо ин бохтҳо маҳорати ҷангии ин паҳлавонро боз ҳам обутоб доданд, дар натиҷа ӯ ба рӯихати Дан Уайт дар UFC шомил шуд.Пас аз ҷанги тан ба тани якум дар UFC ба Лоиқ ҳарифи дуюмро низ доданд. Агнун бо ӯ дар минбари ҳаштқираи варзишӣ Матеуш Рибетскии лаҳистонӣ қувва хоҳад озмуд (дар корномаи варзишиаш 17 ғалаба ва 1 бохт дорад). Мулоқоти онҳо на UFC Fight Night 133 дар Ҷэксонвилл 24 июн баргузор хоҳад шуд. Коршиноси тоҷик Далер Латипов аз эҳтимолияти ғалабаи Раҷабов дар ин ҷанги тан ба тан мегӯяд.“Ман чанд баромади лаҳистониро дидам. Ҳарифи арзанда аст. Аммо Лоиқ – варзишгари сатҳи дигар аст. Вай беҳтар, пурқувваттар, таҷрибадортар аст ва рангинтар қувва меозмояд. Ӯ бояд ғалаба кунад. Фикр мекунам, Лоиқ худро дар ин набард нишон хоҳад дод”,- гуфт таҳлилгари варзишӣ.Размикори сеюм аз Тоҷикистон Муин Ғафуров (бо лақаби Тоҷик) мебошад, ки кайҳо боз мекӯшид бо UFC шартнома ба имзо расонад, аммо ҳар дафъа чизе намерасид.Гуфтан мумкин аст, ки LFA – ин як академия ё худ мактаби иттифоқи варзишии UFC аст. Бинобар ин, интизориҳо зиёд буданд, ки Муинро қабул мекунанд. Барои ин фақат вақт лозим буд”, - мегӯяд Латипов. Муҳорибаи аввалини Тоҷик 3 июн ба нақша гирифта шудааст ва ҳарифаш Ҷон Кастанедаи амрикоӣ хоҳад буд. Онҳо дар мусобиқоти UFC Vegas 74 баромад хоҳанд кард.Ғафуров шарнома бо UFC-ро ба тезӣ гирфт, яъне ки ӯ бояд дар муддати кӯтоҳ барои иваз намудани варзишгари дигар дар яке аз муҳорибаҳои тан ба тани UFC омодагӣ бинад, то мусобиқотро вайрон накунад."Кастанед бояд бо Матеусаи бразилиягӣ ба ҳаштқира мебаромад, аммо ӯ “парид”. Акнун ба ҷои Матеуса Ғафуров ба ҳаштқира мебарояд. Дар ММА ҳарифи амрикории ӯ 19 ғалаба ва 6 бохт дорад. Яъне, ки ҳарифон сатҳи якхела доранд, аммо Муин – бори аввал ба муҳориба мебарояд, бинобар ин, ба ӯ фишор хоҳанд овард”,-мефаҳмонад Латипов.Охири баҳор ба иттифоқи байналхалқии варзишии UFC паҳлавони чоруми тоҷик низ шомил шуд. Ӯ Муҳаммад Наимов аст, ки пештар дар ҳайати яккачини Тоҷикистон оид ба таэквон-до (ITF) ва кикбоксинг баромад мекарду чемпиони ҷаҳон ва Осиё дар синну соли гунногун гашта буд.Ӯ, чун Муин Ғафуров, ҳамчунин дар мусобиқоти яккачини Дан Уайт иштирок дошт ва ӯ ҳам муҳорибаро бохт, ва ба UFC нафаромад. Бо вуҷуди ин, Наимов охири охирон шартномаро бо ин иттифоқи варзишӣ ба даст овард ва акнун дар мусобиқоти кӯтоҳи UFC Vegas 74 шаби бар 4-уми июн баромад хоҳад кард.Ҳарифи ӯ Джейми Малларкии австралиягӣ (бо корномаи варзишии 16 ғалабаву 5 бохт) хоҳад буд. Муҳаммад бошад 8 ғалабаву 2 бохт дорад.Шонси тоҷикистониён барои пойдор мондан дар UFC чӣ гуна аст?Ҳамаи паҳлавонони тоҷик тибқи шартнома 4 муҳорибагӣ доранд, яъне ки ягон нафари онҳо барои як муҳориба шартнома набастаанд– якбора барои чанд мусобиқа. Ана ҳаминро нуктаи хушбинона дар корномаи варзишии эшон гуфтан мумкин аст.“Гумон мекунам Тоҷикистон барои UFC – ин падидаи ғайриоддӣ аст. Размикорони тоҷик фарҳанги кишварро дар ин ташкилоти варзишӣ муаррифӣ хоҳанд кард, хусусиятҳои миллӣ ва характери миллиро ҳам. Ҳамзамон, сатҳи омодагии мактабҳои варзишии моро дар якҳарба нишон хоҳанд дод, бинобар ин, на камтар аз ҳамкасбони ғарбиашон дар ММА муваффақу таҷрибадор ва бомаҳоратанд”, - қайд менамояд Латипов.Ба андешаи ӯ, варзишгарони ҷумҳурӣ ҳама имкониятҳоро доранд, то дар ҳайати лигаи UFC боқӣ монад.Барои дар ин иттифоқи варзишӣ “муқимӣ” шудан, ба варзишгарони тоҷик ғалаба ба даст овардан басо зарур аст – мувофиқи мақсад мебуд, агар ин ғалабаҳо барқсон, дурахшон ва пеш аз мӯҳлат бошанд, бовар дорад Латипов.“Дар он ҷо муҳорибаи тамошобобро меписанданд, размикорони мо бошанд ба ин қодиранд. Бисёриҳо роҳи дуру дарозро дар варзиш тай намуданд, то худро дар UFC нишон диҳанд ва акнун набояд, ки ин фурсати қулаю ситорасозро аз даст диҳанд. Дар акси ҳол, бастани шартномаи дуюм бо лигаи UFC дигар имконнопазир мегардад”, - ҷамъбаст намуд фикрашро таҳлилгар
https://sputnik.tj/20230530/razmikor-tojik-naimov-ufc-payvast-1057434144.html
https://sputnik.tj/20230503/razmikor-tojik-dar-ufc-mekubad-u-kist-1056854214.html
https://sputnik.tj/20230531/janba-tijor-boqiev-varzishgaron-mma-video-1057472286.html
https://sputnik.tj/20221015/muin-ghafurov-ufc-roh-yoft-1052151195.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044957364_0:0:521:391_1920x0_80_0_0_7a0a61fdf15957f3a6dff3b6107c4985.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ufc тоҷикистон размикорони тоҷик
ufc тоҷикистон размикорони тоҷик
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Чанд сол пеш дар лигаи ҷаҳонӣ оид ба якҳарбаҳои омехта - UFC – ягон размикори тоҷик набуд. Аммо бисёре аз паҳлавонони мо орзуи ба ин иттифоқи варзишӣ шомил шуданро доштанд, лек барои баъзеҳо фақат камтар хол намерасид.
Хушбахтона, баҳори имсол вазъият тағъир ёфт: UFC якбора бо чаҳор варзишгар аз Тоҷикистон шартнома баст.
Дар ин ҷода Нурулло Алиев пас аз ғалаба дар нахустин муҳорибааш дар мусобиқаи Fight Night UFC пешоҳанг гашт. Ҳафтае пас Лоиқ Раҷабов, ҳарчанд барои омодагӣ вақти зиёде надошт, ҳамчунин тибқи рӯихати пешакии лигаи UFC ғолибият ба даст овард.
Дирӯз бошад, шартномаҳои ҳамсонро иттифоқи UFC якбора бо ду варзишгари тоҷик - Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов - баст. Ҳарду намояндаи Тоҷикистон шаби бар чоруми июн дар мусобиқаҳо қувва хоҳанд озмуд.
Барои чӣ размикорони Тоҷикистон мекӯшанд дар мусобиқаҳои в UFC иштирок намоянд ва ин иттифоқи варзишӣ аз паҳлавонони тоҷик чӣ дастовардҳоро интизор аст – дар маводи Sputnik.
Аслан, аъзогӣ ба иттифоқи байналхалқии варзишии UFC кори саҳл нест. Ҳастанд паҳлавононе, ки ҷоизадори бисёр сабқату мусобиқот ҳастанд, вале дарҳои лигаи UFC ҳамоно ба рӯи онҳо баста аст. Аммо ҳастанд варзишгарон баиқболе, ки ба онҳо имконият даст медиҳад, ки ба ин иттифоқи бонуфуз ба худ роҳ кушоянд.
“Ҳамааш аз баромадҳо, сатҳи мусобиқот, аз худи варзишгар вобаста аст. Имрӯз ба сафи аъзоёни UFC ворид шудан кори сангин аст – он ҷо интихоб ҷиддӣ сурат мегирад, барои ҳамин ҳам ҳар сари вақт бархеро аз сафҳояшон хориҷ менамоянд, то бо аъзоёни нав шартнома банданд”, - мегӯяд ба Sputnik Тоҷикистон коршинос Далер Латипов,
Ба гуфти ӯ, нуфузшиносони UFC ҷанговаронро барои муҳорибаҳои варзишӣ мӯшикофона интихоб менамоянд ва дар ин ҳангом ҷабҳаҳои гунногунро ба назар мегиранд.
Масалан, барои ин иттифоқи варзишӣ дараҷаи омодагии ҳариф ва рекордҳои хуби вай хеле муҳим аст.
Ғайр аз ин, онҳо ҳавасманданди ғалабаҳои филфавр мебошанд, бозиҳои дуранг бошад, баръакс, онҳоро дилгир месозад.
"Бисёр размикороне ҳастанд, ки рекорҳои зиёд доранд, лекин иттифоқи UFC бо онҳо шартнома бастан намехоҳад. Барои чӣ? Барои он, ки баъзеҳо бо ҳарифони бори аввал ба мусобиқа мебаромда қувва меозмооянд, баъзеҳои дигар – бо онҳое, ки шумораи рекордҳои бо худашон ҳамсон доранд. Аммо теъдоди муҳорибаҳои касбиашон кам аст. Ин ҳолат ба таҳлилгарони UFC маъқул нест”, - шарҳ медиҳад коршиноси тоҷик.
Чизи асосие, ки тарғибгарони UFC-ро қонеъ кунонида наметавонад, ин – рекордҳои фаровон аст.
“Дар мусобиқаҳои шубҳаовар варзишгарон барои пурра сохтани рӯихати рекордҳои худ бо ҳарифони аз худ сусттар ва ё худ нисбат ба худ дар ММА камтаҷрибатар ба майдон мебароянд. Дар чунин ҳолатҳо рекорд ҳини ғалаба зиёд мегардад, вале чунин варзишагронро “пайгирӣ мекунанд”. Агентҳо, менеҷерон ҳамаи инро басо дақиқона меомӯзанд, бахусус Шон Шелби, ёрдамчии Дан Уайт", - мегӯяд Латипов.
Барои чӣ, воқеан, размикорони тоҷик мекӯшанд маҳз дар иттифоқи UFC бошанд? Чуноне, ки коршиноси ММА Далер Латипов мегӯяд, иттифоқи байналхалқии UFC-и лигаи Дан Уайт – аз ҳама рушдёфта ва бонуфуз аст.
"На фақат размикорони тоҷик, балки варзишгарони тамоми ҷаҳон кӯшиши аъзогӣ ба сафҳои UFC-ро доранд. Ин лигаи аз ҳама номдор, пурқувват ва рекломшуда аст. Шомил шудан ба ин иттифоқ барои ҳар варзишгар шараф аст. Охир, ин ҷо гап фақат сари маблағ намеравад, балки - сари обрӯ ҳам”,- равшанӣ меандозад Латипов.
Обрӯ ва нуфуз – яке аз сабабҳои асосианд. Пас аз ғалаба дар чанд муҳорибаҳои тан ба тан ба варзишгарон сарпарастон ва рекломдиҳандагон диққат медиҳанд, бинобар ин, маблағи кормекардаи онҳо бамаротиб бештар аз маблағи варзишгарони оддӣ мебошад.
“Маблағ – ин ҳам як сабаби он аст, ки барои чӣ ҳама мехоҳанд дар сафҳои UFC бошанд. Он ҷо варзишгарон меттавонанд ном бароранд, таҷриба гиранд, саҳфаҳои нав дар дафтари ғолибияташон кушоянд. Аммо, боло рафтан аз рӯи кадом вазне, ки набошад, кори осон нест. Бисёриҳо, ба қавле –мешикананд, аз ҷумла – рӯҳан. Дар ин сурат, дар бораи идома додани фаъолияташон дар ҳайати ин иттифоқ ҳоҷате гап ҳам нест”,- зикр менамояд ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, размикорони тоҷикро санҷиши ҳақиқӣ барои тобоварӣ интизор аст – санҷишҳои аз ҳама ҷиддӣ дар ҳаёти варзишиашон. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки агар варзишгар ба сафи UFC, ки дохил шуд, чӣ қадар ба ӯ муроҷиатҳову шартномаҳо бобати реклом “мефарояд”. Инро бояд арзанда буд.
Тоҷикистониён дар ин лига чӣ гуна баромад хоҳанд кард?
Якум шуда аз тоҷикистониён пас аз ғалабааш дар мусобиқоти Fight Night дар Лас-Вегас бар варзишгари бразилиягӣ Рафаэл Алвес Нурулло Алиев ба лигаи UFC роҳ ёфта тавонист.
Ҳарифи дуюмро ба Нурулло Алиев ҳоло таъин накардаанд. Чуноне, ки атрофиёни ин паҳлавон мегӯянд, ӯ пас аз моҳи Рамазон намуди варзишиашро барқарор намуда истодааст ва санаи ҷанги тан ба тани навбатиро интизор аст.
Алииев ба UFC бе ягон мағлубият дар корномаи варзишиаш тавассути даври яккачини роҳбари тарғибгарон Дан Уайт фаромад – пас аз ғалаба бар ҳарифи ба ӯ таъин намудаашон.
Пас аз баромади муваффақонаи аввалин дар UFC, ин варзишгари тоҷик якчанд дарсҳои омӯзишӣ гузаронид, аз ҷумла - дар Ӯзбекистон. Дар бисёр чорабиниҳои рекломӣ иштирок дошту соҳиби якчанд шартномаҳо ҳам гашт.
Яъне, ки баромадҳояш дар иттифоқи варзиши байналхалии UFC аллакай барои варзишгар кор дода истодаанд. Акнун Алиевро нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ва дар давлатҳои Ғарб мешиносанд.
Бо Лоиқ Раҷабов низ чунин буд – пас аз нахуст баромадаш дар UFC ӯ аллакай ба чеҳраи дар ВАО шинос табдил ёфт. Дар мусобиқаи пешакӣ ин паҳлавони тоҷик бо варзишгари аргентинӣ Эстебан Рибович сабқат дошт ва аз ҳарифаш холҳои бештар гирифт.
Пас аз ғалабаи Раҷабов мавҷи дуюми овозадориаш Тоҷикистонро гирифт, ҳамчунин, ӯро дар дигар давлатҳои ИДМ хубтар мешинохтагӣ шуданд.
Дар Ғарб дар бораи Лоиқ бе ин ҳам шунида буданд, зеро ду маротиба дар лигаи PFL баромад дошт. Ва дар ҳарду набард ҳам муҳорибаро бохт, аммо ин бохтҳо маҳорати ҷангии ин паҳлавонро боз ҳам обутоб доданд, дар натиҷа ӯ ба рӯихати Дан Уайт дар UFC шомил шуд.
Пас аз ҷанги тан ба тани якум дар UFC ба Лоиқ ҳарифи дуюмро низ доданд. Агнун бо ӯ дар минбари ҳаштқираи варзишӣ Матеуш Рибетскии лаҳистонӣ қувва хоҳад озмуд (дар корномаи варзишиаш 17 ғалаба ва 1 бохт дорад). Мулоқоти онҳо на UFC Fight Night 133 дар Ҷэксонвилл 24 июн баргузор хоҳад шуд. Коршиноси тоҷик Далер Латипов аз эҳтимолияти ғалабаи Раҷабов дар ин ҷанги тан ба тан мегӯяд.
“Ман чанд баромади лаҳистониро дидам. Ҳарифи арзанда аст. Аммо Лоиқ – варзишгари сатҳи дигар аст. Вай беҳтар, пурқувваттар, таҷрибадортар аст ва рангинтар қувва меозмояд. Ӯ бояд ғалаба кунад. Фикр мекунам, Лоиқ худро дар ин набард нишон хоҳад дод”,- гуфт таҳлилгари варзишӣ.
Размикори сеюм аз Тоҷикистон Муин Ғафуров (бо лақаби Тоҷик) мебошад, ки кайҳо боз мекӯшид бо UFC шартнома ба имзо расонад, аммо ҳар дафъа чизе намерасид.
“Муин – размикори дараҷаи олист, ҳатто дар даври яккачини Дан Уайт ба муҳориба баромад, лек мусобиқаро бохт. Пас аз ин ба рӯихати UFC шомил шуд. Ва моҳи октябри соли 2022 ӯ ба қувваозмоӣ оғоз намуд”.
Гуфтан мумкин аст, ки LFA – ин як академия ё худ мактаби иттифоқи варзишии UFC аст. Бинобар ин, интизориҳо зиёд буданд, ки Муинро қабул мекунанд. Барои ин фақат вақт лозим буд”, - мегӯяд Латипов. Муҳорибаи аввалини Тоҷик 3 июн ба нақша гирифта шудааст ва ҳарифаш Ҷон Кастанедаи амрикоӣ хоҳад буд. Онҳо дар мусобиқоти UFC Vegas 74 баромад хоҳанд кард.
Ғафуров шарнома бо UFC-ро ба тезӣ гирфт, яъне ки ӯ бояд дар муддати кӯтоҳ барои иваз намудани варзишгари дигар дар яке аз муҳорибаҳои тан ба тани UFC омодагӣ бинад, то мусобиқотро вайрон накунад.
"Кастанед бояд бо Матеусаи бразилиягӣ ба ҳаштқира мебаромад, аммо ӯ “парид”. Акнун ба ҷои Матеуса Ғафуров ба ҳаштқира мебарояд. Дар ММА ҳарифи амрикории ӯ 19 ғалаба ва 6 бохт дорад. Яъне, ки ҳарифон сатҳи якхела доранд, аммо Муин – бори аввал ба муҳориба мебарояд, бинобар ин, ба ӯ фишор хоҳанд овард”,-мефаҳмонад Латипов.
Охири баҳор ба иттифоқи байналхалқии варзишии UFC паҳлавони чоруми тоҷик низ шомил шуд. Ӯ Муҳаммад Наимов аст, ки пештар дар ҳайати яккачини Тоҷикистон оид ба таэквон-до (ITF) ва кикбоксинг баромад мекарду чемпиони ҷаҳон ва Осиё дар синну соли гунногун гашта буд.
Ӯ, чун Муин Ғафуров, ҳамчунин дар мусобиқоти яккачини Дан Уайт иштирок дошт ва ӯ ҳам муҳорибаро бохт, ва ба UFC нафаромад. Бо вуҷуди ин, Наимов охири охирон шартномаро бо ин иттифоқи варзишӣ ба даст овард ва акнун дар мусобиқоти кӯтоҳи UFC Vegas 74 шаби бар 4-уми июн баромад хоҳад кард.
Ҳарифи ӯ Джейми Малларкии австралиягӣ (бо корномаи варзишии 16 ғалабаву 5 бохт) хоҳад буд. Муҳаммад бошад 8 ғалабаву 2 бохт дорад.
Шонси тоҷикистониён барои пойдор мондан дар UFC чӣ гуна аст?
Ҳамаи паҳлавонони тоҷик тибқи шартнома 4 муҳорибагӣ доранд, яъне ки ягон нафари онҳо барои як муҳориба шартнома набастаанд– якбора барои чанд мусобиқа. Ана ҳаминро нуктаи хушбинона дар корномаи варзишии эшон гуфтан мумкин аст.
“Гумон мекунам Тоҷикистон барои UFC – ин падидаи ғайриоддӣ аст. Размикорони тоҷик фарҳанги кишварро дар ин ташкилоти варзишӣ муаррифӣ хоҳанд кард, хусусиятҳои миллӣ ва характери миллиро ҳам. Ҳамзамон, сатҳи омодагии мактабҳои варзишии моро дар якҳарба нишон хоҳанд дод, бинобар ин, на камтар аз ҳамкасбони ғарбиашон дар ММА муваффақу таҷрибадор ва бомаҳоратанд”, - қайд менамояд Латипов.
Ба андешаи ӯ, варзишгарони ҷумҳурӣ ҳама имкониятҳоро доранд, то дар ҳайати лигаи UFC боқӣ монад.
“Тоҷикистониён ба UFC бо он марқоваранд, ки рӯҳияи ҷангӣ, ирода ба ғалаба, шавқ доранд. Боз – тамошобинону ҳаводороне доранд, ки онҳоро самимона дастгирӣ менамоянд. Бо ин ҳама эшон роҳбарияти UFC-ро тасхир намуданд ”,- илова мекунад таҳлилгар.
Барои дар ин иттифоқи варзишӣ “муқимӣ” шудан, ба варзишгарони тоҷик ғалаба ба даст овардан басо зарур аст – мувофиқи мақсад мебуд, агар ин ғалабаҳо барқсон, дурахшон ва пеш аз мӯҳлат бошанд, бовар дорад Латипов.
“Дар он ҷо муҳорибаи тамошобобро меписанданд, размикорони мо бошанд ба ин қодиранд. Бисёриҳо роҳи дуру дарозро дар варзиш тай намуданд, то худро дар UFC нишон диҳанд ва акнун набояд, ки ин фурсати қулаю ситорасозро аз даст диҳанд. Дар акси ҳол, бастани шартномаи дуюм бо лигаи UFC дигар имконнопазир мегардад”, - ҷамъбаст намуд фикрашро таҳлилгар