https://sputnik.tj/20230530/razmikor-tojik-naimov-ufc-payvast-1057434144.html
Соли бобарори размикорони тоҷик: Наимов низ ба UFC пайваст
Соли бобарори размикорони тоҷик: Наимов низ ба UFC пайваст
Sputnik Тоҷикистон
Бузургтарин ташкилоти ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои омехта чаҳорумин размикори тоҷикро ба сафи худ қабул кард. Нахустин рақобати ӯ рӯзҳои истироҳат доир мешавад
2023-05-30T12:40+0500
2023-05-30T12:40+0500
2023-05-30T13:18+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
размикор
мма
қаҳрамони ufc
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:0:1081:608_1920x0_80_0_0_53be8af8089bce868e5ee01683e63e4a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Муҳаммад Наимов бо ташкилоти бонуфузи ММА-и ҷаҳонӣ UFC шартнома баст.Дар ин бора менеҷери ӯ Брайан Батлер ва худаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.Мавсуф чаҳорумин варзишкори киҳшвар аст, ки пас аз Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров ба ин ташкилот мепайвандад.Ҳамин тариқ, бар асоси шартнома қарор аст Наимов аввалин набарди худро дар UFC шаби субҳи 4 июн дар Лас Вегас аноҷм медиҳад.Ҳарифи аввалини ӯ дар ин зина Ҷейми Мулларки, размандаи австралиягӣ хоҳад буд.Корномаи Наимов аз 8 ғалабаву 2 бохт ва аз ҳарифаш бошад, 16 пирӯзӣ ва 5 нокомӣ иборат аст.Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммад Наимов аз дигар намуди варзиш ба муҳорибаи омехта гузаштааст. Қаблан ӯ дар сабқати таэквондо (ITF) ва кикбоксинг бомуваффақият баромад мекард. Ӯ дар категорияҳои синну соли гуногун қаҳрамони Осиё ва ҷаҳон шудааст.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 июн Муин Ғафуров низ нахустин рақобати худро дар доираи UFC бо амрикоӣ Ҷон Кастанеда ба майдон мебарояд.Корномаи Муин Ғафурови 27-сола18 бар 4 ва рақиби 31-солаи ӯ бо лақаби "Секси Мекси" 19 бар 6 аст.Қаблан, як размикори дигари тоҷики мағлубнашуда Нурулло Алиев аз раҳбари UFC Дана Уайт даъват карда буд, ки ба варзишкорони тоҷик бештар қарордод имзо намоянд."Ман борҳо гуфтам: Дана, бо тоҷикон шартнома имзо кун. Мо воқеан мехоҳем, ки Ватани худро муаррифи кунем. Мехоҳем ҳар як-ду ҳафта рақобат кунем, то кишвари мо ҳам маъруф шавад. Дар ин ҷо касе калимаи "Тоҷикистонро" гуфта наметавонад", - гуфт Алиев.
https://sputnik.tj/20230503/razmikor-tojik-dar-ufc-mekubad-u-kist-1056854214.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:0:1081:810_1920x0_80_0_0_438a00d68d90caa4f5c59676beebd9f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сол бобарор размикорон тоҷик наимов ufc
сол бобарор размикорон тоҷик наимов ufc
Соли бобарори размикорони тоҷик: Наимов низ ба UFC пайваст
12:40 30.05.2023 (Навсозишуда: 13:18 30.05.2023) Бузургтарин ташкилоти ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои омехта чаҳорумин размикори тоҷикро ба сафи худ қабул кард. Нахустин рақобати ӯ рӯзҳои истироҳат доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Муҳаммад Наимов бо ташкилоти бонуфузи ММА-и ҷаҳонӣ UFC шартнома баст.
Дар ин бора менеҷери ӯ Брайан Батлер ва худаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Мавсуф чаҳорумин варзишкори киҳшвар аст, ки пас аз Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров ба ин ташкилот мепайвандад.
Ҳамин тариқ, бар асоси шартнома қарор аст Наимов аввалин набарди худро дар UFC шаби субҳи 4 июн дар Лас Вегас аноҷм медиҳад.
Ҳарифи аввалини ӯ дар ин зина Ҷейми Мулларки, размандаи австралиягӣ хоҳад буд.
Корномаи Наимов аз 8 ғалабаву 2 бохт ва аз ҳарифаш бошад, 16 пирӯзӣ ва 5 нокомӣ иборат аст.
Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммад Наимов аз дигар намуди варзиш ба муҳорибаи омехта гузаштааст.
Қаблан ӯ дар сабқати таэквондо (ITF) ва кикбоксинг бомуваффақият баромад мекард. Ӯ дар категорияҳои синну соли гуногун қаҳрамони Осиё ва ҷаҳон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 июн Муин Ғафуров низ нахустин рақобати худро дар доираи UFC бо амрикоӣ Ҷон Кастанеда ба майдон мебарояд.
Корномаи Муин Ғафурови 27-сола18 бар 4 ва рақиби 31-солаи ӯ бо лақаби "Секси Мекси" 19 бар 6 аст.
Қаблан, як размикори дигари тоҷики мағлубнашуда Нурулло Алиев аз раҳбари UFC Дана Уайт даъват карда буд, ки ба варзишкорони тоҷик бештар қарордод имзо намоянд.
"Ман борҳо гуфтам: Дана, бо тоҷикон шартнома имзо кун. Мо воқеан мехоҳем, ки Ватани худро муаррифи кунем. Мехоҳем ҳар як-ду ҳафта рақобат кунем, то кишвари мо ҳам маъруф шавад. Дар ин ҷо касе калимаи "Тоҷикистонро" гуфта наметавонад", - гуфт Алиев.