Муин Ғафуров ғалабаашро ба Эмомалӣ Раҳмон бахшид - видео

© Foto / из личного архива Муина ГафуроваМуин Гафуров, архивное фото
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
Размикори тоҷик пас аз пирӯзӣ изҳор дошт, ки ғалабаашро ба хотири 70 -солагии раисҷумҳури Тоҷикистон тақдим мекунад. Ӯ ҳарифашро бо нокаути техникӣ мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Муин Ғафуров, размикори шинохтаи тоҷик, баъди ним соли барканорӣ ба далели ошкор шудани допинг дар баданаш ба майдони муҳорибаҳо баромад ва пирӯз ҳам шуд.
Ҳарифи ӯ Диего Силваи бразилӣ буд, ки аз дасти размикори тоҷик тариқи нокаути техникӣ шикаст хӯрд.
Муҳорибаи Ғафуров ва Силва қувваозмоии асосии мусобиқаи LFA 144 буд ва дар шаҳри Су-Фоллси Амрико дар Дакотаи Ҷанубӣ баргузор шуд. Ин ду размикор дар вазни сабуки 61,2 кг қувваозмоӣ карданд.
Ҳамакнун бо шикаст додани размикори бразилиягӣ Муин Ғафуров имкон пайдо кард, ки ба ташкилоти UFC гузарад.
Муҳин пас аз камарбанди қаҳрамонӣ гирифтан изҳор намуд, ки ғалабаи худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебахшад.
Охирин қувваозмоии Ғафуров бо Чад Анҷелигери канадагӣ моҳи сентябри соли гузашта, дар чаҳорчӯби мусобиқаи "Dana White's Contender Series" анҷом ёфтва бо қарори доварон варзишгари тоҷик ин сабқатро бохт.
Муин Гафуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Бозгашти Муин ба майдон баъди баҳси доппинг
Муин Ғафуров бо қади 170,18 см ва вазни 64 кило дар муҳорибаҳои омехта бо лақаби Тоҷик баромад карда, ду бор қаҳрамони самбои ҷаҳон (WCSF), қаҳрамони ҷаҳонии грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалии самбои размӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0