Нурулло Алиев аз раҳбари UFC даъват кард, ки размикорони тоҷикро бештар ҷалб намояд

CC BY-SA 4.0 / commons.wikimedia.org/Nurullo Aliev / Нурулло Алиев
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик ба Дана Уайт гуфтааст, ки размикорони тоҷик бисёр мехоҳанд кишвари худро бо пирӯзиҳо дар мусобиқаҳои муҳорибаи омехта, шуҳратманд созанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Нурулло Алиев, размикори тоҷик аз раҳбари UFC Дана Уайт даъват кардааст, ки ба варзишкорони тоҷик таваҷҷуҳи бештар диҳад ва ба онҳо шартномаи бештар имзо кунад.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо “UFC Russia” изҳор кардааст.
"Ман борҳо гуфтам: Дана, бо тоҷикон шартнома имзо кун. Мо воқеан мехоҳем, ки Ватани худро шуҳратманд созем. Мехоҳем ҳар ҳафта ё ҳар ду ҳафта ба майдон бароем, то дар бораи кишвари мо ҳам донанд. Дар ин ҷо касе калимаи "Тоҷикистонро" гуфта наметавонад", - гуфт Алиев.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Набарди таърихӣ: Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар UFC пирӯз шуд-видео
Ёдовар мешавем, ки варзишкори тоҷик аввалин маротиба дар мусобиқаи “UFC Fight Night 90” дар Лас Вегас ба майдони рақобат баромад ва дар он бо қарори аксарияти доварон бар варзишгари бразилиягӣ Рафаэл Алвес пирӯзии комил ба даст овард.
Муҳориба бо муваффақияти гуногун идома дошт, аммо каме бартарии бештар Алиев дошт ва дар натиҷаи муҳорибаро ба фоидаи худ ҳал кард.
Пас аз пирӯзӣ дар мусобиқот аввалин зодаи Тоҷикистон, ки ба UFC шартнома баст, нахустин пирӯзиашро дар лигаи олӣ соҳиб шуд.
Лентаи хабарҳо
0