Ҷанбаи тиҷорӣ дорад: Боқиев гуфт, чаро варзишгарон ба ММА мераванд - видео

Обуна шудан
Ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон мутмаин аст, ки бидуни омили тиҷорӣ майли варзишгарон ба ҳунарҳои размии омехта баланд нахоҳад буд
Рӯй овардани бисёре аз варзишгарон ба ҳунарҳои размии омехта ҷанбаи тиҷорӣ дорад, изҳор дошт ҷудокори шинохтаи тоҷик, Расул Боқиев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вай гуфт, дар шароити пешрафти ҷаҳон варзишкорони тоҷик низ ба муваффақиятҳо ноил шуда истодаанд ва аллакай размикорони кишвар ба созмонҳои маъруф назири UFC роҳ ёфта истодаанд.
Ба суол дар мавриди сабаби майли рӯзафзуни варзишкорони риштаҳои мухталиф ба UFC, Боқиев изҳор дошт, ки дар миён омили тиҷорист. Чун бидуни ин розӣ нахоҳанд шуд, ки он ҷо ҳузур дошта бошанду ҳамдигарро латукӯб кунанд, гуфт варзишкор.
Соли бобарори размикорони тоҷик: Наимов низ ба UFC пайваст
Вай илова намуд, ки ҳунарҳои размии омехта низ мушкилоти худро дорад, рақобат сахт аст.
Дар мавриди ҷудо Боқиев илова намуд, ки дар ин ришта рақобат шадид мебошад.
"Барои он, ки варзишкор ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёбад, бояд мусобиқоти зиёдро паси сар кунад. Роҳ ёфтан аллакай худ ифтихор аст, ҷоизаи олимпӣ гирифтан ин орзуст", - илова намуд ӯ.
Вай гуфт, дар ин бахш низ Тоҷикистон ба пешрафтҳо ноил шуда истодааст. Ӯ аз мусобиқаи гран-прии Душанбе зикр намуд, ки рӯзҳои аввали моҳи июн дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад ва он яке аз мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0