https://sputnik.tj/20230524/jangandaho-artishi-ukraina-gharqshuda-dasti-kumak-mejuyad-1057341432.html
Ҷангандаҳои “F-16” барои артиши Украина: Ғарқшуда дасти кумак меҷӯяд
Ҷангандаҳои “F-16” барои артиши Украина: Ғарқшуда дасти кумак меҷӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Кашолдиҳии низои ҷангӣ дар Украина аз ҷониби Вашингтон аз рӯи сенарияи ҷанги Корея – ин Шамшери адолат ё худ балои муаллақ болои ҳамаи Аврупо ва ИМА мебошад
2023-05-24T20:45+0500
2023-05-24T20:45+0500
2023-05-24T21:12+0500
дар русия
украина
ҳавопаймо
ҳавопаймои ҷангӣ
има
аврупо
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/66/1022636668_0:46:3479:2003_1920x0_80_0_0_bdc61de3c71ba8e134925478da20ce8c.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Интиқоли ҷангандаҳои “F-16” ба режими киевӣ дар як вақт чун таҳдиди Аврупо нисбат ба Русия ва ҳам чун хасе, ки аз он ИМА ва НАТО-и дар театри амалиёти ҷангии украинӣ ғарқшудаистода медоранд, ба назар метобад.Тайёраҳои Вашингтон ба Украина фақат қурбониёни нав меоранд, ба Аврупо бошад - идомаи таназзули сиёсати ҷурғофӣ ва иқтисодиётро, ба Амрико - “хавфи бузурги”-и низои бевоситаи ҷангӣ бо Русияро, муқаррар – ядроиро.Маъмурияти ИМА 19 май ба иттифоқчиёни аврупоии худ иҷозат дод ба қувваҳои мусаллаҳи Украина ҷангандаҳои насли чоруми “F-16”-и истеҳсоли амрикоиро диҳанд, ва ваъда дод кӯшишҳои ҳамҷояро дар мавриди омӯзонидани сарнишинҳои украинӣ дастгирӣ намояд”.Кӯшишҳои ҳамҷоя Британияи Кабир, Нидерландия, Белгия, Данияро (рӯихат нопурра аст) дарбар мегирад. ИМА ва шариконаш дар Аврупо барномаи бозомӯзонидани сарнишинҳои артиши Укнаинаро барои тайёраҳои “F-16” ба роҳ мемонанд. Дар як вақт, омода намудани муҳандисон ва бригадаҳои таъмирӣ оғоз мегардад.Ба фишори як қатор давлатҳои аврупоӣ нигоҳ накарда, Кохи сафед ва Пентагон аз июли соли 2022 аз додани тайёраҳои “F-16” ба Украина сарпечӣ намуданд ва инро бемаврид, номатлуб ва хатарнок меҳисобанд. Омодагии тобистонаи сарнишинони “F-16” аз се сол то шаш сол вақт талаб мекунад, пешниҳоди тайёраҳо метавонад 11 млрд доллар арзиш дошта бошад.Тайёраҳои ” F-16”-и кӯҳна метавонанд “ҳамагӣ” бо арзиши 2 млрд доллар интиқол дода шаванд ва дар тӯли 24 моҳ ҷойгир карда мешаванд, аммо хатари низои ҷангии бевоситаи Россия – НАТО ҷой дорад.Дар ҳамин ҳол, сарнишинони қувваҳои мусаллаҳи Украина ба хоҷагони амрикоии худ “ҳавасмандии зиёд”- и худро намоиш доданд, президенти украинӣ Владимир Зеленский бошад, кӯшид ташвишҳову хавотириҳои Кохи сафедро бобати тақвияти ядроӣ аз байн барад – ваъда дод, ки ҷангандаҳоро “барои парвоз аз болои қаламравҳои Русия истифода нахоҳад бурд”.Қайд менамоем, ки дар Вашингтон ва Киев мафҳуми сарҳадҳои мавҷудаи Федератсияи Россияро ба таври худ тасаввур мекунанд.Дар Украина пайдо шудани қиркунандаҳои насли чоруми “F-16”, бешубҳа, ҳароратро дар низои ҷангӣ баланд мебардорад ва, ба андешаи вазири Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА Фрэнк Кендалл, “қоидаи бозиро дигар намекунад”.Авиатсияи зарбазан ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар қаламрави амалиёти вижаи низомӣ афзалият доранд – аз рӯи қудрати оташкушоӣ, сифатан ва дар шумора, аз ҷиҳати тактикӣ ва технологӣ. Кӯшишҳои ИМА ва НАТО бобати дар театри амалиёти ҷангии украинӣ гирифтани ташаббус аз Русия, яқин, ки ба шикаст маҳкум аст.Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, дар давраи амалиёти вижа 428 тайёраҳои ҷангӣ ва 235 чархболҳои артиши Украина нобуд карда шуданд, яъне ки якчанд ҳайати қувваҳои ҳарби-ҳавоии Украина - намунаи 24 феврали соли 2022. Тибқи иттилои Пентагон, артиши Украина ҳамагӣ 60 адад тайёра талаф додааст, лекин нобудсазии воқеии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Украинаро ҳеҷ кас инкор намекунад.Фаразан, интиқоли 60 ё 160 ҷангандаҳои нимдошти амрикоии “F-16 Block 30/32” –и намунаи соли 1986 чӣ медиҳад? Суоле, ки дар худ ҷавоб дорад.Монеаи технологӣХаробии воситаҳои заминии воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Украина, имкониятҳои маҳдуди Ғарб барои эҳёкунии онҳо, афзоиши нуфузи авиатсияи русиягӣ дар театри амалиёти ҷангӣ Вашингтонро ба қабули қарори хатарнок водор намуд. Интиқоли ҷангандаҳои “F-16” ба Киев ба назар амали ночоронаву ноумедона метобад – дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ воситаҳои русиягии мудофиаи ҳавоӣ обрӯи қиркунандаҳои амрикоиро бо кафолаташ нобуд месозанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ “Сухие” ҳукмронӣ дар ҳарими ҳавоии Украинаро ба касе гузашт намекунад.Нашрияи Military Watch "хеле маҳдуд будани ҷонсахтӣ"-и “F-16” дар муқовимат бо ҷангандаҳои дараҷаи олии “Су-30СМ”, “Су-35”, “МиГ-31” ва “Су-57“ пешгӯӣ мекунад. Воқеан ҳам, собиқадори амрикоӣ “F-16” аз рӯи хислатҳои ҷангӣ бо қиркунандаҳои русиягӣ, ки дар театри амалиёти ҷангии украинӣ босамар ва фаъолона “шикоркунӣ” доранд, сар ба сар зада наметавонад.Шояд, ҳадафҳои аслии лоиҳаи “F-16” барои қувваҳои мусаллаҳи Украина”-ро Вашингтон дар умқи қаламрави Русия мебинад:“шоҳин” қодир аст мушакҳои нишонрасиашон дақиқи “ҳаво ба замин”-и “AGM-158”-и дурии парвозаш то 980 км-ро истифода барад. Ба яроқҳои мушакиву бомбавии истеҳсоли ИМА умед кам аст.Пештар бомбаҳои ҳушманди “JDAM”, мушакҳои зиддирадарии “AGM-88 HARM” ва мушакҳои “ҳаво ба ҳаво”-и “AIM-120 AMRAAM”- дурии парвозашон то 180 км, ки пештар ба платформаҳои украинии “МиГ-29”, “Су-27” ва “Су-24” якҷо карда шуда буданд, дар ягон хел муқоиса ва ё муҳорибаи тан ба тан бо мушакҳои фароовозии русиягии “ҳаво ба ҳаво”- “Р-37М” –и дурии парвозаш 400 км истодагарӣ карда наметавонанд.Қудрати мушакҳои болдори британиягии “ҳаво ба замин”-и “Storm Shadow” бо дурии парвози то 250 км низ то ба дараҷае равшан нест – воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии русиягӣ рузе ҳафт ададӣ онҳоро нобуд месозанд – яъне, ки амалан - ҳамаи мушакҳои артиши Украина партоб додаро.Маҷмааи мудофиаи зиддиҳавоии “С-400 "Триумф" қодир аст нишонро аз дурии то 600 километр пайдо намояд ва онро дар масофаи 250 км, дар баландиҳои аз 10 метр то 27 км ба нишон гирад, яъне ки аз қаламравҳои Русия ва Беларус истода, самаранок ҳамаи ҳарами ҳавоии Украинаро “рӯбад”.Ҳатто маҷмааи пурраи аслиҳаи ҷангӣ, платформаи аз ҷиҳати технологӣ кӯҳнашудаи “F-16” тавозуни қувваҳоро дар театри амалиёти ҷангии украинӣ дигар намекунад. Муаммои алоҳида – ҷойгир намудани тайёраҳои “F-16”-и ба хизматрасонӣ серталаб дар пойгоҳҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина (ки онҳо воқеан мавҷуд нестанд). Парвозу нишасти ҳавопаймоҳои “F-16” аз ҳудуди давлатҳои ҳамсарҳади Лаҳистон ва Руминия – ин роҳи аз эҳтимол дури оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонист.Боз як сенарияи аз ақл берун – ин "барои худмуҳофизаткунӣ" ба режими киевӣ додани яроқи ядроии тактикӣ (тайёраҳои ҷангандаи “F-16” барандаи штатии бомбаҳои авиатсионии термоядроии “B-61” мебошад, ки ин бомбаҳо дар аслиҳахонаҳои аврупоии НАТО нигоҳ дошта мешавад). Оё метавонад Вашингтон ба режими лӯхтакмонанди киевӣ иҷозат диҳад ё надиҳад, то Армагеддони (мавзеи муборизаи охирини Хайр ва Шар) дар Аврупо маҳдудро барпо созад – ин суол мубоҳисаталаб аст.Дар ҳама ҳолатҳо Русия ба таври фаврӣ ва мувофиқи ченаки таҳдид вокуниш нишон медиҳад. Ленд-лизи беохири украинии ИМА ва НАТО барои ҳамаи Аврупо ва Амрикои Шимолӣ метавонад бо Армагеддон анҷом ёбад.Нашрияи Politico хабар дод, ки ҳоло ягон кишвар омода нест тайёраҳои худ (ва мавҷудияти худ)-ро ба фоидаи Украина қурбон кунад.Аммо ИМА Юнонро маҷбур кард, ба артиши Украина 32 тайёраҳои “F-16”-и навъи “Block-30”-и миёнаи солҳои 1970 истеҳсолшударо диҳад. Агар якчанд ”контсессионерҳо” (Белгия, Дания, Нидерландия) иҷборӣ-ихтиёрӣ ба Киев бист – сӣ ададӣ “F-16” фиристанд, авиатсияи қиркунандаи қувваҳои мусаллаҳи Украина то ба тирамоҳ бо теъдоди 100 мошин метавонад “аз хокистар бозтавлид шавад”.Сарнишинони тайёраҳои қиркунандаи украинӣ ба таври кофӣ таҷрибаву малака надоранд ва ба дараҷаи зарурӣ инглисидон нестанд, онҳо ҳамагӣ 30 нафаранд, аммо сари чанбари тайёраҳои “F-16” фақат “шартномадорон”-и натогӣ нишаста метавонанд. Қонунҳои Украина иҷозат медиҳад ба хазмати ҳарбӣ хориҷиён қабул карда шаванд.Ҳар чӣ ҳам бошад, дар уфуқ пайдошавии қиркунандаҳои амрикоӣ ба ҳадафу вазифаҳои амалиёти вижаи низомии русиягӣ таъсир намерасонад.Кашолдиҳии низои ҷангӣ дар Украина аз ҷониби Вашингтон аз рӯи сенарияи ҷанги Корея – ин Шамшери адолат ё худ балои муаллақ болои ҳамаи Аврупо ва ИМА мебошад.Ҷонишини вазири корҳои хориҷаи ФР Александр Грушко давлатҳои ғарбии ба Украина ҷангандаҳои “F-16” фиристодаистодаро дар бораи “хатари азим” огоҳ намуд.То даме, ки раъд надурахшад, президенти амрикоӣ Джозеф Байден ибодат намекунад.
https://sputnik.tj/20230522/ryabkov-ukraina-rusiya-maqsad-1057282810.html
https://sputnik.tj/20230518/lukashenko-ba-hamlai-javobii-artishi-ukraina-bovar-nadorad-1057217867.html
https://sputnik.tj/20230517/rasonaho-taktika-rusiya-ukraina-generalho-nato-1057190113.html
https://sputnik.tj/20230516/rusiya-ima-nato-osiyoi-markaziro-tahdid-1057143957.html
https://sputnik.tj/20230503/patrushev-nato-tamrin-neru-marz-rusiya-afzoish-1056835684.html
украина
има
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/66/1022636668_375:0:3106:2048_1920x0_80_0_0_c5773a20f7fcacae39854254131648fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
украина, ҷанганда, артиш, украина, има, русия, аврупо, има, ҷангандаҳои “f-16”
украина, ҷанганда, артиш, украина, има, русия, аврупо, има, ҷангандаҳои “f-16”
Ҷангандаҳои “F-16” барои артиши Украина: Ғарқшуда дасти кумак меҷӯяд
20:45 24.05.2023 (Навсозишуда: 21:12 24.05.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Кашолдиҳии низои ҷангӣ дар Украина аз ҷониби Вашингтон аз рӯи сенарияи ҷанги Корея – ин Шамшери адолат ё худ балои муаллақ болои ҳамаи Аврупо ва ИМА мебошад
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Интиқоли ҷангандаҳои “F-16” ба режими киевӣ дар як вақт чун таҳдиди Аврупо нисбат ба Русия ва ҳам чун хасе, ки аз он ИМА ва НАТО-и дар театри амалиёти ҷангии украинӣ ғарқшудаистода медоранд, ба назар метобад.
Тайёраҳои Вашингтон ба Украина фақат қурбониёни нав меоранд, ба Аврупо бошад - идомаи таназзули сиёсати ҷурғофӣ ва иқтисодиётро, ба Амрико - “хавфи бузурги”-и низои бевоситаи ҷангӣ бо Русияро, муқаррар – ядроиро.
Маъмурияти ИМА 19 май ба иттифоқчиёни аврупоии худ иҷозат дод ба қувваҳои мусаллаҳи Украина ҷангандаҳои насли чоруми “F-16”-и истеҳсоли амрикоиро диҳанд, ва ваъда дод кӯшишҳои ҳамҷояро дар мавриди омӯзонидани сарнишинҳои украинӣ дастгирӣ намояд”.
Кӯшишҳои ҳамҷоя Британияи Кабир, Нидерландия, Белгия, Данияро (рӯихат нопурра аст) дарбар мегирад. ИМА ва шариконаш дар Аврупо барномаи бозомӯзонидани сарнишинҳои артиши Укнаинаро барои тайёраҳои “F-16” ба роҳ мемонанд. Дар як вақт, омода намудани муҳандисон ва бригадаҳои таъмирӣ оғоз мегардад.
Ба фишори як қатор давлатҳои аврупоӣ нигоҳ накарда, Кохи сафед ва Пентагон аз июли соли 2022 аз додани тайёраҳои “F-16” ба Украина сарпечӣ намуданд ва инро бемаврид, номатлуб ва хатарнок меҳисобанд. Омодагии тобистонаи сарнишинони “F-16” аз се сол то шаш сол вақт талаб мекунад, пешниҳоди тайёраҳо метавонад 11 млрд доллар арзиш дошта бошад.
Тайёраҳои ” F-16”-и кӯҳна метавонанд “ҳамагӣ” бо арзиши 2 млрд доллар интиқол дода шаванд ва дар тӯли 24 моҳ ҷойгир карда мешаванд, аммо хатари низои ҷангии бевоситаи Россия – НАТО ҷой дорад.
Дар ҳамин ҳол, сарнишинони қувваҳои мусаллаҳи Украина ба хоҷагони амрикоии худ “ҳавасмандии зиёд”- и худро намоиш доданд, президенти украинӣ Владимир Зеленский бошад, кӯшид ташвишҳову хавотириҳои Кохи сафедро бобати тақвияти ядроӣ аз байн барад – ваъда дод, ки ҷангандаҳоро “барои парвоз аз болои қаламравҳои Русия истифода нахоҳад бурд”.
Қайд менамоем, ки дар Вашингтон ва Киев мафҳуми сарҳадҳои мавҷудаи Федератсияи Россияро ба таври худ тасаввур мекунанд.
Дар Украина пайдо шудани қиркунандаҳои насли чоруми “F-16”, бешубҳа, ҳароратро дар низои ҷангӣ баланд мебардорад ва, ба андешаи вазири Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА Фрэнк Кендалл, “қоидаи бозиро дигар намекунад”.
Авиатсияи зарбазан ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар қаламрави амалиёти вижаи низомӣ афзалият доранд – аз рӯи қудрати оташкушоӣ, сифатан ва дар шумора, аз ҷиҳати тактикӣ ва технологӣ. Кӯшишҳои ИМА ва НАТО бобати дар театри амалиёти ҷангии украинӣ гирифтани ташаббус аз Русия, яқин, ки ба шикаст маҳкум аст.
Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, дар давраи амалиёти вижа 428 тайёраҳои ҷангӣ ва 235 чархболҳои артиши Украина нобуд карда шуданд, яъне ки якчанд ҳайати қувваҳои ҳарби-ҳавоии Украина - намунаи 24 феврали соли 2022. Тибқи иттилои Пентагон, артиши Украина ҳамагӣ 60 адад тайёра талаф додааст, лекин нобудсазии воқеии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Украинаро ҳеҷ кас инкор намекунад.
Фаразан, интиқоли 60 ё 160 ҷангандаҳои нимдошти амрикоии “F-16 Block 30/32” –и намунаи соли 1986 чӣ медиҳад? Суоле, ки дар худ ҷавоб дорад.
Харобии воситаҳои заминии воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Украина, имкониятҳои маҳдуди Ғарб барои эҳёкунии онҳо, афзоиши нуфузи авиатсияи русиягӣ дар театри амалиёти ҷангӣ Вашингтонро ба қабули қарори хатарнок водор намуд.
Интиқоли ҷангандаҳои “F-16” ба Киев ба назар амали ночоронаву ноумедона метобад – дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ воситаҳои русиягии мудофиаи ҳавоӣ обрӯи қиркунандаҳои амрикоиро бо кафолаташ нобуд месозанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ “Сухие” ҳукмронӣ дар ҳарими ҳавоии Украинаро ба касе гузашт намекунад.
Нашрияи Military Watch "хеле маҳдуд будани ҷонсахтӣ"-и “F-16” дар муқовимат бо ҷангандаҳои дараҷаи олии “Су-30СМ”, “Су-35”, “МиГ-31” ва “Су-57“ пешгӯӣ мекунад. Воқеан ҳам, собиқадори амрикоӣ “F-16” аз рӯи хислатҳои ҷангӣ бо қиркунандаҳои русиягӣ, ки дар театри амалиёти ҷангии украинӣ босамар ва фаъолона “шикоркунӣ” доранд, сар ба сар зада наметавонад.
Шояд, ҳадафҳои аслии лоиҳаи “F-16” барои қувваҳои мусаллаҳи Украина”-ро Вашингтон дар умқи қаламрави Русия мебинад:“шоҳин” қодир аст мушакҳои нишонрасиашон дақиқи “ҳаво ба замин”-и “AGM-158”-и дурии парвозаш то 980 км-ро истифода барад. Ба яроқҳои мушакиву бомбавии истеҳсоли ИМА умед кам аст.
Пештар бомбаҳои ҳушманди “JDAM”, мушакҳои зиддирадарии “AGM-88 HARM” ва мушакҳои “ҳаво ба ҳаво”-и “AIM-120 AMRAAM”- дурии парвозашон то 180 км, ки пештар ба платформаҳои украинии “МиГ-29”, “Су-27” ва “Су-24” якҷо карда шуда буданд, дар ягон хел муқоиса ва ё муҳорибаи тан ба тан бо мушакҳои фароовозии русиягии “ҳаво ба ҳаво”- “Р-37М” –и дурии парвозаш 400 км истодагарӣ карда наметавонанд.
Қудрати мушакҳои болдори британиягии “ҳаво ба замин”-и “Storm Shadow” бо дурии парвози то 250 км низ то ба дараҷае равшан нест – воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии русиягӣ рузе ҳафт ададӣ онҳоро нобуд месозанд – яъне, ки амалан - ҳамаи мушакҳои артиши Украина партоб додаро.
Маҷмааи мудофиаи зиддиҳавоии “С-400 "Триумф" қодир аст нишонро аз дурии то 600 километр пайдо намояд ва онро дар масофаи 250 км, дар баландиҳои аз 10 метр то 27 км ба нишон гирад, яъне ки аз қаламравҳои Русия ва Беларус истода, самаранок ҳамаи ҳарами ҳавоии Украинаро “рӯбад”.
Ҳатто маҷмааи пурраи аслиҳаи ҷангӣ, платформаи аз ҷиҳати технологӣ кӯҳнашудаи “F-16” тавозуни қувваҳоро дар театри амалиёти ҷангии украинӣ дигар намекунад. Муаммои алоҳида – ҷойгир намудани тайёраҳои “F-16”-и ба хизматрасонӣ серталаб дар пойгоҳҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина (ки онҳо воқеан мавҷуд нестанд). Парвозу нишасти ҳавопаймоҳои “F-16” аз ҳудуди давлатҳои ҳамсарҳади Лаҳистон ва Руминия – ин роҳи аз эҳтимол дури оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонист.
Боз як сенарияи аз ақл берун – ин "барои худмуҳофизаткунӣ" ба режими киевӣ додани яроқи ядроии тактикӣ (тайёраҳои ҷангандаи “F-16” барандаи штатии бомбаҳои авиатсионии термоядроии “B-61” мебошад, ки ин бомбаҳо дар аслиҳахонаҳои аврупоии НАТО нигоҳ дошта мешавад). Оё метавонад Вашингтон ба режими лӯхтакмонанди киевӣ иҷозат диҳад ё надиҳад, то Армагеддони (мавзеи муборизаи охирини Хайр ва Шар) дар Аврупо маҳдудро барпо созад – ин суол мубоҳисаталаб аст.
Дар ҳама ҳолатҳо Русия ба таври фаврӣ ва мувофиқи ченаки таҳдид вокуниш нишон медиҳад. Ленд-лизи беохири украинии ИМА ва НАТО барои ҳамаи Аврупо ва Амрикои Шимолӣ метавонад бо Армагеддон анҷом ёбад.
Нашрияи Politico хабар дод, ки ҳоло ягон кишвар омода нест тайёраҳои худ (ва мавҷудияти худ)-ро ба фоидаи Украина қурбон кунад.
Аммо ИМА Юнонро маҷбур кард, ба артиши Украина 32 тайёраҳои “F-16”-и навъи “Block-30”-и миёнаи солҳои 1970 истеҳсолшударо диҳад. Агар якчанд ”контсессионерҳо” (Белгия, Дания, Нидерландия) иҷборӣ-ихтиёрӣ ба Киев бист – сӣ ададӣ “F-16” фиристанд, авиатсияи қиркунандаи қувваҳои мусаллаҳи Украина то ба тирамоҳ бо теъдоди 100 мошин метавонад “аз хокистар бозтавлид шавад”.
Сарнишинони тайёраҳои қиркунандаи украинӣ ба таври кофӣ таҷрибаву малака надоранд ва ба дараҷаи зарурӣ инглисидон нестанд, онҳо ҳамагӣ 30 нафаранд, аммо сари чанбари тайёраҳои “F-16” фақат “шартномадорон”-и натогӣ нишаста метавонанд. Қонунҳои Украина иҷозат медиҳад ба хазмати ҳарбӣ хориҷиён қабул карда шаванд.
Ҳар чӣ ҳам бошад, дар уфуқ пайдошавии қиркунандаҳои амрикоӣ ба ҳадафу вазифаҳои амалиёти вижаи низомии русиягӣ таъсир намерасонад.
Кашолдиҳии низои ҷангӣ дар Украина аз ҷониби Вашингтон аз рӯи сенарияи ҷанги Корея – ин Шамшери адолат ё худ балои муаллақ болои ҳамаи Аврупо ва ИМА мебошад.
Ҷонишини вазири корҳои хориҷаи ФР Александр Грушко давлатҳои ғарбии ба Украина ҷангандаҳои “F-16” фиристодаистодаро дар бораи “хатари азим” огоҳ намуд.То даме, ки раъд надурахшад, президенти амрикоӣ Джозеф Байден ибодат намекунад.