https://sputnik.tj/20230516/rusiya-ima-nato-osiyoi-markaziro-tahdid-1057143957.html
ВУХ Русия: ИМА ва НАТО талош доранд, Осиёи Марказиро ба майдони таҳдидҳо табдил диҳанд
ВУХ Русия: ИМА ва НАТО талош доранд, Осиёи Марказиро ба майдони таҳдидҳо табдил диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида ва Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ аз кӯшиши азсаргирии машқҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ ва истиқрори зерсохтори низомӣ даст намекашанд
2023-05-16T17:59+0500
2023-05-16T17:59+0500
2023-05-16T17:59+0500
дар русия
сиёсат
дар ҷаҳон
нато
има
"валдай"
амнияти марзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_33be344f0536dc86b3b07520adcdff82.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО талош доранд, минтақаи Осиёи Марказиро ба майдони таҳдид ба марзҳои ҷанубии Русия табдил диҳанд. Чунин мешуморад, Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия.Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар конфронси III дар Осиёи Марказӣ клуби мубоҳисавии "Валдай" изщори андеш кард. "Албатта, ҳамаи ин талошҳо ба ҷилавгирӣ аз Русия, ҷудо кардани минтақа аз кишвари мо ва тадриҷан ба майдони таҳдид ба марзҳои ҷанубии мо табдил додани он нигаронида шудааст". - гуфт ӯ.Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки Русия ва СПАД кафили амнияти минтақа мебошанд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки теъдоде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намехоҳанд риск кунанд ва омодаанд ба иқдомоти маҳдудкунандаи Ғарб алайҳи Русия бипайванданд. Олими тоҷик: ИМА ба зӯргӯӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардааст"Дар шароити муқовимати Русия бо Ғарби дастаҷамъӣ, ки ба ҳар касе, ки моро дастгирӣ мекунад, бо муҷозоти мухталиф таҳдид мекунад, барои дӯстони Осиёи Марказӣ кори осон нест. Дар як муддати кӯтоҳ минтақа ба як маркази таваҷҷуҳи хоса табдил ёфт", - афзуд Галузин.Дар ҳамин ҳол, ҷониби Русия тасмим гирифтааст, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқҷӯиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста таҳким бахшад, гуфт дипломат. Русия борҳо изҳор доштааст, ки кишвар бо фишори таҳримоте, ки Ғарб чанд сол пеш алайҳи Русия оғоз карда буд ва дар ҳоли афзоиш аст, мубориза хоҳад бурд.
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_2cdaeac41eed939ba441705d6c998e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, осиёи марказӣ, майдони таҳдидҳо, нато
има, осиёи марказӣ, майдони таҳдидҳо, нато
ВУХ Русия: ИМА ва НАТО талош доранд, Осиёи Марказиро ба майдони таҳдидҳо табдил диҳанд
Иёлоти Муттаҳида ва Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ аз талоши азсаргирии машқҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ ва истиқрори зерсохтори низомӣ даст намекашанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО талош доранд, минтақаи Осиёи Марказиро ба майдони таҳдид ба марзҳои ҷанубии Русия табдил диҳанд.
Чунин мешуморад, Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия.
"ИМА ва НАТО саъй доранд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ба истилоҳ ба барномаҳо ва тамринҳои шарикӣ ҷалб кунанд, онҳо даъват ба эҳёи машқҳои муштарак дар минтақа ва истиқрори зербиноҳои низомии худро бас намекунанд", - гуфт Галузин.
Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар конфронси III дар Осиёи Марказӣ клуби мубоҳисавии "Валдай" изщори андеш кард.
"Албатта, ҳамаи ин талошҳо ба ҷилавгирӣ аз Русия, ҷудо кардани минтақа аз кишвари мо ва тадриҷан ба майдони таҳдид ба марзҳои ҷанубии мо табдил додани он нигаронида шудааст". - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки Русия ва СПАД кафили амнияти минтақа мебошанд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки теъдоде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намехоҳанд риск кунанд ва омодаанд ба иқдомоти маҳдудкунандаи Ғарб алайҳи Русия бипайванданд.
"Дар шароити муқовимати Русия бо Ғарби дастаҷамъӣ, ки ба ҳар касе, ки моро дастгирӣ мекунад, бо муҷозоти мухталиф таҳдид мекунад, барои дӯстони Осиёи Марказӣ кори осон нест. Дар як муддати кӯтоҳ минтақа ба як маркази таваҷҷуҳи хоса табдил ёфт", - афзуд Галузин.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Русия тасмим гирифтааст, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқҷӯиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста таҳким бахшад, гуфт дипломат.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки кишвар бо фишори таҳримоте, ки Ғарб чанд сол пеш алайҳи Русия оғоз карда буд ва дар ҳоли афзоиш аст, мубориза хоҳад бурд.