https://sputnik.tj/20230522/ryabkov-ukraina-rusiya-maqsad-1057282810.html
Рябков дар бораи эҳтимоли додани F-16 ба Украина: Русия ба мақсадҳояш мерасад
Рябков дар бораи эҳтимоли додани F-16 ба Украина: Русия ба мақсадҳояш мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби вазири корҳои хориҷии Русия муътақид аст, ки феҳрасти силоҳи мавриди баҳс дер ё зуд ҳатман ба Украина интиқол дода хоҳад шуд
2023-05-22T13:35+0500
2023-05-22T13:35+0500
2023-05-22T13:35+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
вазорат
кор
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2676:1506_1920x0_80_0_0_d1784f2b14236f9a0fb5d5c02055975c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сарфи назар аз амалҳо ва ниятҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои афзоиши интиқоли силоҳ ба Украина, Русия аҳдофаш аз амалиёти низомиро бароварда хоҳад кард. Ин нуктаро муовини вазири умури хориҷии Русия, Сергей Рябков дар шарҳи эҳтимоли интиқоли ҳавопаймои ҷангӣ ба Украина баён дошт. Вай таъкид кард, ки сарфи назар аз интиқоли силоҳ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ва омӯзиши халабонҳои низомӣ, ҳадафҳои Русия дар амалиёти низомӣ амалӣ хоҳанд шуд."Корҳо ба ин самт мерафт ва ҳама гуна кӯшишҳои ба унвони як масъалаи баҳсбарангез вонамуд кардани қазия, гӯё ҳама чиз ҳанӯз пешакӣ муайян нашудааст, барои мо чандон таассуротро надошт", - гуфт ноиби вазир. Рябков гуфт, маълум аст, ки тамоми навъҳои аслиҳа ва таҷҳизоти низомие, ки гӯиё "мавриди баррасӣ" қарор дорад, ба навъе ба Украина интиқол хоҳанд ёфт. "Айнан ҳамин чиз ба омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ дахл дорад", - қайд кард муовини вазир. Вай ёдовар шуд, ки қаблан экипажҳои нерӯҳои Украина барои омӯзиш дар як қатор кишварҳо қабул шуда буданд, ки на ҳамаашон узви НАТО буданд. "Аммо ҳамаи ин кӯшишҳо комилан бефоида ва бемаънӣ мебошанд: имкониятҳои мо чунинанд, ки ҳамаи ҳадафҳои амалиёти низомӣ бешубҳа амалӣ хоҳанд шуд ва ҳеҷ гуна суиқасд ба амнияти Федератсияи Русия натиҷа нахоҳанд дошт", - таъкид намуд ӯ. Вай афзуд, ки дар ин маврид фарқ надорад, ки то чӣ ҳад тадбирҳои ғарби дастаҷамъӣ равона хоҳанд шуд, натиҷаи дилхоҳро ба даст намеоранд.
https://sputnik.tj/20230519/minnikhanov-gharb-rusiya-muhosira-qaror-1057239375.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2600:1950_1920x0_80_0_0_0660741d576f2cf55f82280da75cadfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, корҳо, хориҷӣ, рябков, амалиёт, низомӣ, русия
вазир, корҳо, хориҷӣ, рябков, амалиёт, низомӣ, русия
Рябков дар бораи эҳтимоли додани F-16 ба Украина: Русия ба мақсадҳояш мерасад
Ноиби вазири корҳои хориҷии Русия муътақид аст, ки феҳрасти силоҳи мавриди баҳс дер ё зуд ҳатман ба Украина интиқол дода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сарфи назар аз амалҳо ва ниятҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои афзоиши интиқоли силоҳ ба Украина, Русия аҳдофаш аз амалиёти низомиро бароварда хоҳад кард.
Ин нуктаро муовини вазири умури хориҷии Русия, Сергей Рябков дар шарҳи эҳтимоли интиқоли ҳавопаймои ҷангӣ ба Украина баён дошт.
Вай таъкид кард, ки сарфи назар аз интиқоли силоҳ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ва омӯзиши халабонҳои низомӣ, ҳадафҳои Русия дар амалиёти низомӣ амалӣ хоҳанд шуд.
"Корҳо ба ин самт мерафт ва ҳама гуна кӯшишҳои ба унвони як масъалаи баҳсбарангез вонамуд кардани қазия, гӯё ҳама чиз ҳанӯз пешакӣ муайян нашудааст, барои мо чандон таассуротро надошт", - гуфт ноиби вазир.
Рябков гуфт, маълум аст, ки тамоми навъҳои аслиҳа ва таҷҳизоти низомие, ки гӯиё "мавриди баррасӣ" қарор дорад, ба навъе ба Украина интиқол хоҳанд ёфт.
"Айнан ҳамин чиз ба омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ дахл дорад", - қайд кард муовини вазир.
Вай ёдовар шуд, ки қаблан экипажҳои нерӯҳои Украина барои омӯзиш дар як қатор кишварҳо қабул шуда буданд, ки на ҳамаашон узви НАТО буданд.
"Аммо ҳамаи ин кӯшишҳо комилан бефоида ва бемаънӣ мебошанд: имкониятҳои мо чунинанд, ки ҳамаи ҳадафҳои амалиёти низомӣ бешубҳа амалӣ хоҳанд шуд ва ҳеҷ гуна суиқасд ба амнияти Федератсияи Русия натиҷа нахоҳанд дошт", - таъкид намуд ӯ.
Вай афзуд, ки дар ин маврид фарқ надорад, ки то чӣ ҳад тадбирҳои ғарби дастаҷамъӣ равона хоҳанд шуд, натиҷаи дилхоҳро ба даст намеоранд.