Русия "ҳамлаи ҷавобӣ"-и артиши Украинаро ба таъхир андохт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЮжный сектор специальной военной операции
Южный сектор специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Силсилаи зарбаҳои Русия бар нерӯҳо ва аслиҳа дар хати ҷабҳа ва ба ақибгоҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина нақшаҳои “наполеонӣ”-и Киевро бекор кард.
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ин бошад “зарбаи ҷавобӣ”-и украиниро то ба фаношавӣ ба қафо партофта истодааст, кӯмаки низомии имконпазири Ғарби дастҷамъона бошад дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ нақше набозида истодааст.
Киев машғули қаллобии иттилоотӣ мебошад: беш аз ним сол аст, ки дам ба дам аввал бобати “зарбаи ҷавобӣ”-и артиши украинӣ эълон мекунад ва баъд онро мавқуф мегузорад: сабабҳояш – ба таври зарурӣ омода набудани артиш, нарасидани техникаи ҳарбӣ ва аслиҳаи натогӣ, интизории “майдон” дар Маскав, ва ё худ бо сабаби номусоидии обу ҳаво.
Телбакорона дар Аврупои ғарбӣ давлат ба давлат гаштаву васфи соҳибони хона намуда, яроқ пурсидани президент Владимир Зеленский вазъияти баамаломадаро умуман дигар карда наметавонад.
ИМА ва НАТО ҳарчӣ бештар кӯмаки низомиро ба режими киевӣ ба натиҷаҳои чашмраси фаъолияти амалиётбарии артиши Украина мепайвандад..
Фаъолнокии давомдори гурӯҳҳои украинии ҷосусиву харобкор дар самтҳои гунногун ё худ ротаҳои гурӯҳҳои тактикӣ, ки бо ҷуфти танкҳо пурқувват кунонида шудаанд, ҷои ҳуҷуми ҳақиқиро гирифта наметавонад.
Дым в Соледаре. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Расонаҳо: Тактикаи Русия дар Украина миёни генералҳои НАТО-ро шикаст
Дар як вақт, дар оғози моҳи май Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо яроқҳои нишонрасиашон дақиқ аз масофаи дур ва ҷойгиршавиашон дар баҳр барои безарагардонии қобилияти қӯшунҳои украинӣ ба ҳуҷум силсилаи зарбаҳои шадидро амалӣ намуданд.
Тасдиқи ин – мубориза бо қувваҳои аҳриманӣ (бо яроқи дорои урани тиҳишуда) дар нуқтаҳои ҷойгиршавии захираҳо, техника ва лавозимоти ҷангии артиши Украина дар Павлоград, Хмелнитск, Тернопол ва вилояти Днепропетровск мебошад.
Ба ҷое, ки дар наздикии Хмелнитск бо зарбаи русиягӣ лавозимоти ҷангии артиши украинӣ нобуд карда шуд, чанде пеш лавозимоти тӯпии натогӣ, мушакҳои болдори “Storm Shadow”, ҳамчунин – гулӯлаҳои дорои урани тиҳишуда оварда буданд.
Дар марказҳои вилоятҳои Хмелнитск ваТернопол афзоиши шуоафкании атомӣ ба қайд гирифта шуд, таҷҳизоти махсуси навбатдори украинӣ барои чен кардани шуоафканӣ дар “мавзеъҳои ғайримуқаррарӣ“ амал менамоянд.
Артиши русиягӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ усули мунтазам бехтани захираҳои душманро барои зарбаи ҷавобии оянда дар пурра озод намудани маҳалҳои нигоҳдошташудаи аҳолинишин идома медиҳад, лек шиори пас аз худ мондани замини сӯхтаро надорад.
Тибқи маълумоти Роберт Кеннедии хурдӣ (кадоме, ки ният дорад номзадиашро ба мансаби президентӣ дар интихоботи дарпешистода дар ИМА пешбарӣ намояд), ки аз се манбаи мустақими ғарбӣ гирифта шудааст, дар як сол артиши украинӣ 300 ҳазор аскарашро кушта аз даст дод.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
ВУХ Русия: ИМА ва НАТО талош доранд, Осиёи Марказиро ба майдони таҳдидҳо табдил диҳанд
Ин иттилоъ ба таври лозима баҳои пешравии ҷангии амалиёти вижаи низомии русиягиро медиҳад, ки ба режими киевӣ таваққӯи муайянро боз месозад.

Харобаҳои “қалъаи Баҳмут”

Гурӯҳҳои ҳуҷумкунандаи "Вагнер" мутассил аз Артёмовск боқимондаҳои қисмҳои артиши украиниро зада мебароранд.
Имрӯз артиши Украина кӯшиш намуда истодааст назоратро аз болои ду фисади қаламрави шаҳр дар канори ғарбии он нигоҳ дорад – ҷое, ки 30 бинои истиқоматӣ ба нуқтаҳои такягоҳиву дидбонӣ табдил дода шудаанд. Аз ҷониби украиниҳо хабар медиҳанд: “Дар кӯчаҳои Баҳмут ҳарорат сӯзон аст. Дар ҷаноҳҳо низ муҳорибаҳои шадид рафта истодаанд”.
Тибқи иттилои Вазорати дифои ФР, дар шимол ва ҷанубтари Артёмовск дар давоми як шабонарӯз қӯшунҳои артиши Украина кӯшишҳои ба якборагӣ рахна задани мудофиаи низомиёни русиягиро карданд. Бар акси иттилооти дурӯғини душман, Маскав шарҳ дод: ҳамаи ҳуҷумҳои зерсохторҳои украинӣ баргардонида шуданд, ба рахназании хати мудофиа роҳ дода нашуд.
Совет Россия - НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Аз эътибор соқит намудани ДОВСЕ: Русия ба тобути муносибатҳо бо НАТО охирин мехро кӯфт
Ғайр аз ин, маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии русиягӣ бо нобудсозии мушаки болдори “Storm Shadow”-и дурии зарбазанииаш 250 км ҳисобро кушоданд.
Вазири дифои Британия Бен Уоллес дар бораи ба Украина интиқол додани ин мушакҳои зерсадоӣ 11 май хабар дод, аммо интиқоли “Storm Shadow” бо қиркунандаҳои "МиГ-29" ва "Су-27" аз мероси Шартномаи Варшава бояд барвақттар сурат мегирифт.
Яъне, ки мо гардиши пурраи нақшавии тезутундсозиро мушоҳида менамоем, ки дидаву дониста Украинаро ба қурбониҳои нав маҳкум менамояд.
Бо теъдоди зиёд фиристода шудани мушакҳои болдори бритонӣ эҳтимолияти интиқоли тайёраҳои зарбазани "F-16", “Tornado” ва ё “Eurofighter” зиёд менамояд (зеро 20 - 30 тайёраҳои "МиГ-29" пештар аз он, ки садҳо мушакро партоб намоянд, нобуд карда шуданашон мумкин).
“Шоҳин”-ҳои амрикоӣ ва аврупоӣ ба ҳар роҳ президенти ИМА Ҷо Байденро ба гузаштан аз “хати сурх”-е, ки ҳини убураш дигар амният кафолат дода намешавад, тарғиб менамоянд.
Дар Ғарб на ҳама тахаюлоти кофӣ доранд, то минбаъд чӣ ранг гирифтани ҳаводисро тасаввур намоянд.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
НАТО, ҳамла ба Кремл, ҳадафҳои АВ: мусоҳибаи Песков бо телевизиони Сербистон
Нашрияи "The American Conservative" огоҳ менамоояд: “Вашингтон Украинаро дар бурдани муборизаи бемаънӣ набояд нафақат ҳавасманд накунад, балки ба ӯ чунин ваколатҳоро ҳам надиҳад ...”
“Идома додани ҷанг бо иштироки ИМА дар худ паёмади доманадоршавӣ ва тезутундшавиро дорад ”. Дар ҳақиқат, назари ҳушёрона ба ҳаводис: амнияти Амрико – дар ҷои аввал.
Аммо “дар сиёсати амрикоӣ, чун пештара,тарафдорони ҷанги доимӣ вазни бештар доранд ва бисёрии онҳо мудохилаи ғайриқонуниву якчандкаратаи низомии амрикоиро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ намудаанд .
Оҳанги суханронии онҳо дабдабанок аст, аммо мулоҳизарониашон - хатову хатарнок аст”.
Дар ҷараёни ташрифи дирӯзаи найрангбози асосии киевӣ ба Берлин ҳукумати Олмон ваъда дод кӯмакро ба артиши Украина дучанд мекунад.
Аллакай ба андозаи 2,75 млрд евро яроқу аслиҳа дода шудааст, қарор шуд боз ба маблағи 2,7 млрд евро яроқ дода мешавад.
Дар бастаи нав - 20 мошини ҷангии хушкигарди “Marder”, 30 танкҳои навсозикардашудаи "Leopard 1 A5", 18 тӯпи вазнини чархдор, 100 мошини зиреҳпӯш, зиёда аз 200 бесарнишинҳои ҷосусӣ, гулӯлаҳо барои артиллерия, мушакҳо барои "РСЗО" ва боз 4 маҷмааи мудофиаи зиддиҳвоии “IRIS-T SLM”.
Ҳукумати Олмон ба заводи истеҳсолкунанда иҷозатнома барои навсозӣ ва интиқол ба Киев ба миқдори умумии 178 танки “Leopard 1 А5”-ро додааст.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Патрушев: НАТО тамрини нерӯҳои худро дар наздикии марзи Русия афзоиш дод
Қариб, ки дар як вақт Фаронса қарор дод бригадаҳои механиконидашудаи артиши Украинаро бо даҳҳо мошинаҳои зиреҳпӯши ҷосуси “AMX-10RC” таъмин намояд, ва омода намудани мутахассисони украиниро барои истифода бурда тавонистани техникаи низомии фаронсавӣ идома диҳад.
Яроқнокшавии ошкорои Аврупои Ғарбӣ аз заволи Иттиҳоди Аврупо ва ҳамаи маҷмааи амнияти аврупоӣ шаҳодат медиҳад.
Камтар пештар ИМА ба Украина ваъдаи боз ба андозаи 1,2 млрд доллар кӯмаки низомӣ расонидарно дода буд. Ҳатто комплекси саноати ҳарбӣ, ба гуфти собиқ мушовири роҳбари Пентагон Дуглас Макгрегор, қодир нест чунин талафотҳои бузурги техникаи вазнини зиреҳпӯш аз ҷониби артиши Украинаро ҷуброн созад.
То имрӯз артиши Украина 9169 адад танк ва дигар намудҳои мошинҳои зиреҳпӯшро талаф додааст. “Дастгирии қатъӣ”-и НАТО ба нобудсозии давлати украинӣ ва қисми зиёди ӯҳдадориҳои ҳарбӣ доштаи аҳолӣ табдил ёфта истодааст.

Ҷанг “то охирин украинӣ” ба ҳақиқат табдил меёбад

Дар ҳамин ҳол ҳам иттифоқчиёни НАТО нияти кӯтоҳ кардан ё худ тезонидани роҳи шабаҳии Украина ба ин иттифоқро надоранд – ин масъала дар вохӯрии июлии сарони давлатҳои аъзо дар Вилнюс муҳокима карда намешавад. Бо кӯшишҳои валаноркунандаи НАТО режими киевӣ маҳкумшуда аст.
Селекторное совещание в Министерстве обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу: алайҳи Русия тамоми тавоноии НАТО равона шуд
Маҷаллаи амрикоии “The American Conservative” қайд менамояд: новобаста ба ваъдаҳои бемулоҳизаи НАТО аз соли 2008 оиди қабули Украина ба ин иттифоқ, на аъзоҳои амрикоӣ ва на аъзоҳои аврупоӣ омода набуданд шаҳрвандони худро барои ҳимояи Киев қурбон намоянд.
Бо вуҷуди ин, бурдани ҷанги ба хубӣ пардапӯшношудаи ғайримустақим, дар кадоме иттифоқчиён дар мазҳари ом чӣ гуна хубтар хизматчиёни низомии русиягиро ба қатл расониданро муҳокима доранд, хатари ба амалиётҳои ҷангии ҳақиқии доманадор табдил ёфтанро дорад”.
Нашрияи “19FortyFive” ба хонандагонаш кушоду равшан мефаҳмонад,”барои чӣ бар Путин ғалаба кардан даст намедиҳад”: “Ғарб дар умум ва, азҷумла – ИМА, захираи кофии яроқ ва аслиҳа надоранд, ва онҳо то охири соли 2023 аллакай наметавонанд Украинаро чунин таъмин намоянд, чун дар 14 моҳи аввали низои яроқнок”.
Бе ин бошад, ба андешаи роҳбари сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел, Киев “наметавонад худро ҳимоя намояд ва дар рӯзҳои бошумор меафтад”.
Нашрияи амрикоии "The National Interest" илова менамояд: "ИМА, вақте ки ба мухолифатандозӣ байни Русия ва Украина даст заданд, ба иштибоҳ роҳ доданд. Бар асари ин иштибоҳ онҳо бохт хоҳанд кард".
Ғарби дастҷамъӣ аллакай бохт кардааст – новобаста аз тулонӣ будан ва ҷурғофияи амалиёти вижаи низомии русиягӣ.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Захарова: Вақти он расидааст, ки НАТО ба нафақа равад
Украина аз оғоз иқтидори кофӣ барои мубориза бо Русия надошт, ИМА ва НАТО бошанд дар театри амалиёти ҷангии украинӣ бо ҳайрат заифии низомии худро диданду дарк намуданд.
Аз шикасти навбатии шармандавор НАТО-ро фақат фалокати сатҳи ҷаҳонӣ “наҷот” дода метавонад.
Лентаи хабарҳо
0