Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

НАТО, ҳамла ба Кремл, ҳадафҳои АВ: мусоҳибаи Песков бо телевизиони Сербистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Обуна шудан
Котиби матбуотии президенти Русия НАТО-ро аввал ғайримустақим ва сипас иштирокчии мустақими даргирии мусаллаҳона дар Украина дар канори Киев номид
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Иштибоҳҳои Ғарб Русияро маҷбур кард, ки дар Украина амалиёти вижа оғоз кунад, гуфт сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо шабакаи ATV аз Ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговинаи Серб.
"Русия як давлати хеле бузург аст, ки бо он чунин муносибат кардан мумкин нест ва Русия кишваре хеле қавӣ аст, ки таслимнашаванда аст", - гуфт котиби матбуотии раиси ҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вай, кишварҳои ғарбӣ "баъди пошхӯрии СССР моро фиреб доданд, онҳо инчунин шаш мавҷи густариши НАТО-ро ташкил карданд" ва мувофиқан ин васеъ кардани инфрасохтори низомии НАТО то сарҳади Федератсияи Русия аст.
"Гуфтан душвор аст, ки оянда чӣ мешавад. Ҳоло ҳама чиз он қадар зуд рух медиҳад, мо имкони пешгӯӣ карданро маҳдуд мекунем, хоҳ дар соҳаи иқтисод бошад ва хоҳ сиёсат. Дар натиҷа, НАТО аввал бавосита ва сипас ба як иштирокчии мустақими даргириҳои мусаллаҳона дар Украина дар канори Киев табдил ёфт", - гуфт Песков.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков аз ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни амалиёти вижа хабар дод
Ба гуфтаи ӯ, НАТО ҳоло дар канори Украина як иштирокчии аслии ин низоъ аст. Ҳама аз таъминоти зиёди силоҳ, муҳимот, маводди низомӣ, манобеъи молӣ ва ғайра хабар доранд.
Дар ҳамин ҳол, Русия силоҳҳои сохти ғарбиро меомӯзад, ки Киев ҳангоми даргириҳои мусаллаҳона истифода мекунад, гуфт сухангӯ.
Ӯ афзуд, муқоисаи зарфияти низомии Русия ва Украина хеле мушкил аст.
"Чаро русҳо ин қадар суст ҳаракат мекунанд? Чунки Русия ҷанг намекунад, мо ҷанг намекунем. Ҷанг кардан тамоман чизи дигар аст, ин комилан тахриби инфрасохтор, тахриби пурраи шаҳрҳо ва ғайра аст. Мо ин корро намекунем”,- гуфт ӯ.
Украинский военнослужащий под Бахмутом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Дар ИМА гуфтанд, ки Украинаро дар поёни низоъ бо Русия чӣ интизор аст
Песков таъкид кард, ки дар ҷараёни амалиёти вижа Русия саъй дорад инфрасохтор ва зиндагии мардумро ҳифз кунад.
Дар робита ба масъалаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Кремл, Песков онро кӯшиши ҳамлаи террористӣ номид - ба ин васила Украина худро ба як қатор давлатҳои ҳомиёни терроризм дохил кард.
Лентаи хабарҳо
0