Аз эътибор соқит намудани ДОВСЕ: Русия ба тобути муносибатҳо бо НАТО охирин мехро кӯфт

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСовет Россия - НАТО в Брюсселе
Совет Россия - НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Обуна шудан
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия иштироки кишвари худ дар Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупоро (ДОВСЕ) боздошт
ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik, Кирилл Стрельников. Раисҷумҳури Русия фармоишро дар бораи ба анҷом расонидани охирин корҳои расмиётӣ барои денонсатсия ё худ аз эътибор соқит намудани Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупоро (ДОВСЕ) ба имзо расонид.
Пас аз тасдиқи фармоиши мазкур аз ҷониби ҳарду палатаи Парлумони Русия ин Паймон, билохир, ҷое меравад, ки он ҷо аллакай дигар боқимондаҳои давраи "дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ошкорбаёнӣ" бо НАТО партофта шудаанд – ба қутти ахлотпартоӣ.
Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупоро (минбаъд - ДОВСЕ) – ҳанӯз соли 1990 дар авҷи “шарикӣ” бо Ғарб, то пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ замоне, ки иттифоқи Шартномаи Варшава арзи вуҷуд дошт, тавлид ёфтааст.
Мувофиқи азми имзокунандагон, Паймон байни блокҳои Варшава ва НАТО бояд эхтимолияти хуҷуми қуввахои афзалиятдоштаи қувваҳои як блоки ҳарбӣ ба дигарашро то ҳадди ниҳоӣ поён мефаровард, вагарна натиҷааш истифодаи яроқи ҳастаӣ шуда метавонист.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Патрушев: НАТО тамрини нерӯҳои худро дар наздикии марзи Русия афзоиш дод
Бинобар ин, дар Шартнома ба таври конкретӣ ва дақиқ маҳдудиятҳо дар бораи теъдоди намудҳои муайяни яроқу аслиҳа, ки дар кишварҳои тарафҳои мухолиф - хати марзгузорӣ - аз Уқёнуси Атлантик то ба қаторкӯҳҳои Урал, дарёи Урал ва баҳри Каспий мавҷуд буданашон мумкин буд, ном ба ном қайд карда шуда буд. Махсус зикр гардида буд, ки кишварҳои ҳарду блок (паймони Варшава ва НАТО) дар ин қаламравҳо теъдоду намуди якхелаи яроқҳоро бояд медоштанд.
Мувофиқи он навиштаҷотҳои зебо бо ранги сиёҳ дар коғази сафед, ки Паймон дар онҳо оварда шуда буд, Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравӣ бо иттифоқчиёнаш (аз созишнома ё худ блоки Варшава) ӯҳдадор буданд нозирони блоки НАТО - ро барои аз нав ҳисоб кардани техникаи ҷангӣ ва баҳоугзорӣ намудани омодагии ҷангии ин техника роҳ медод: шарикии стратегӣ ҳамеша баҳои худро дорад.
Лекин Иттифоқи шӯравии ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, чун блоки давлатҳои созишномаи Варшава, пош хӯрд.
Таҳти қарсакзании ҷаҳони озод давлатҳои ДОВСЕ дарбарнагирифтаи Словения, Латвия, Литва ва Эстония, ва дар паи онҳо Чехословакия - ба сифати Чехия ва Словакия - ҳамчунин Венгрия, Руминия ва Булғористон дар реҷаи филфавр аъзои НАТО шуданд.
Дар натиҷаи сӯиистеъмоли оддӣ таносуб дар яроқи маъмулӣ байни НАТО ва Русия (чун меросбари Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ ва шартномаҳои вай) се бар як ба фоидаи НАТО-ро ташкил медод.
Селекторное совещание в Министерстве обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу: алайҳи Русия тамоми тавоноии НАТО равона шуд
НАТО-ро ин хеле қонеъ мекунонд, аммо Русияро қаноатманд намекард. Бинобар ин, Русия соли 1999 дар Конфронси Истамбул талаб намуд ба ДОВСЕ дигаргуниҳои зарурӣ ворид сохта шаванд ва мақоми “статус-кво” (бозгашт ба ҳолати аввала) барқарор карда шавад. Аммо як қатор давлатҳои НАТО эътироф намудани воридсозии дигаргуниҳоро рад намуданд. Латвия, Литва ва Эстония бошанд, умуман нахостанд ба ин Паймон (яъне ДОВСЕ ) ҳамроҳ шаванд.
Дар натиҷа, Русия дар соли 2007-ум дар Вена Конфронси фавқулоддаи давлатҳо - иштирокчиёни ДОВСЕ-ро даъват намуд ва дар он чорабинӣ изҳор дошт, ки бе пайвастани Латвия, Литва ва Эстония, бе паст намудани теъдоди умумии яроқ ва техникаи давлатҳои НАТО то ба паритет (баробарӣ) бо Русия, ва ҳамчунин, бе иҷроиши боз як қатор шартҳо Шартномаи ДОВСЕ маъно нахоҳад дошт.
Русия ба он ишора дошт, ки НАТО-и дамида дар амал нисбат ба сатҳи ниҳоии яроқи маъмулӣ, ки дар Паймон соли 1990 оварда шудааст, яроқи бештаре дорад; ки иттифоқчиёни собиқ ҳиссаи яроқи худро аз нав ба қайд намегиранд; ки яроқҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои назди Балтик баҳисобногирифта мондаанд ва ин ҳолат барои Русия зараровар аст, зеро нозирони НАТО метавонанд меъёрҳои яроқро тибқи Шартномаи ДОВСЕ дар Русия назорат созанд, аммо ба Маскав имконияти назорати яроқҳои НАТО дода намешавад.
Военнослужащие артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работают по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Defender-23: Омодагии НАТО ба ҳамла ҷавобии артиши Украина ва шиддати низоъ бо Русия
Ғайр аз ин, Русия талаб намуд, ки дар муҳосиботи ДОВСЕ яроқҳои маъмулии пойгоҳҳои низомии дар Булғористон ва Руминия ҷойгирнамудаи ИМА низ ба ҳисоб гирифта шаванд .
ИМА сахт ранҷиданд ва эълон намуданд, ки пойгоҳҳои низомии дар Булғористон ва Руминия ҷойгирнамудаи ИМА-ро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳисоб гирифтан мумкин нест, зеро онҳо муваққатиянд – имрӯз ҳастанд, пагоҳ нестанд.
Табиист, ки чун бештари кафолатҳои ИМА, ин дурӯғи маҳз буд: дар натиҷа ҷузъиёти аҳдномаҳо бо Руминия ва Булғористон дар ин хусус расонаӣ шуданд, ки дар онҳо рӯирост ин пойгоҳҳои низомӣ чун доимӣ ном бурда мешуданд.
Пас аз гирифтани ҷавоби озод ва мутамаддинонаи “не” ба ҳамаи таклифҳои мо, аз соли 2007 то замони иҷрои таклифу талаботҳояш, то он даме ки НАТО Созишнаома дар бораи мутобиқатшавиро эътироф намекунанд ва софдилона талаботҳои ДОВСЕ-ро иҷро намекунанд, Русия ба иҷроиши талаботҳои ДОВСЕ мораторий эълон кард (иҷроиши онҳоро “ях кунонид”), аз соли 2015 бошад, аз иштирок дар машваратҳои якҷоя даст кашид.
Хандаовараш он аст, ки дар маърӯзаи Департаменти давлатии ИМА аз сои 2022 бахшида ба ДОВСЕ, Иёлоти муттаҳида дар иҷро накардани шартҳо маҳз Русияро айбдор намуданд ва аз он шикоят доштанд, ки Русияи нохубу аҳдшикан ҳолати хатарнокро ба миён овардааст - “новобаста ба кӯшишҳои дипломатии ИМА ва НАТО бобати бовар кунонидани Русия ба баргардонидан ба иҷроиши талаботҳои Паймон ДОВСЕ”.
Дар ҳамин ҳол , ғайришарикони мо фаромӯш карданд нишон диҳанд, ки маҳз Русия то як давраи муайян дақиқона, ҷаноҳи худро боз монда, ҳамаи ӯҳдадориҳояшро бобати ДОВСЕ иҷро мекард - ҳатто дар давраи ҷанг бо терроризм дар Чеченистон.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2023
ВУХ: Русия бо НАТО ва Украина танҳо мубориза мебарад
Ба ҳар ҳол, ба гуфти вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров, мо намехоҳем вонамуд кунем, ки ”дар театри сафсатагуён гӯё иштирок дорем”, ҳоло мо ба поёни деринтизори ин мазҳакаи фоҷиаомез наздик шудаем.
Табиист, ки ба унвонии мо аз ҷониби Ғарб ва лӯхтакҳои вай хавотириҳои зиёду беохир баён хоҳанд шуд ва боз як бори дигар моро "дар вайрон намудани меъмории амнияти Аврупо" гунаҳгор хоҳанд кард ва ва дар як вақт - барои танг намудани ҳамҷинсгароён мазаммат хоҳанд намуд.
Аммо мо савод дорем ва мунтазам манифести НАТО бобати муносибат бо Русияро такрор ба такрор мехонем, ки он ҷо бо сиёҳ бар сафед навиштаанд: “Федератсияи Русия аз ҳама хатари калон ва бевосита барои бехатарии НАТО, ҳамзамон, барои чаҳон ва субот дар минтақаҳои авро-атлантикӣ мебошад”.
Барои НАТО - мо душманони асосӣ, бевосита ва мустақим, ки бо кадоме аллакай ҷанги ҳақиқӣ бурда шуда истодааст. Дар чунин шароит ягона шартномае, ки маънӣ дорад мо ба душман барои имзо гузорем – ин шартнома дар бораи таслим шудани душман мебошад.
Лентаи хабарҳо
0