https://sputnik.tj/20230406/zakharova-vaqti-rasid-nato-nafaqa-1056253782.html
Захарова: Вақти он расидааст, ки НАТО ба нафақа равад
Захарова: Вақти он расидааст, ки НАТО ба нафақа равад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия сиёсати таҷовузкоронаи НАТО-ро, ки натиҷааш ҷангу тахрибу хунрезиҳо будааст, шарҳ дод
2023-04-06T20:33+0500
2023-04-06T20:33+0500
2023-04-06T20:33+0500
мария захарова
русия
ғарб
нато
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056242782_0:0:2747:1546_1920x0_80_0_0_9c57885106407874d5456a870a7da904.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Паймони Атлантикаи Шимолӣ кушиш мекунад, ки ҷаҳонро ба хатар тела дода, ва ба пайдо шудани марказҳои алтернативии қувваҳо роҳ надиҳад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод. Ба гуфтаи вай, амалҳо ва изҳороти НАТО нишон медиҳад, ки онҳо бо амният созгор нестанд. Аз ин як хулоса мебарояд — дар 74-солагӣ вақти ба нафақа баромадани паймон расидааст. Ба гуфтаи намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия, НАТО бо ба худ пайванд кардани Финландия талош дорад "тамоми системаи амнияти Аврупоро ғасб кунад". "Қурбонии навбатии НАТО Финландия буд, ки мақомоти он тасмим гирифтанд, бо бетарафии чандинсолаи кишварашон дар ивази табдили он ба як минтақаи хатти ҷабҳа видоъ кунанд", - афзуд Захарова.Вай инчунин афзуд, ки Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ нияти истоданро надорад. НАТО соли 1949 дар ибтидои "Ҷанги сард" таъсис ёфта буд ва ҳадафи асосии он мухолифат ба ҳокимияти Шӯравӣ буд. Кишварҳои муассиси созмон Белгия, Британияи Кабир, Дания, Исландия, Италия, Канада, Люксембург, Нидерландия, Норвегия, Португалия, ИМА ва Фаронса буданд. Соли 1991 дар Бонн мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон барпо гардид, ки дар он шартномае баро тавсеа надодани НАТО имзо шуд. Дар он вақт ба Паймони Атлантикаи Шимолӣ 16 давлат дохил мешуд, ҳозир бошад, он 31 аъзо дорад. Финландия 4 апрели соли 2023 расман 31-умин кишвари паймон гардид ва парчами он дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел барафрохта шуд. Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, ки вуруди ин кишвар ба эътилоф вазъ дар минтақаро бадтар мекунад. Маскав тавсеаи ин созмонро таҷовуз ба амнияти Федератсияи Русия медонад.
https://sputnik.tj/20220729/kreml-shvetsiya-finlandiya-nato-1050353044.html
русия
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056242782_306:0:2747:1831_1920x0_80_0_0_a61f35cdf74c8e91ac96e9ec08ebe43c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
захарова нато нафақа ғарб таҷовуз
захарова нато нафақа ғарб таҷовуз
Захарова: Вақти он расидааст, ки НАТО ба нафақа равад
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия сиёсати таҷовузкоронаи НАТО-ро, ки натиҷааш ҷангу тахрибу хунрезиҳо будааст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Паймони Атлантикаи Шимолӣ кушиш мекунад, ки ҷаҳонро ба хатар тела дода, ва ба пайдо шудани марказҳои алтернативии қувваҳо роҳ надиҳад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
Ба гуфтаи вай, амалҳо ва изҳороти НАТО нишон медиҳад, ки онҳо бо амният созгор нестанд. Аз ин як хулоса мебарояд — дар 74-солагӣ вақти ба нафақа баромадани паймон расидааст.
"Дар паси иттифоқчиёни НАТО ҷангҳо, ба харобазор табдил додани давлатҳо, ҷиноятҳои ҷангии беҷазо, куштори ғайринизомиён ва тахриби зербиноҳои ғайринизомӣ ҳастанд. Югославия, Ироқ, Афғонистон, Либия", - таъкид кард Захарова.
Ба гуфтаи намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия, НАТО бо ба худ пайванд кардани Финландия талош дорад "тамоми системаи амнияти Аврупоро ғасб кунад".
"Қурбонии навбатии НАТО Финландия буд, ки мақомоти он тасмим гирифтанд, бо бетарафии чандинсолаи кишварашон дар ивази табдили он ба як минтақаи хатти ҷабҳа видоъ кунанд", - афзуд Захарова.
Вай инчунин афзуд, ки Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ нияти истоданро надорад.
НАТО соли 1949 дар ибтидои "Ҷанги сард" таъсис ёфта буд ва ҳадафи асосии он мухолифат ба ҳокимияти Шӯравӣ буд.
Кишварҳои муассиси созмон Белгия, Британияи Кабир, Дания, Исландия, Италия, Канада, Люксембург, Нидерландия, Норвегия, Португалия, ИМА ва Фаронса буданд.
Соли 1991 дар Бонн мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон барпо гардид, ки дар он шартномае баро тавсеа надодани НАТО имзо шуд.
Дар он вақт ба Паймони Атлантикаи Шимолӣ 16 давлат дохил мешуд, ҳозир бошад, он 31 аъзо дорад.
Финландия 4 апрели соли 2023 расман 31-умин кишвари паймон гардид ва парчами он дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел барафрохта шуд.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, ки вуруди ин кишвар ба эътилоф вазъ дар минтақаро бадтар мекунад. Маскав тавсеаи ин созмонро таҷовуз ба амнияти Федератсияи Русия медонад.