Рамштайн: саҳми охирини ИМА ва НАТО дар эҳёи "лоиҳаи украинӣ"

© AP / Michal DyjukУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Обуна шудан
Низои украинӣ собит менамояд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО ба ҳамсояҳо дар сайёра фақат ҷанг, марг ва вайронкорӣ меоранд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бархилофи интизориҳои Киев “кишварҳои донор” дар пойгоҳи ҳавоии низомии Рамштайн боз қарори ба қувваҳои мусаллаҳи Украина додани қиркунандаҳои натогӣ ва мушакҳои дурпарвозро қабул накарданд. Нияти ба андозаи даҳ баробар зиёд намудани интиқоли яроқро низ надоранд.
Киштии “Украина” ғарқшавӣ дорад ва ба Ғарб маъное надорад, ки ба лоиҳаи ноумедкунандаи “ғалаба бар Русия”-и дастони лӯхтакҳои украинӣ беғаразона маблағ сарф кардан гирад.
Дар пойгоҳи низомии ҳавоии Рамштейн дар Олмон 21 апрел ҷаласаи 11-уми намояндагони панчоҳ “давлатҳои донор”-и режими киевӣ баргузор гардид.
Сардори Пентагона Ллойд Остин ва роҳбари кумитаи сардорони ситодҳои Артиши ИМА Марк Миллӣ кӯшиш доштанд иштирокдорони ҷаласаро бо “пешравии бузург” ва муҳим будани супориши махсус рӯҳбаланд намоянд. Аммо воқеияти театри амалиёти ҷангии украинӣ, далелу рақамҳо ба хушбинӣ водор намесозанд.
Вазъ дар Украина вобаста ба масъалаи ҳамгироь бо Аврупо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Медведев: "Тақсимоти ором"-и Украина беҳтар аз узвияти он дар НАТО аст
“Донорҳо” ба қарибӣ ба Украина беш аз 230 танк ва 1550 мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳам дигар маводу таҷҳизотҳоро расонида буданд, ки имкон медиҳад украиниҳо боз зиёда аз нӯҳ бригадаҳои нави танкии зиреҳпӯшро дастгирӣ намоянд.
Техникаи зиреҳпӯш кӯҳна барои рахназании низомиёни украинӣ дар дилхоҳ самти таъҷилӣ хело кам аст.
Ба Киев ваъда доданд, ки то тирамоҳ танкҳои амрикоии M1A1 Abrams бо танаҳои таъмиршуда (31 адад аз ҳайати Артиши ИМА) қодир нестанд ба мувозинати қувваҳои тарафҳо дар амалиёти вижаи низомӣ таъсиргузор бошанд.
Чун 11 ҳаз. хизматчиёни ҳарбии украинӣ, ки дар Амрико барои “ҳуҷуми баҳорӣ” “як қадар омодагиҳоро гузаштанд”. Барои фаъолнокии амалиёт Киев қувва ва воситаҳои кофӣ надорад, Ғарб бошад қурбонӣ талаб мекунад.
Дар ҳақиқат, бо интиқоли маҳдуди техникаи зиреҳпӯши кӯҳна ва осемасарона омода намудани чанд даҳҳазора “гладиаторҳо”, ИМА ва НАТО ноумедона мекӯшанд рафти амалиётҳои ҷангиро “зинда” намоянд.
Дар ғарб чунин меҳисобанд, ки иқтисодиёти Русия метавонад ба ҷанги дуру дароз дошт диҳад, фақат ба пуршиддаташ - не.
Действующий президент Молдавии Игорь Додон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Додон гуфт, мақомоти Молдова кишварро бо роҳи нақшаи Украина мебарад
Дар ин ҳол, нашрияи The Economist чунин меҳисобад, ки хароҷотҳои пулӣ – монеаи асосӣ барои амалиётҳои ҷангӣ нестанд, охир Маскав баробарвазнии иқтисодиро нигоҳ дошт ва дар як сол ба амалиётҳои вижаи низомӣ ҳамагӣ 5 триллион рубл ё худ 3%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилаашро сарф намудааст.
Дар ин давра Русия теъдоди зиёди техникаи низомӣ истеҳсол намуд ва дар нақша дорад дар соли 2023 боз 1,5 ҳаз. танк истеҳсол намояд – бар иловаи 12 ҳаз танки мавҷуда. Ва ин рақам ниҳоӣ нест.
Барои додани баҳои ҳаққонӣ ба захираи ҳарбии ғарбӣ бо 230 танк ва 1550 мошинҳои зиреҳпӯшро бояд ба назар гирифт: низомиёни русиягӣ аз 24 феврали соли 2022 техникаи зиреҳпӯшро бо теъдоди 8820 адад, азҷумла - 3 ҳаз. танкҳоро нобуд сохтанд.
Дар майдони ҷанг бо Русия сабқат намудани Ғарби дастҷамъона фоида надорад, ва режими лӯхтакмонанди киевӣ маҳкумшуда аст. Низои украинӣ собит менамояд, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳамсояҳо дар сайёра фақат ҷангу марг ва вайронкорӣ меорад.
Украина кайҳо боз аз Ғарб талаб дорад, ки интиқоли тайёраҳои қиркунандаи истеҳсоли амрикоии F-16 –ро сар кунад. Рӯзи ҷумъаи гузашта дар пойгоҳи ҳавоии низомии Рамштейн “кишварҳои донор” бори 11-ум ба Украина ҷавоби рад доданд.
Украинские войска ведут артиллерийский огонь в районе Бахмута - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО: Киев 12 дастаро барои ҳамлаи ҷавобӣ дар моҳи май омода мекунад
Тайёраҳои натогӣ орзуи дастнораси қувваҳои мусаллаҳи Украина мемонанд, аммо ба ҳар ҳол якчанд сарнишинони низомии украинӣ 23 апрел ба дар пойгоҳи ҳавоии низомии қувваҳои ҳабӣ-ҳавоии ИМА ба иёлоти Аризона омаданд. Маҳз дар ҳамин ҷо сарнишинони қиркунандаҳои амрикоии F-16 омӯзиш доранд.
Мантиқи авҷгирии низоъ Вашингтонро водор месозад (дер ё зуд) ба режими киевӣ қиркунандаҳои натогиро диҳад.
Дар оянда ҳар чӣ ҳам бошад, бо тезӣ бозомӯзӣ намудани сарнишинони нерӯҳои Украина номумкин аст - мошинаҳои амрикоӣ аз МиГ-29 дар маҷмааи яроқнокшавӣ ва тактикаи бурдани ҷанг фарқияти ҷиддӣ доранд. Солҳои зиёди омодагӣ ва соатҳои зиёди парвозҳои таълимӣ заруранд.
Аз ҷониби дигар, бисёрии тайёраҳои МиГ-29-и ба Украина додаи Лаҳистон ва Словакия бо сабаби бад будани ҳолаташон барои истифодабарӣ чун қисмҳои эҳтиётӣ фиристода шуданд.
Бинобар ин, дар пойгоҳи ҳавоии низомии Рамштейн мавзӯи тайёраҳои намуди шӯравии F-16-ро дигар идома надоданд. Барои интихоб ба мустаҳкамкунии мудофиаи зиддиҳавоии украинӣ афзалият дода шуд.
Боевая работа Су-34 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кори ҷангандаҳои Су-34 дар фазои Украина
Маҷмааҳои гунногуни мушакӣ ва тӯпии замони Ҷанги дуюми ҷаҳониро ба Украина ИМА, Олмон, Нидерландия, Фаронса, Италия, Норвегия, Канада интиқол медиҳанд.
Рӯихат тӯлонист, системаи мудофиаи зиддиҳавоии Украина бошад вуҷуд надорад. Аз мушакҳои фароовозии нишонгириашон дақиқи русиягӣ ҳимоя нест (дастгоҳҳои радарӣ онҳоро намебинанд) ё худ аз бомбаҳои ҳушманди якунимтоннагӣ (ки танаи осебнопазири пӯлодин доранд).
Ин воқеияти талхро якчанд маҷмааҳои мушакиву тӯпии замонавии (санҷишии) ЗРК NASAMS ё худ ҳамин гуна яроқҳои афсонавии ЗРК Patriot, ки дар тӯли 40 соли истифодабарӣ ягон тайёраро назадаанд, дигар карда наметавонанд.
Пас аз 11-умин тақлиди ҷаласаи Рамштейн муовини тундмизоҷи вазири корҳои хориҷаи Украина Андрей Мелник ин дафъа ҳам худашро ба даст гирифта натавониста, аз Ғарб “ба даҳ маротиба” зиёд намудани кӯмаки низомӣ ё худ ҷудо намудани аққалан 1%-и ММД-ро талаб намуд.
Дар ҳақиқат, чунин таассуроте ҳосил мешавад, ки ИМА ва НАТО қасдан артиши украиниро дар ҳолати “нимгуруснагӣ” нигоҳ медоранд.
Бывший премьер-министр Украины Николай Азаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Азаров: Украинаро зарур меояд, пулҳои додаи Ғарбро баргардонад
Бастаи навбатии кӯмаки низомии амрикоӣ ба Киев ба 325 млн доллар (аз 19 апрел) асосан лавозимоти ҷангиро, ки дар қувваҳои мусаллаҳи Украина доимо намерасанд, дарбар мегирад: гулӯлаҳо барои HIMARS, тири тӯпҳои 155-мм ва 105-мм, минаҳои зиддитанкӣ ва мушакҳои TOW.
Рӯихати ҷамъбастии интиқоли яроқ аз ИМА ба режими киевӣ ба 36 млрд доллар бовиқор ба назар мерасад, аммо ягон яроқи мӯъҷизакоре дар ин рӯихат нест. Кӯмаки низомии Ғарб маъно надорад ва Украинаро ба нобудшавии пурра маҳкум месозад.
Танҳо таи ҳафтаи гузашта дар минтақаҳои амалиёти вижаи низомӣ беш аз 4 ҳаз. нафар хизматчиёни ҳарбии украинӣ ҳалок гардиданд. Киев фақат 10%-и талафотро эътироф менамояд, боқимондаҳоро бошад беному нишон гумшуда эълон менамояд.
Пештар сардори Пентагон Ллойд Остин ва вазири дифои Британия Бен Уоллес дар Вашингтон бо хавотирӣ масъалаи Украинаро муҳокима доштанд - хатари берун аз қаламрави амалиёти вижаи низомӣ баромадани низову ҷанг ҷой дорад.
Раиси кумитаи сардорони ситодҳои Артиши ИМА Марк Миллӣ рӯшод изҳор дошт, ки ғалабаи артиши украинӣ дар соли 2023 аз эҳтимол дур аст.
Лентаи хабарҳо
0