Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кори ҷангандаҳои Су-34 дар фазои Украина

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия гуфт амалиётҳои ҷангандаҳои Русия дар қаламрави Украина бисёр муҳим мебошанд ва барои дастгирӣ ва ҳамлаҳои артиш кумаки назаррас мерасонанд
Вазорати дифои русия видеоро наш кардааст, ки дар он кори ҷангандаҳои Су-34-и артиши ҳавоии Русия дар минтақаи амалиёти махсус нишон дода шудааст.
Халабонҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Су-34 дар фурудгоҳҳо шабонарӯзӣ навбатдории доранд.
Халабонҳои ҳавзаи низомии Шарқӣ супоришҳои фармондеҳиро дар ҳар лаҳза омодаанд иҷро кунанд.
Талоши артиши Украина барои истифодаи силоҳи кимёӣ дар хати ҷабҳаи Запарожие
Амалиёти ҷангӣ аз сӯи халабонҳо ҳар вақт, шабонаруз ва дар ҳар шароити обу ҳаво бояд иҷро шавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.
Лентаи хабарҳо
0