Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Киев 12 дастаро барои ҳамлаи ҷавобӣ дар моҳи май омода мекунад

© AP / LibkosУкраинские войска ведут артиллерийский огонь в районе Бахмута
Украинские войска ведут артиллерийский огонь в районе Бахмута - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Обуна шудан
Киев ҳазорон сарбозро барои оғози ҳамлаи ҷавобӣ алайҳи нирӯҳои Русия дар моҳи оянда омода мекунад: муттаҳидони ИМА ва НАТО онҳоро таълим медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Киев 12 бригадаро барои ҳамлаи ҷавобӣ омода мекунад, менависад The ​​New York Times бо истинод ба маводҳои махфии Амрико, ки дар интернет паҳн шудаанд.
Бино ба гузоришҳо, Нерӯҳои мусаллаҳи Украина қасд доранд, дар авоили моҳи май як ҳамлаи ҷавобӣ алайҳи нерӯҳои Русияро оғоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Киев дар бораи ҷузъиёти нақшаи амалиётии худ бо Вошингтон маълумоти кам додааст.
Тибқи асноди фошшудаи Пентагон, ки дар бораи ҷадвали Киев маълумот медиҳад, интизор меравад, ки 12 бригадаи ҷангии Украина иборат аз тақрибан 4000 сарбоз ҳар кадом то охири моҳи апрел омода шаванд.
Улицы Артемовска и масштабы боев за город - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Киев пешрафти Русияро дар Артёмовск эътироф кард
ИМА ва ҳамтоёнаш дар НАТО аллакай аз 12 бригада 9-тоашро таълим дода, бо техника таъмин мекунанд.
Интизор меравад, ки амалиёт ба эҳтимоли зиёд дар самти ҷануб, аз ҷумла дар соҳили баҳри Азов идома ёбад.
Дар ҳамин ҳол, нашрия менависад, мақомоти амрикоӣ бовар надоранд, ки ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина вазъро ба нафъи онҳо ба таври куллӣ тағйир диҳад.
Ҳамин тавр, ҷангҳои пуршиддат дар назди Артемовск аллакай боиси талафоти зиёди ҳайати шахси ва кам шудани захираи лавозимоти ҷангӣ гардид.
Бинобар ин нашрияи The New York Times таъкид мекунад, ки натиҷаи эҳтимолитарин "сарбаста" боқӣ мемонад.
Дар ин замина коршиносони рус хостаанд, ки ба чунин изҳороти зидду нақиз бовар накунанд, зеро ин метавонад як бахше аз як маъракаи бардурӯғ бошад.
Лентаи хабарҳо
0