https://sputnik.tj/20230424/sukhan-nek-siloh-azm-ima-mute-osiyoi-markazi-1056648765.html
Бо сухани неку силоҳ: азми ИМА барои мутеъ кардани Осиёи Марказӣ
Бо сухани неку силоҳ: азми ИМА барои мутеъ кардани Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳама чиз мувофиқи демократияи амрикоист: интихоб ҳамеша вуҷуд дорад, ки якеаш аз они мост ва дигаре нодуруст. Касе ба ин пайравӣ кунад, азоб мекашад
2023-04-24T16:06+0500
2023-04-24T16:06+0500
2023-04-24T17:13+0500
осиёи марказӣ
сиёсат
има
интихоб
фишор
демократия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/15/1056596882_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cfc669426f8760d21526b36524c2d44e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik, Григорий Ростов. Охири моҳи апрел ёрдамчии вазири молияи ИМА Элизабет Розенберг нияти сафар ба Осиёи Марказиро дорад. Ҳадаф аз сафар – ба кишварҳои минтақа бори дигар хотиррсаон намудани он, ки таҳримҳоро гирд гашта, аз кӯмак ба Русия даст кашанд. Ин бонуи амалдор ба нақша гирифтаааст бо намояндагони тиҷорати калон вохурад ва мухтасар тасвир намояд, ки паёмади “итоат накардан” чӣ гуна хоҳад буд.Ин кӯшиш аввалини Кохи сафед барои ворид намудани носозӣ ба муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иттифоқчии стратегиашон (ин далелро ҳама эътироф менамоянд) – Русия - мебошад. Як сари қадам Вашингтон бо кӯшиши вайрон намудани ташаббуси рушд намудаистодаи тавлиди дигарбораи Роҳи абрешим ба полези Чин низ санги калон меандозад.“Ба хотир овардани ташрифи ба наздикӣ ба Остонаву Тошканд доштаи котиби давлатии ИМА Блинкен кофист. Албатта, ҳадафҳои эълоннамудаи ин сафар, чун анъанаи беҳтарини дипломатияи амрикоӣ, сирф башардӯстона буданд, яъне бинед ки мо кӯмак расонидан мехоҳем. Дар асл бошад, меҳмон бо тамоми қувва мекӯшид соҳибхонаҳоро аз оқибатҳои фоҷиабори ҳамкорӣ бо Маскав тарсонад. Ошкоро мегӯем, бештар ба таври фарзиявӣ, на амалӣ,” - қайд намуд сиёсатшинос Александр Афанасев.Блинкен қарор дод ин доруи талхро бо ваъдаи аз буҷети ИМА ҷудо намудани 25 млн доллар барои рушди давлатҳои Осиёи Марказӣ ширин намояд.Ғайриихтиёр саҳнаҳо аз филми овозадори голливудӣ ба хотир меоянд, ки дар он Доктур Фалокат пас аз бедор шудан аз хоби гарони дурудароз аз роҳбарияти СММ як миллион (!) доллар барои хароб накардани Замин талаб мекунад. Амалдорон барои пурсидани чунин маблағи ночиз ба якборагӣ механданд.Зиндагӣ филм нест, бинобар ин Остона ва Тошканд боадабона ба меҳмон барои чунин як “саховат” арзи сипос намуданд ва омодагиашонро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор доштанд. Аз миён як ҳафта ҳам нагузашта, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба таври оммавӣ стратегияи кишвараш дар мавриди ҳамкорӣ бо Маскавро муайян намуд.“Дар суруде дуруст хонда мешавад, ки Русия ва Ӯзбекистон ҳама вақт бо ҳам буданду бо ҳам мемонанд. Дар рӯзҳои аз ҳама мураккабу душвор мо якҷоя будем ва якҷоя мемонем,”- қайд намуд роҳбари Ӯзбекистон.Дар ҷадвали сафари амалдорони баландпояи амрикоӣ Тоҷикистон нишон дода нашудааст.Аввалан барои он, ки дар сатҳи байналхалқӣ дар ҷумҳурӣ корхонаи калони саноатӣ худаш мавҷуд нест. Дар сатҳи минтақа бошад, ин мақомро НОБ-и Роғун гирифтааст, лекин бояд аввал сохтмони ин иншоотро ба охир расонидан лозим.Ду банди асосии маҳсулоти содиротии кишвар металлҳои қимматбаҳо ва алюминий мебошанд. Пас аз ҷаҳиши кӯтоҳмуддати нархҳо истихроҷи аввалӣ кам гардид, дуюмӣ бошад ҳаҷмаш кироӣ несту дар шароити ҳозира талабгорони зиёд ҳам надорад.Фурӯши анъанавии қувваи барқ ба хориҷ бо мавсимият маҳдуд аст. Агар ба ин пардохткунандагони қарздорро илова кунем,аз ин самти содитрот маблағи дуруст ҳам ба даст намеояд.Ягона манбаи каму беш арзандаи даромад ба буҷети Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатианд. Ин бозор, ки бар асари бемориҳои ҳамагир коста шуда буд, оҳиста-оҳиста гардиши худро барқарор намуда истодааст. Қисми зиёди сокинони кишвар бошанд барои кор кардани маблағ маҳз ба Русия мераванд. Бинобар, ин интизори он шудан, ки гуфтугӯи Душанбе бо Маскав оҳанги ғайридӯстона хоҳад дошт – аз воқеият дур аст.Ин маънои онро надорад, ки Департаменти давлатии "тавоно" ин мавзӯи барояш муҳимро ба ҳоли худ монад. Сафири навтаъини ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони тоҷикро пардапӯшона дар мавриди ҳамкорӣ бо Русия ба эҳтиёткорӣ даъват намуд.Ҳамааш дар ҷараёни демократияи амрикоӣ: интихоб ҳамеша ҳаст, лекин – як роҳи мо нишон дода дуруст, роҳи дигар – нодуруст. Касе, ки бо роҳи нодуруст равад, азоб мекашад. Пас аз қамчин, чун ҳарвақта, сафир ба кулчақанд ҳам ишора намуд.“Мо ягона давлати бузург - донор барои Тоҷикистон мемонем ва ба нақша гирифтаем дар солҳои наздик боз кӯмаки зиёдтар ҷудо намоем. Бо назардошти 45 млн доллари дар сатҳи минтақа ҷудо мешуда - дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Осиёимарказии ташаббусҳои устувори иқтисодии аз ҷониби котиби давлатии ИМА эълоншуда,”- изҳор дошт Микаллер.Хотиррсаон намудани онро, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳар сол ба ватанашон аз Русия то 3 млрд доллар маблағ интиқол медиҳанд, сафир “фаромӯш” намуд. Саволи басо бесубот будани вазъият дар маъвои терроризм - дар ҳамсоякишвари Афғонистон, ки дар сохтани ин маъво маҳз департаменти давлатии ИМА дар якҷоягӣ бо НАТО даст доранд, боз ҳам беҷавоб монд.“Пӯшида нест, ки ИМА ва иттифоқчиёни ғарбии онҳо (пеш аз ҳама - Британия) шикасти моҷарои украиниро пешакӣ ҳис намуда, бо тамоми қувва мехоҳанд атрофи Русия ҳалқаи бесуботиро ба миён оранд, барои ин касе пеш ояд – сафарбар доранд. Лекин агар бо думравони аврупоиашон ин усул - хуб ё бад – ба кор равад, пас давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки чун анъана бо Маскав пайвандии зич доранд, хоҳиши зиёди аз рӯи нишондодҳои ИМА кор карданро изҳор накардаанд,” – хулосабарорӣ намудааст Афанасев.Ба ин зӯрзаниҳои Кохи сафед вазири корҳои хориҷаи Русия шарҳи ботамкин додааст:“Мо ҳамеша тарафдори онем, ки ҳар як кишвар авлавиятҳояшро муайян нмояд. На фақат аз ин нуқтаи назар андеша дорем, балки медонем, ки ҳамсояҳои мо, шариконамон, иттифоқчиёнамон аз СААД, ИИАО, ИДМ дар ҳама мулоқотҳо содиқ будани худро ба ӯҳдадориҳояшон, ки дар чаҳорчӯбаи ин сохторҳо, тасдиқ менамоянд,”- қайд намуд Лавров.Аз афташ, чунин стратегия барои Ғарби дастҷамъӣ бо ченакҳои онҳо ба таври зарурӣ “демократӣ” наметобад, бинобар ин, ҳар гуна “фиристодаҳояшон” усули фишор ба давлатҳое, ки дӯстиро бо Русия нигоҳ доштаанд, идома дода истодаанд. Чӣ илоҷ, чуноне, ки зарбулмасали шарқӣ садо медиҳад: “Саг ҷакидан мегирад, корвон бошад роҳашро идома медиҳад”.
https://sputnik.tj/20230423/ankara-ima-talosh-tashkili-davlati-terroristi-1056627691.html
https://sputnik.tj/20230413/patrushev-ima-kishvarhoi-sobiq-shuravi-fishor-1056435676.html
https://sputnik.tj/20230419/amriko-mekhohad-bo-rusiya-va-chin-suboti-strategiro-barrasi-namoyad-1056549025.html
https://sputnik.tj/20230417/vukh-rusiya-nato-ukrain-muboriza-1056508055.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/15/1056596882_154:0:2886:2048_1920x0_80_0_0_1f8012174124b7742c86f1b27d3b515a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳдид, сиёсат, кишварҳо, осиёи марказӣ
таҳдид, сиёсат, кишварҳо, осиёи марказӣ
Бо сухани неку силоҳ: азми ИМА барои мутеъ кардани Осиёи Марказӣ
16:06 24.04.2023 (Навсозишуда: 17:13 24.04.2023) Эксклюзив
Ҳама чиз мувофиқи демократияи амрикоист: интихоб ҳамеша вуҷуд дорад, ки якеаш аз они мост ва дигаре нодуруст. Касе ба ин пайравӣ кунад, азоб мекашад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik, Григорий Ростов. Охири моҳи апрел ёрдамчии вазири молияи ИМА Элизабет Розенберг нияти сафар ба Осиёи Марказиро дорад.
Ҳадаф аз сафар – ба кишварҳои минтақа бори дигар хотиррсаон намудани он, ки таҳримҳоро гирд гашта, аз кӯмак ба Русия даст кашанд. Ин бонуи амалдор ба нақша гирифтаааст бо намояндагони тиҷорати калон вохурад ва мухтасар тасвир намояд, ки паёмади “итоат накардан” чӣ гуна хоҳад буд.
"Вазорати молияи ИМА қарори равшану амалӣ дорад: нигоҳ доштани ҷалбшавӣ ба иқтисодиёти глобалӣ ва ё расонидани кӯмаки моддӣ ба ҷанги русиягӣ ва маҳрум гаштан аз дастрасӣ ба бозорҳои асосии ҷаҳонӣ,”- омадааст дар варақаи иттилоотии ин идора.
Ин кӯшиш аввалини Кохи сафед барои ворид намудани носозӣ ба муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иттифоқчии стратегиашон (ин далелро ҳама эътироф менамоянд) – Русия - мебошад.
Як сари қадам Вашингтон бо кӯшиши вайрон намудани ташаббуси рушд намудаистодаи тавлиди дигарбораи Роҳи абрешим ба полези Чин низ санги калон меандозад.
“Ба хотир овардани ташрифи ба наздикӣ ба Остонаву Тошканд доштаи котиби давлатии ИМА Блинкен кофист. Албатта, ҳадафҳои эълоннамудаи ин сафар, чун анъанаи беҳтарини дипломатияи амрикоӣ, сирф башардӯстона буданд, яъне бинед ки мо кӯмак расонидан мехоҳем.
Дар асл бошад, меҳмон бо тамоми қувва мекӯшид соҳибхонаҳоро аз оқибатҳои фоҷиабори ҳамкорӣ бо Маскав тарсонад. Ошкоро мегӯем, бештар ба таври фарзиявӣ, на амалӣ,” - қайд намуд сиёсатшинос Александр Афанасев.
Блинкен қарор дод ин доруи талхро бо ваъдаи аз буҷети ИМА ҷудо намудани 25 млн доллар барои рушди давлатҳои Осиёи Марказӣ ширин намояд.
Ғайриихтиёр саҳнаҳо аз филми овозадори голливудӣ ба хотир меоянд, ки дар он Доктур Фалокат пас аз бедор шудан аз хоби гарони дурудароз аз роҳбарияти СММ як миллион (!) доллар барои хароб накардани Замин талаб мекунад. Амалдорон барои пурсидани чунин маблағи ночиз ба якборагӣ механданд.
Зиндагӣ филм нест, бинобар ин Остона ва Тошканд боадабона ба меҳмон барои чунин як “саховат” арзи сипос намуданд ва омодагиашонро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор доштанд. Аз миён як ҳафта ҳам нагузашта, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба таври оммавӣ стратегияи кишвараш дар мавриди ҳамкорӣ бо Маскавро муайян намуд.
“Дар суруде дуруст хонда мешавад, ки Русия ва Ӯзбекистон ҳама вақт бо ҳам буданду бо ҳам мемонанд. Дар рӯзҳои аз ҳама мураккабу душвор мо якҷоя будем ва якҷоя мемонем,”- қайд намуд роҳбари Ӯзбекистон.
Дар ҷадвали сафари амалдорони баландпояи амрикоӣ Тоҷикистон нишон дода нашудааст.
Аввалан барои он, ки дар сатҳи байналхалқӣ дар ҷумҳурӣ корхонаи калони саноатӣ худаш мавҷуд нест. Дар сатҳи минтақа бошад, ин мақомро НОБ-и Роғун гирифтааст, лекин бояд аввал сохтмони ин иншоотро ба охир расонидан лозим.
Ду банди асосии маҳсулоти содиротии кишвар металлҳои қимматбаҳо ва алюминий мебошанд. Пас аз ҷаҳиши кӯтоҳмуддати нархҳо истихроҷи аввалӣ кам гардид, дуюмӣ бошад ҳаҷмаш кироӣ несту дар шароити ҳозира талабгорони зиёд ҳам надорад.
Фурӯши анъанавии қувваи барқ ба хориҷ бо мавсимият маҳдуд аст. Агар ба ин пардохткунандагони қарздорро илова кунем,аз ин самти содитрот маблағи дуруст ҳам ба даст намеояд.
Ягона манбаи каму беш арзандаи даромад ба буҷети Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатианд. Ин бозор, ки бар асари бемориҳои ҳамагир коста шуда буд, оҳиста-оҳиста гардиши худро барқарор намуда истодааст.
Қисми зиёди сокинони кишвар бошанд барои кор кардани маблағ маҳз ба Русия мераванд. Бинобар, ин интизори он шудан, ки гуфтугӯи Душанбе бо Маскав оҳанги ғайридӯстона хоҳад дошт – аз воқеият дур аст.
Ин маънои онро надорад, ки Департаменти давлатии "тавоно" ин мавзӯи барояш муҳимро ба ҳоли худ монад. Сафири навтаъини ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони тоҷикро пардапӯшона дар мавриди ҳамкорӣ бо Русия ба эҳтиёткорӣ даъват намуд.
“Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла - Тоҷикистон, худашон интихоб намуда метавонанд, нисбати онҳо таҳримҳо ҷорӣ карда мешаванд ё не,”- қайд намуд Мануэл Микаллер.
Ҳамааш дар ҷараёни демократияи амрикоӣ: интихоб ҳамеша ҳаст, лекин – як роҳи мо нишон дода дуруст, роҳи дигар – нодуруст. Касе, ки бо роҳи нодуруст равад, азоб мекашад. Пас аз қамчин, чун ҳарвақта, сафир ба кулчақанд ҳам ишора намуд.
“Мо ягона давлати бузург - донор барои Тоҷикистон мемонем ва ба нақша гирифтаем дар солҳои наздик боз кӯмаки зиёдтар ҷудо намоем. Бо назардошти 45 млн доллари дар сатҳи минтақа ҷудо мешуда - дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Осиёимарказии ташаббусҳои устувори иқтисодии аз ҷониби котиби давлатии ИМА эълоншуда,”- изҳор дошт Микаллер.
Хотиррсаон намудани онро, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳар сол ба ватанашон аз Русия то 3 млрд доллар маблағ интиқол медиҳанд, сафир “фаромӯш” намуд. Саволи басо бесубот будани вазъият дар маъвои терроризм - дар ҳамсоякишвари Афғонистон, ки дар сохтани ин маъво маҳз департаменти давлатии ИМА дар якҷоягӣ бо НАТО даст доранд, боз ҳам беҷавоб монд.
“Пӯшида нест, ки ИМА ва иттифоқчиёни ғарбии онҳо (пеш аз ҳама - Британия) шикасти моҷарои украиниро пешакӣ ҳис намуда, бо тамоми қувва мехоҳанд атрофи Русия ҳалқаи бесуботиро ба миён оранд, барои ин касе пеш ояд – сафарбар доранд.
Лекин агар бо думравони аврупоиашон ин усул - хуб ё бад – ба кор равад, пас давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки чун анъана бо Маскав пайвандии зич доранд, хоҳиши зиёди аз рӯи нишондодҳои ИМА кор карданро изҳор накардаанд,” – хулосабарорӣ намудааст Афанасев.
Ба ин зӯрзаниҳои Кохи сафед вазири корҳои хориҷаи Русия шарҳи ботамкин додааст:
“Мо ҳамеша тарафдори онем, ки ҳар як кишвар авлавиятҳояшро муайян нмояд. На фақат аз ин нуқтаи назар андеша дорем, балки медонем, ки ҳамсояҳои мо, шариконамон, иттифоқчиёнамон аз СААД, ИИАО, ИДМ дар ҳама мулоқотҳо содиқ будани худро ба ӯҳдадориҳояшон, ки дар чаҳорчӯбаи ин сохторҳо, тасдиқ менамоянд,”- қайд намуд Лавров.
Аз афташ, чунин стратегия барои Ғарби дастҷамъӣ бо ченакҳои онҳо ба таври зарурӣ “демократӣ” наметобад, бинобар ин, ҳар гуна “фиристодаҳояшон” усули фишор ба давлатҳое, ки дӯстиро бо Русия нигоҳ доштаанд, идома дода истодаанд. Чӣ илоҷ, чуноне, ки зарбулмасали шарқӣ садо медиҳад: “Саг ҷакидан мегирад, корвон бошад роҳашро идома медиҳад”.