Туркия гуфт, ИМА талоши ташкили давлати террористиро дорад: Дар куҷо?

© AFP 2023 / ADEM ALTANМинистр внутренних дел Турции Сулейман Сойлу
Министр внутренних дел Турции Сулейман Сойлу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Туркия он чиро, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ховари Миёна ва Афғонистон анҷом дод, хеле ғамгиновар арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Амрико кӯшиш мекунад, ки дар Ховари Миёна давлати террористӣ таъсис диҳад, изҳор дошт вазири умури дохилии Туркия, Сулаймон Сойлу.
Вай дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN Turk изҳор дошт, ки ин хафв, то даме ки ИМА мавҷуд аст, давом мекунад.
"Иёлоти Муттаҳида бо Афғонистон чӣ кард? Агар ман як амрикоӣ мебудам, аз ин ҳолат ғамгин мешудам. Мардум зери чархи ҳавопаймоҳо овезон буданд. Барқарор шудани Ироқу Сурия осон нест", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эрон низ ИМА-ро падари ДОИШ* хонд. Изҳороти Роберт Кеннедии хурдӣ, ки "ИМА бунёдгузори ДОИШ* аст" таъйид кард, ки падари ин гуруҳ кист, изҳор дошт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Носир Қонунӣ.
"Дар ин ки ИМА бунёдгузори ДОИШ* аст, ҳеч шакке набуд, аммо барои онҳое, ки дидаву дониста ба ҳақиқат чашм мепӯшиданд, изҳороти Роберт Кеннеди далели дигар аст", - изҳор дошт намояндаи ВУХ Эрон.
Встреча секретаря Совбеза России Н. Патрушева и заведующего канцелярией комиссии по иностранным делам ЦК Компартии Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Патрушев гуфт, ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ фишор меорад
Ӯ зикр намуд, ки Кеннедии хурдӣ, ки довталаби курсии президентӣ дар ИМА мебошад, эътироф кард, ки кишвараш созандаи ДОИШ* аст.
Рӯзи 19 апрел Роберт Кеннедии хурдӣ, ки ҷияни президенти 35-уми ИМА, Ҷон Кеннедӣ мебошад, расман дар бораи иштирокаш дар интихоботи раёсатҷумҳури кишвараш эълон дошт.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0