Патрушев гуфт, ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ фишор меорад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВстреча секретаря Совбеза России Н. Патрушева и заведующего канцелярией комиссии по иностранным делам ЦК Компартии Китая Ван И
Встреча секретаря Совбеза России Н. Патрушева и заведующего канцелярией комиссии по иностранным делам ЦК Компартии Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Обуна шудан
Дабири кулли Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки ИМА талош доранд сокинони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравиро ба низои Украина бикашанд
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Вашингтон ба ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ фишор меорад ва талош дорад, ки шаҳрвандони онҳоро ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ҷалб намояд, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
"Ҳоло ИМА бори дигар дар пайи барангехтани низоъҳо дар атрофи Русия ҳастанд ва болои кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ фишор меоранд то кӯшиш кунанд шаҳрвандони онҳоро ба ҷанги Украина бикашанд", - гуфт оқои Патрушев зимни суханронӣ дар Налчик дар нишасти масоили амниятӣ дар Қавқози Шимолӣ.
Қаблан Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, кишвараш кӯшишҳои Ғарбро барои шикастани робитаҳои кишварҳои Ииттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайгирӣ мекунад.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Шӯрои амнияти Русия аз талошҳои Ғарб барои тахриби равобити кишварҳои ИДМ гуфт
Вай гуфт, Шӯрои амнияти Русия кӯшишҳои Ғарбро барои шикастани робитаҳои ИДМ, ки дар тӯли садсолаҳо байни халқҳо инкишоф ёфтаанд.
Ӯ гуфт, ин корро бо роҳи зиёд кардани фишор ба давлатҳои ИДМ пиёда карданиянд, аммо Ғарб дар айни замон намехоҳад робитаҳояш бо ин кишварҳоро қатъ кунад, балки самтҳои ҳамкории мутақобилан судмандро бо ин ҷумҳуриҳо муайян мекунад.
Лентаи хабарҳо
0