Амрико мехоҳад бо Русия ва Чин суботи стратегиро баррасӣ намояд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Вашингтон
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Обуна шудан
Вазорати энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ахиран эълон кардааст, ки Вашингтон мехоҳад суботи стратегиро бо Русия ва Чин баррасӣ намояд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Амрико мехоҳад бо Русия ва Чин дар бораи суботи стратегӣ музокира кунад, аммо то имрӯз чунин муколама вуҷуд надорад, гуфт Ҷил Хрубӣ, раиси Идораи миллии амнияти ҳастаии вазорати энержии ИМА, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
"Бо Русия ва Чин, мо воқеан мехоҳем дар бораи суботи стратегӣ муколама дошта бошем, аммо мо ин корро намекунем", - гуфт вай дар як ҷаласаи кумитаи умури хориҷии Сенат.
Дар ИМА бахши ҳастаии низомӣ аз ҷониби Департаменти энергетика идора карда мешавад.
Встреча секретаря Совбеза России Н. Патрушева и заведующего канцелярией комиссии по иностранным делам ЦК Компартии Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Патрушев гуфт, ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ фишор меорад
Ба гуфтаи раиси Идораи амнияти ҳастаии ИМА, кишвар дар ҳоли ҳозир фанновариҳои озмоишии системаҳои ҷадидтарини аслиҳаро таҳия дорад ва вақте, ки равзанаи муколама бо Чин ва Русия дар мавриди суботи стратегӣ боз шавад, Вашингтон набояд бо мушкили набудани онҳо рӯ ба рӯ шавад.
Ҳамчунин, тавре ки Хруби хабар дод, ИМА ва муттаҳидонаш дар заминаи барномаи паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ дар дигар кишварҳо, аз қабили Украина, талошҳоро афзоиш медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0