https://sputnik.tj/20230403/kishvarho-iiao-mahsuloti-voridoti-khudi-ivaz-1056057840.html
Кишварҳои ИИАО қодиранд як зумра маҳсулоти воридотиро бо худӣ иваз намоянд
Кишварҳои ИИАО қодиранд як зумра маҳсулоти воридотиро бо худӣ иваз намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгарон рӯйхати молҳои истеҳсоли ғарбиро таҳия кардаанд, ки метавонанд дар ояндаи наздик бо колои худии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) иваз шаванд
2023-04-03T17:52+0500
2023-04-03T17:52+0500
2023-04-04T13:00+0500
авруосиё
иқтисод
саноат
воридот
содирот
иваз
иттиҳод
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр—Sputnik, Вадим Павлов. Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ (ВАВТ)-и назди вазорати рушди иқтисоди Русия дар доираи тадқиқоти худ номгӯи молу маҳсулотеро муайян намуд, ки барои ИИАО содиротивазкуниашон мувофиқи мақсад мебошад.Муфассал дар он хусус, ки кадом молҳоро, ки дар ҳаҷми зиёд аз хориҷа ворид карда мешуданд, кишварҳои ИИАО қодиранд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ иваз намоянд - дар маводи Sputnik.Афзалияти муқоисавии авруосиёгӣЯке аз вазифаҳои калидии ИИАО, ки аз ҷумла дар нақшаҳои кишварҳои аъзои ин иттифоқ инъикос ёфтаанд, ин афзун намудани иқтидори истеҳсолот дар соҳаи саноати ин кишварҳо мебошад. Дар мавриди амалӣ намудани ин нақшаҳо воридотивазкунӣ мақоми хос дорад.Масалан, дар Арманистон ва Қирғизистон барои дастгирӣ ва рушди бофандагӣ, истеҳсоли либос ва молҳои саноатӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. Ҳамзамон, имконияти ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро доранд.Дар Беларус, Қазоқистон ва Русия номгӯи васеи соҳаҳо ва молҳо тартиб дода шудаанд, ки ба воридотивазкунӣ нигаронида шудаанд ва дар ин чаҳочӯба чораҳои мухталифи дастгирӣ андешида шуда истодаанд.Дар асоси ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва ояндабинии дар кишварҳои ИИАО қабулшуда, таҳлилгарони ВАВТ номгӯи маҳсулоти барои воридотивазкунӣ мувофиқи мақсадро дар ин иттиҳод муайян намуданд.Масалан, таҳлилгарон мавқеи 462 молро интихоб намуданд, ки арзиши воридотии онҳо дар кишварҳои ИИАО дар ҷамъбасти соли 2021 на камтар аз 100 млн доллар ҳисоб карда шуд ва ҳисаи онҳо дар бозори Авруосиё бештар аз 50%-ро ташкил дод.Дар соли 2021 ба кишварҳои ИИАО ин молҳо ба маблағи умумии 189 млрд доллар ворид карда шуданд. Қисми зиёди онҳо ба саноати мошинсозӣ, таҷҳизоти барқӣ, воситаҳои нақлиёт ва саноати дорусозӣ мансуб аст.Аз 462 номгӯи мол, тибқи маълумоти ВАВТ, дар 59 номгӯй кишварҳои ИИАО афзалияти нисбӣ доранд. Яъне дар ин кишварҳо аллакай ин молу маҳсулот истеҳсол карда мешавад ва онҳо дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ҳам ҳастанд.Аз рӯи ин молҳо, мумкин, дар навбати аввал барои ғанӣ гардонидани бозори иттифоқ истеҳсолоти якҷоя ба роҳ монда шавад, ҳамзамон то ҳадди имкон кам кардани воридот аз берун имконпазир аст.Байни ин молу маҳсулот мошинҳои сабукрав ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо, муҳаррикҳои турбореактивӣ, техникаи маишии мухталиф (масалан, тафдонҳо), ноқилҳои барқӣ, маҳсулоти саноати бофандагӣ ва ғайраҳо ҳастанд.Ҳиссаи назаррасро комплекси саноативу кишоварзӣ дорад. Кишварҳои ИИАО дар истеҳсоли 28 номгӯй маҳсулот афзалияти нисбӣ доранд ва дар соли 2021 воридоти ин маҳсулотҳо аз давлатҳои ғайридӯст тақрибан 4,5 млрд долларро ташкил дод.Дар ин маврид аз комбайнҳо барои ҷамъоварии ғалладона, дигар намудҳои мошинҳои ҳосилғундор, мошинҳо барои тозакунӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ ва тухмиченкунакҳо барои тухмиҳо, ғалла ва дигар зироатҳои лӯбиёгии хушк, намудҳои омехтаҳои органикиву ғайриорганикӣ, пиёзакҳо ва ғайраҳо ном бурдан мумкин аст.Дар соли 2021 воридот аз рӯи 59 намуд молу маҳсулот ба кишварҳои ИИАО, ки дар истеҳсолоти кишварҳои ин иттиҳод афзалияти нисбӣ доранд,20,6 млрд долларро ташкил дод. Бо ибораи дигар, аз нӯҳ як ҳиссаи маҳсулоте, ки истеҳсолаш дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба нақша гирифта шудааст, дар ояндаи наздик воқеан ҳам ба маҳсулоти истеҳсоли худӣ иваз намудан мумкин аст.Қариб нисфи молу маҳсулотҳои дар боло номбаршуда ба ҷумҳурии Беларус рост меояд. Ин ҷумҳурӣ, аз рӯи таҳлилҳои ВАВТ, мустақилона ё худ дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои ин иттиҳод метавонад аз 59 номгӯй молу маҳсулот 27 номгӯяшро истеҳсол намояд. Дар ин маврид, он молҳое дар назар дошта шудаанд ки дар истеҳсолаш аъзоёни ИИАО афзалияти нисбӣ доранд.Қариб сеяки ин молу маҳсулотеро, ки дар истеҳсолаш кишварҳои ИИАО бартарӣ доранд, Русия истеҳсол намуда метавонад.Дар баробарии ин, дар Русия ҳаҷми аз ҳама калон дар мавриди арзиши мол истеҳсол гардиданаш мукин аст, ки қодир аст дар ояндаи наздик воридотивазкуни давлатҳои ин иттиҳод бошад. Ин ҷо сухан дар бораи таҷҳизотҳо барои қубурҳо, танаи дегҳо, зарфҳои ғунҷоишашон калон, чалакҳо ва ғайраҳо меравад. Дар соли 2021 ба давлатҳои иттиҳод ба андозаи 2,16 млрд доллар чунин молу маҳсулот ворид карда шудааст.Байни маҳсулоти ҳаҷман зиёд маҳсулоти трикотажии истеҳсоли Арманистон (ҷемпер, камзӯлча, нимтанаҳои сабук) ва ғайра аз нахҳои кимёвӣ меистад.Аз ҳама моли арзишаш баланд дар бозори иттиҳод дар соли 2021, ки метавонад Қирғизистон воридотивазкуни он бошад, дастгоҳҳои софкунӣ ё полоиш ва ҳам таҷҳизот барои софкорӣ буд,Арзиши ҳаҷми воридоти давлатҳои ин иттиҳод аз берун аз ИИАО аз рӯи натиҷаҳои порсола 610,8 млн долларро ташкил дод ва ҳиссаи дастгоҳҳои воридотӣ дар бозори авруосиёгӣ 99%-ро ташкил дод.Қазоқистон, дар навбати худ, метавонад содироти оксиди алюминийро иваз намояд, ки дар ин самт афзалияти нисбӣ дорад.Беш аз сеяки молу маҳсулотро, ки дар саноати кишварҳои иттиҳоди авроосиё бартарӣ доранд, метавонад Русия истеҳсол намояд.Дар баробари ин, ФР ҳаҷми аз ҳама калони молу маҳсулоти воридотивазкунанда ба давлатҳои ИИАО-ро аз қабили тачҳизотҳо барои қубурҳо (пайвандаку гарданак в.ғ.), танаи дегҳо, зарфҳои ғунҷоишашон калон, чалакҳо ва ғайраро дар ояндаи наздик ба роҳ монданаш мумкин аст. Дар соли 2021 чунин таҷҳизот ба давлатҳои ин иттиҳод дар ҳаҷми 2,16 млрд доллар ворид карда шуд.Байни моли воридотивазкунанда дар мавриди маҳсулоти трикотажӣ аз қабили ҷемперу камзӯлчаву нимтанаҳои сабук аз нахи сунъӣ, Арманистон бо имконятҳояш метавонад мақоми махсус дошта бошад. Аз ҳама моли арзишаш баланд дар бозори иттиҳод дар соли 2021, ки метавонад Қирғизистон воридотивазкуни он бошад, дастгоҳҳои софкунӣ ё полоиш ва ҳам таҷҳизот барои софкорӣ буд,Қазоқистон дар навбати худ, метавонан воридотивазкуни оксиди алюминий бошад, ки дар бархе аз соҳаи саноат истифода бурда мешавад аз санги сахт (корунда) бартарӣ дорад.Ин маҳсулоти рақами 2 дар мавриди баҳодиҳӣ аз рӯи арзиши маҳсулот мебошад, ки кишварҳои ИИАО метавонанд дар ояндаи наздик воридотивазкуни он бошанд. Дар соли 2021 аз берун аз давлатҳои иттиҳоди иқтисодӣ ба мабағи 1,65 млрд доллар оксиди алюминий харидорӣ карда шуд. Ҳиссаи воридот дар ин маврид 90%-ро ташкил дод.Ҳамзамон, маҳсулоти ҳаҷман калони воридотивазкунандаро аз қабили батареяву аккумуляторҳо барои тавлиди муҳаррикҳои поршениро метавонад Қазоқистон истеҳсол намояд. Аммо айни замон 73%-и чунин молҳо аз берун аз кишварҳои ИИАО харидорӣ карда мешавад.Ба андешаи таҳлилгарони ВАВТ, барои рушди истеҳсолоти якҷоя ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори дохил ва берун рақобатпазир зарур аст, ки маҷмӯи дастгирии комплексии лоиҳаҳои мазкурро таъмин намоем. Ва бунёди иқтидорқои зиёдатиро истисно намуда, занҷираи арзиши иловагиро бо хароҷоти камтарин созем.Зарурияти сармоягузорӣБарои ташкили истеҳсолот бо мақсади содиротивазкунӣ сармояи ҷиддӣ зарур аст, гуфт андешаҳояшро дар ин хусус дар сӯҳбат бо Sputnik роҳбари илмии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти глобалии Донишгоҳи молиявии назди ҳукумати ФР Александр Илинский.Ба гуфти ӯ, тиҷорати хусусӣ дар шароити камшавии истеҳсолот барои ба 6 моҳ ё аз ин зиёд, тиҷорати хусусӣ ин масъаларо табиист,ки ҳал карда наметавонад. Бинобар ин, ҳамшарикии самараноки далату сектори хусусӣ бо кафолати давлат ва ҳам бо маблағгузорӣ тибқи лоиҳа зарур аст.Муайян намудани он, ки имрӯз чӣ қадар сармоя барои ин ҳама зарур аст, душвор аст, мегӯяд Александр Илинский. Тахмин мезанам, ин ҷо сухан дар бораи ҳаҷми аз 2 то 5%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилаи (ММД) кишварҳои Иттиходи иқтисодии Авруосиё меравад.Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 ҳаҷми ММД дар кишварҳои ИИАО 173 трлн рубли русиягӣ (тақрибан 2,5 трлн доллар)-ро ташкил дод. Мутаносибан, аз 2 то 5%-и ин маблағ - ин 3,5-6,9 трлн рубл ё худ 45,4 - 89,5 млрд долларро ташкил медиҳад.Чуноне, ки дар сӯҳбат бо Sputnik роҳбари Маркази ҳамгироии иқтисодии ВАВТ Никита Пижиков зикр намуд, баҳои индекси алоқаҳои иқтисодӣ (NCA) фақат зинаи аввали кор дар ин самт буд.“Кишварҳои ИИАО мошинҳои сабукравро (бо муҳаррики то 1,5 литр) ба маблағи 801 млн доллар воридот намуданд. Аз ин ҳаҷм чӣ қадарашро Беларус метавонад имрӯз иваз намояд, ин суоли кушод аст. Аммо ин ҷумҳурӣ соҳиби истеҳсолоти рақобатпазири ин намуди мол буда, ин нақшаро амалӣ карда метавонад. Лекин, барои ин фаҳмидан лозим, ки чӣ қадар бояд Белорусро сармоягузорӣ кард ва ҳудуди он кадом аст," -идома медиҳад Никита Пижиков.Айни замон, ба гуфти Никита Пижиков, ВАВТ тадқиқоти иловагӣ бурда истодааст ва аз рӯи натиҷаҳои он ҳаҷми зарурии сармоягузорӣ ба ин ё он соҳаи ин ё он кишвар - аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё (ИИАО) барои қонеъ гардонидани талаботашон дар миқёси иттиҳод ба ин ё он молу маҳсулот аён мегардад. Тадқиқот дар охири сол поён меёбад.
https://sputnik.tj/20230328/ehtizori-sokhtori-moliyavii-gharb-bekhabar-rasid-1055811816.html
https://sputnik.tj/20230324/brao-enerzhi-ob-osiyoi-sarmoyaguzori-1055729510.html
https://sputnik.tj/20230203/jalasai-shuroi-baynihukumatii-avruosiyo-video-1054675464.html
https://sputnik.tj/20230126/tojikiston-tedod-korkhonaho-sarmoya-rusiya-afzoish-1054493808.html
https://sputnik.tj/20230123/putin-rushdi-nizom-pardokht-kishvar-avruosiyo-1054415595.html
https://sputnik.tj/20230117/rusiya-sahmiya-bonki-baynalmilali-tojikiston-1054261261.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишвар, иттиҳоди иқтисодӣ, авруосиё, тавлид, истеҳсолот
кишвар, иттиҳоди иқтисодӣ, авруосиё, тавлид, истеҳсолот
ДУШАНБЕ, 3 апр—Sputnik, Вадим Павлов. Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ (ВАВТ)-и назди вазорати рушди иқтисоди Русия дар доираи тадқиқоти худ номгӯи молу маҳсулотеро муайян намуд, ки барои ИИАО содиротивазкуниашон мувофиқи мақсад мебошад.
Муфассал дар он хусус, ки кадом молҳоро, ки дар ҳаҷми зиёд аз хориҷа ворид карда мешуданд, кишварҳои ИИАО қодиранд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ иваз намоянд - дар маводи Sputnik.
Афзалияти муқоисавии авруосиёгӣ
Яке аз вазифаҳои калидии ИИАО, ки аз ҷумла дар нақшаҳои кишварҳои аъзои ин иттифоқ инъикос ёфтаанд, ин афзун намудани иқтидори истеҳсолот дар соҳаи саноати ин кишварҳо мебошад. Дар мавриди амалӣ намудани ин нақшаҳо воридотивазкунӣ мақоми хос дорад.
Масалан, дар Арманистон ва Қирғизистон барои дастгирӣ ва рушди бофандагӣ, истеҳсоли либос ва молҳои саноатӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. Ҳамзамон, имконияти ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро доранд.
Дар Беларус, Қазоқистон ва Русия номгӯи васеи соҳаҳо ва молҳо тартиб дода шудаанд, ки ба воридотивазкунӣ нигаронида шудаанд ва дар ин чаҳочӯба чораҳои мухталифи дастгирӣ андешида шуда истодаанд.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва ояндабинии дар кишварҳои ИИАО қабулшуда, таҳлилгарони ВАВТ номгӯи маҳсулоти барои воридотивазкунӣ мувофиқи мақсадро дар ин иттиҳод муайян намуданд.
Масалан, таҳлилгарон мавқеи 462 молро интихоб намуданд, ки арзиши воридотии онҳо дар кишварҳои ИИАО дар ҷамъбасти соли 2021 на камтар аз 100 млн доллар ҳисоб карда шуд ва ҳисаи онҳо дар бозори Авруосиё бештар аз 50%-ро ташкил дод.
Дар соли 2021 ба кишварҳои ИИАО ин молҳо ба маблағи умумии 189 млрд доллар ворид карда шуданд. Қисми зиёди онҳо ба саноати мошинсозӣ, таҷҳизоти барқӣ, воситаҳои нақлиёт ва саноати дорусозӣ мансуб аст.
Аз 462 номгӯи мол, тибқи маълумоти ВАВТ, дар 59 номгӯй кишварҳои ИИАО афзалияти нисбӣ доранд. Яъне дар ин кишварҳо аллакай ин молу маҳсулот истеҳсол карда мешавад ва онҳо дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ҳам ҳастанд.
Аз рӯи ин молҳо, мумкин, дар навбати аввал барои ғанӣ гардонидани бозори иттифоқ истеҳсолоти якҷоя ба роҳ монда шавад, ҳамзамон то ҳадди имкон кам кардани воридот аз берун имконпазир аст.
Байни ин молу маҳсулот мошинҳои сабукрав ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо, муҳаррикҳои турбореактивӣ, техникаи маишии мухталиф (масалан, тафдонҳо), ноқилҳои барқӣ, маҳсулоти саноати бофандагӣ ва ғайраҳо ҳастанд.
Ҳиссаи назаррасро комплекси саноативу кишоварзӣ дорад. Кишварҳои ИИАО дар истеҳсоли 28 номгӯй маҳсулот афзалияти нисбӣ доранд ва дар соли 2021 воридоти ин маҳсулотҳо аз давлатҳои ғайридӯст тақрибан 4,5 млрд долларро ташкил дод.
Дар ин маврид аз комбайнҳо барои ҷамъоварии ғалладона, дигар намудҳои мошинҳои ҳосилғундор, мошинҳо барои тозакунӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ ва тухмиченкунакҳо барои тухмиҳо, ғалла ва дигар зироатҳои лӯбиёгии хушк, намудҳои омехтаҳои органикиву ғайриорганикӣ, пиёзакҳо ва ғайраҳо ном бурдан мумкин аст.
Дар соли 2021 воридот аз рӯи 59 намуд молу маҳсулот ба кишварҳои ИИАО, ки дар истеҳсолоти кишварҳои ин иттиҳод афзалияти нисбӣ доранд,20,6 млрд долларро ташкил дод. Бо ибораи дигар, аз нӯҳ як ҳиссаи маҳсулоте, ки истеҳсолаш дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба нақша гирифта шудааст, дар ояндаи наздик воқеан ҳам ба маҳсулоти истеҳсоли худӣ иваз намудан мумкин аст.
Қариб нисфи молу маҳсулотҳои дар боло номбаршуда ба ҷумҳурии Беларус рост меояд. Ин ҷумҳурӣ, аз рӯи таҳлилҳои ВАВТ, мустақилона ё худ дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои ин иттиҳод метавонад аз 59 номгӯй молу маҳсулот 27 номгӯяшро истеҳсол намояд. Дар ин маврид, он молҳое дар назар дошта шудаанд ки дар истеҳсолаш аъзоёни ИИАО афзалияти нисбӣ доранд.
Қариб сеяки ин молу маҳсулотеро, ки дар истеҳсолаш кишварҳои ИИАО бартарӣ доранд, Русия истеҳсол намуда метавонад.
Дар баробарии ин, дар Русия ҳаҷми аз ҳама калон дар мавриди арзиши мол истеҳсол гардиданаш мукин аст, ки қодир аст дар ояндаи наздик воридотивазкуни давлатҳои ин иттиҳод бошад. Ин ҷо сухан дар бораи таҷҳизотҳо барои қубурҳо, танаи дегҳо, зарфҳои ғунҷоишашон калон, чалакҳо ва ғайраҳо меравад.
Дар соли 2021 ба давлатҳои иттиҳод ба андозаи 2,16 млрд доллар чунин молу маҳсулот ворид карда шудааст.
Байни маҳсулоти ҳаҷман зиёд маҳсулоти трикотажии истеҳсоли Арманистон (ҷемпер, камзӯлча, нимтанаҳои сабук) ва ғайра аз нахҳои кимёвӣ меистад.
Аз ҳама моли арзишаш баланд дар бозори иттиҳод дар соли 2021, ки метавонад Қирғизистон воридотивазкуни он бошад, дастгоҳҳои софкунӣ ё полоиш ва ҳам таҷҳизот барои софкорӣ буд,
Арзиши ҳаҷми воридоти давлатҳои ин иттиҳод аз берун аз ИИАО аз рӯи натиҷаҳои порсола 610,8 млн долларро ташкил дод ва ҳиссаи дастгоҳҳои воридотӣ дар бозори авруосиёгӣ 99%-ро ташкил дод.
Қазоқистон, дар навбати худ, метавонад содироти оксиди алюминийро иваз намояд, ки дар ин самт афзалияти нисбӣ дорад.
Беш аз сеяки молу маҳсулотро, ки дар саноати кишварҳои иттиҳоди авроосиё бартарӣ доранд, метавонад Русия истеҳсол намояд.
Дар баробари ин, ФР ҳаҷми аз ҳама калони молу маҳсулоти воридотивазкунанда ба давлатҳои ИИАО-ро аз қабили тачҳизотҳо барои қубурҳо (пайвандаку гарданак в.ғ.), танаи дегҳо, зарфҳои ғунҷоишашон калон, чалакҳо ва ғайраро дар ояндаи наздик ба роҳ монданаш мумкин аст. Дар соли 2021 чунин таҷҳизот ба давлатҳои ин иттиҳод дар ҳаҷми 2,16 млрд доллар ворид карда шуд.
Байни моли воридотивазкунанда дар мавриди маҳсулоти трикотажӣ аз қабили ҷемперу камзӯлчаву нимтанаҳои сабук аз нахи сунъӣ, Арманистон бо имконятҳояш метавонад мақоми махсус дошта бошад. Аз ҳама моли арзишаш баланд дар бозори иттиҳод дар соли 2021, ки метавонад Қирғизистон воридотивазкуни он бошад, дастгоҳҳои софкунӣ ё полоиш ва ҳам таҷҳизот барои софкорӣ буд,
Қазоқистон дар навбати худ, метавонан воридотивазкуни оксиди алюминий бошад, ки дар бархе аз соҳаи саноат истифода бурда мешавад аз санги сахт (корунда) бартарӣ дорад.
Ин маҳсулоти рақами 2 дар мавриди баҳодиҳӣ аз рӯи арзиши маҳсулот мебошад, ки кишварҳои ИИАО метавонанд дар ояндаи наздик воридотивазкуни он бошанд. Дар соли 2021 аз берун аз давлатҳои иттиҳоди иқтисодӣ ба мабағи 1,65 млрд доллар оксиди алюминий харидорӣ карда шуд. Ҳиссаи воридот дар ин маврид 90%-ро ташкил дод.
Ҳамзамон, маҳсулоти ҳаҷман калони воридотивазкунандаро аз қабили батареяву аккумуляторҳо барои тавлиди муҳаррикҳои поршениро метавонад Қазоқистон истеҳсол намояд. Аммо айни замон 73%-и чунин молҳо аз берун аз кишварҳои ИИАО харидорӣ карда мешавад.
Ба андешаи таҳлилгарони ВАВТ, барои рушди истеҳсолоти якҷоя ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори дохил ва берун рақобатпазир зарур аст, ки маҷмӯи дастгирии комплексии лоиҳаҳои мазкурро таъмин намоем. Ва бунёди иқтидорқои зиёдатиро истисно намуда, занҷираи арзиши иловагиро бо хароҷоти камтарин созем.
Барои ташкили истеҳсолот бо мақсади содиротивазкунӣ сармояи ҷиддӣ зарур аст, гуфт андешаҳояшро дар ин хусус дар сӯҳбат бо Sputnik роҳбари илмии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти глобалии Донишгоҳи молиявии назди ҳукумати ФР Александр Илинский.
Ба гуфти ӯ, тиҷорати хусусӣ дар шароити камшавии истеҳсолот барои ба 6 моҳ ё аз ин зиёд, тиҷорати хусусӣ ин масъаларо табиист,ки ҳал карда наметавонад. Бинобар ин, ҳамшарикии самараноки далату сектори хусусӣ бо кафолати давлат ва ҳам бо маблағгузорӣ тибқи лоиҳа зарур аст.
Муайян намудани он, ки имрӯз чӣ қадар сармоя барои ин ҳама зарур аст, душвор аст, мегӯяд Александр Илинский. Тахмин мезанам, ин ҷо сухан дар бораи ҳаҷми аз 2 то 5%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилаи (ММД) кишварҳои Иттиходи иқтисодии Авруосиё меравад.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 ҳаҷми ММД дар кишварҳои ИИАО 173 трлн рубли русиягӣ (тақрибан 2,5 трлн доллар)-ро ташкил дод. Мутаносибан, аз 2 то 5%-и ин маблағ - ин 3,5-6,9 трлн рубл ё худ 45,4 - 89,5 млрд долларро ташкил медиҳад.
Чуноне, ки дар сӯҳбат бо Sputnik роҳбари Маркази ҳамгироии иқтисодии ВАВТ Никита Пижиков зикр намуд, баҳои индекси алоқаҳои иқтисодӣ (NCA) фақат зинаи аввали кор дар ин самт буд.
“Кишварҳои ИИАО мошинҳои сабукравро (бо муҳаррики то 1,5 литр) ба маблағи 801 млн доллар воридот намуданд. Аз ин ҳаҷм чӣ қадарашро Беларус метавонад имрӯз иваз намояд, ин суоли кушод аст. Аммо ин ҷумҳурӣ соҳиби истеҳсолоти рақобатпазири ин намуди мол буда, ин нақшаро амалӣ карда метавонад. Лекин, барои ин фаҳмидан лозим, ки чӣ қадар бояд Белорусро сармоягузорӣ кард ва ҳудуди он кадом аст," -идома медиҳад Никита Пижиков.
Айни замон, ба гуфти Никита Пижиков, ВАВТ тадқиқоти иловагӣ бурда истодааст ва аз рӯи натиҷаҳои он ҳаҷми зарурии сармоягузорӣ ба ин ё он соҳаи ин ё он кишвар - аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё (ИИАО) барои қонеъ гардонидани талаботашон дар миқёси иттиҳод ба ин ё он молу маҳсулот аён мегардад. Тадқиқот дар охири сол поён меёбад.