https://sputnik.tj/20230126/tojikiston-tedod-korkhonaho-sarmoya-rusiya-afzoish-1054493808.html
Дар Тоҷикистон теъдоди корхонаҳо бо ширкати сармояи Русия афзоиш меёбад
Дар Тоҷикистон теъдоди корхонаҳо бо ширкати сармояи Русия афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳое, ки дар охири соли 2022 ба бозори Тоҷикистон ворид шуданд, ба интиқоли борҳои васлӣ, расонидани хадамоти тиббӣ ва истеҳсоли нассоҷӣ сари кор доранд
2023-01-26T10:59+0500
2023-01-26T10:59+0500
2023-01-26T10:59+0500
дар тоҷикистон
дар русия
сармоя
иқтисод
тиҷорат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2022 корхонаҳо бо ширкати сармояи Русия нисбат ба соли 2021 10% бештар шудааст. Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе Евгений Коренков хабар дод. Миёни онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар охири соли 2022 ба бозори кишвар ворид шуда, ба интиқоли борҳои васлӣ, расонидани хадамоти тиббӣ, алоқаву хизматрасонии хӯрокворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ сари кор доранд. Коренков гуфт, авохири соли 2022 бори нахуст дар се соли ахир ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаи таъсиси як маркази нақлиётию логистикӣ дар Тоҷикистон матраҳ шуд.Чунин марказ барои нигаҳдорӣ ба навъҳо ҷудо кардан, логистикаи анборҳои маҳсулоти воридоту содироти ду мамлакат пешбинӣ шудааст."Ғайр аз ин, додани қарзи хурд ба харидорони тоҷики маҳсулоти Русия дар назар аст", - афзуд Коренков. Ба гуфтаи ӯ, Намояндагии тиҷоратӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои русӣ дар чаҳор лоиҳаи сармоягузории ояндадор фаъол аст. Ҳамин тариқ, коркарди меваҳо барои иловаҳо дар маҳсулоти қаннодӣ, ба кор андохтани як корхонаи пойафзол дар шимоли Тоҷикистон дар Хуҷанд, Маркази бузурги васлгарӣ дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Маркази суръатбахшии электронии фитосанитарӣ ба нақша гирифта шудааст. Вай афзуд, дар охири моҳи ноябр Бонки рушди Авруосиё дар Душанбе Стратегияи панҷсолаи Тоҷикистонро муаррифӣ кард, ки дар он таваҷҷуҳ ба лоиҳаҳо дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт равона шудааст, ки БОР омодаи сармоягузорист.
https://sputnik.tj/20211231/avtovaz-rusiya-voridi-bozori-tojikiston-meshavad-1044557402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон корхонаҳо сармоя русия афзоиш
тоҷикистон корхонаҳо сармоя русия афзоиш
Дар Тоҷикистон теъдоди корхонаҳо бо ширкати сармояи Русия афзоиш меёбад
Ширкатҳое, ки дар охири соли 2022 ба бозори Тоҷикистон ворид шуданд, ба интиқоли борҳои васлӣ, расонидани хадамоти тиббӣ ва истеҳсоли нассоҷӣ сари кор доранд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2022 корхонаҳо бо ширкати сармояи Русия нисбат ба соли 2021 10% бештар шудааст.
Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе Евгений Коренков хабар дод.
"Дар Тоҷикистон ҳоло 330 корхона бо ширкати сармояи Русия фаъолият мекунад, ки дар муқоиса бо соли 2021 теъдоди онҳо 10 дарсад афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
Миёни онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар охири соли 2022 ба бозори кишвар ворид шуда, ба интиқоли борҳои васлӣ, расонидани хадамоти тиббӣ, алоқаву хизматрасонии хӯрокворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ сари кор доранд.
Коренков гуфт, авохири соли 2022 бори нахуст дар се соли ахир ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаи таъсиси як маркази нақлиётию логистикӣ дар Тоҷикистон матраҳ шуд.
Чунин марказ барои нигаҳдорӣ ба навъҳо ҷудо кардан, логистикаи анборҳои маҳсулоти воридоту содироти ду мамлакат пешбинӣ шудааст.
"Ғайр аз ин, додани қарзи хурд ба харидорони тоҷики маҳсулоти Русия дар назар аст", - афзуд Коренков.
Ба гуфтаи ӯ, Намояндагии тиҷоратӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои русӣ дар чаҳор лоиҳаи сармоягузории ояндадор фаъол аст.
Ҳамин тариқ, коркарди меваҳо барои иловаҳо дар маҳсулоти қаннодӣ, ба кор андохтани як корхонаи пойафзол дар шимоли Тоҷикистон дар Хуҷанд, Маркази бузурги васлгарӣ дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Маркази суръатбахшии электронии фитосанитарӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вай афзуд, дар охири моҳи ноябр Бонки рушди Авруосиё дар Душанбе Стратегияи панҷсолаи Тоҷикистонро муаррифӣ кард, ки дар он таваҷҷуҳ ба лоиҳаҳо дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт равона шудааст, ки БОР омодаи сармоягузорист.