https://sputnik.tj/20230203/jalasai-shuroi-baynihukumatii-avruosiyo-video-1054675464.html
Ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё: Чӣ баррасӣ шуд - видео
Ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё: Чӣ баррасӣ шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Русия, ки дар соли равон роҳбариро дар ниҳодҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба уҳда дорад, таҳкими ҳамгироиро дар ин созмон пуштибонӣ мекунад
2023-02-03T17:15+0500
2023-02-03T17:15+0500
2023-02-03T17:15+0500
видео
авруосиё
алмаато
суҳбат
иқтисод
таҳким
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/03/1054674053_0:4:3092:1743_1920x0_80_0_0_0f85a4ff1c300a8c9dd17fcdd75c2481.jpg
Намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Ия Малкина дар бораи масъалаҳое гуфт, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии сари ҳалашон чораандешӣ доранд. Дар Алмаато нахустин нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба поён расид.Дар чорабинӣ ҳайатҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Иштирокчиён масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи иттиҳодия муайян намуданд. Таъкиди Путин бар рушди низомҳои пардохти миллии кишварҳои АвруОсиёЗимнан зикр гардид, ки тамоюли асосии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амиқсозии ҳамгироии кишварҳои узв мебошад. Таъкид шуд, ки ин раванд аз ҷониби Русия, роҳбарии ниҳодҳои ин иттиҳодро дар соли 2023 ба уҳда дорад, пуштибонӣ меёбад. Ҳамчунин, эҷоди бозорҳои умумии энержӣ, ташаккули сохтори нави нақлиётию логистикӣ ва бунёди ҳамкориҳои мутақобилан судманду баробарҳуқуқ миёни иттиҳод ва шарикони хориҷӣ аз ҷумлаи авлавияятҳои дигар арзёбӣ шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз довталабони узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷанбаҳои мусбату манфии пайвастшавӣ ба ин иттиҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд, аммо дар мавриди хулосаи ниҳоияшон ҳанӯз иттилое надодаанд.
алмаато
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/03/1054674053_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_e6d941dc5ce6aad04599a1d64271d0f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарон, ҳукумат, баррасӣ, авруосиё
сарон, ҳукумат, баррасӣ, авруосиё
Ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё: Чӣ баррасӣ шуд - видео
Русия, ки дар соли равон роҳбариро дар ниҳодҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба уҳда дорад, таҳкими ҳамгироиро дар ин созмон пуштибонӣ мекунад
Намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Ия Малкина дар бораи масъалаҳое гуфт, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии сари ҳалашон чораандешӣ доранд.
Дар Алмаато нахустин нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба поён расид.
Дар чорабинӣ ҳайатҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.
Иштирокчиён масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи иттиҳодия муайян намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки тамоюли асосии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амиқсозии ҳамгироии кишварҳои узв мебошад. Таъкид шуд, ки ин раванд аз ҷониби Русия, роҳбарии ниҳодҳои ин иттиҳодро дар соли 2023 ба уҳда дорад, пуштибонӣ меёбад.
Ҳамчунин, эҷоди бозорҳои умумии энержӣ, ташаккули сохтори нави нақлиётию логистикӣ ва бунёди ҳамкориҳои мутақобилан судманду баробарҳуқуқ миёни иттиҳод ва шарикони хориҷӣ аз ҷумлаи авлавияятҳои дигар арзёбӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз довталабони узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷанбаҳои мусбату манфии пайвастшавӣ ба ин иттиҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд, аммо дар мавриди хулосаи ниҳоияшон ҳанӯз иттилое надодаанд.