Эҳтизори сохтори молиявии Ғарб бехабар расид

© Sputnik / Роман Галкин / Гузариш ба медиабонкРабота инвестиционной компании, архивное фото
Работа инвестиционной компании, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Ахиран роҳбари Сандуқи байналмилалии пул (СБП) ба чанд масоили муҳими рӯзмара ишораи хос намудааст. Вай гуфт то ҳол нобоварӣ боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik, Елена Караева. Нобоварӣ“дар сатҳи хело баланд”боқӣ мемонад, бинобар ин“хатари ихтилофи ҷаҳон ба гурӯҳҳои нави сиёсиву ҷурғофӣ ба рақобати сахти иқтисодии байни онҳо оварда мерасонад,”- қайд намуд Кристалина Георгиева.Аз ин ҷо равшан, ки"камбизоативу муфлисшавӣ барои ҳама ногузир аст”
Мухолифат дар гуфтаҳои шахси аввали СБП ва луқмаҳои Макрон ва Шолтс бобати“суботи бонкҳои аврупоӣ ва сохтори молиявии аврупоӣ”,ки ду рӯз пеш аз ин садо дода буд,ҳайратовар буда наметавонад.
Суханонро бобати субот аз президенти Фаронса ва канслери Олмон қариб ки бо анбӯр кашида мегирифтанд. Зеро худи ҳамон рӯз арзиши саҳмияҳои бонки Deutsche Bank бо суръати фароовозӣ поён фаромад.
Шолтс,ки дар замони роҳбарии Меркел сарварии Вазорати молияро бар дӯш дошт,надониста наметавонист,ки “бонки даромаднок”(ин ибораи худи ӯст)ҳама чизро дар ҷаҳон гум кард-аз маблағҳои пулӣ сар карда то боварии сармоядорон ва ин ҳодиса дар лаҳзаҳое рух дод,ки ҷаноби Олаф бовар кунонид:“ҳамааш хуб,бонуи зебо”.
Макрон низ дар ҷаҳони молия одами нав нест ва қарор дод,ки ҳамовозӣ намояду боз бо ҳамин мазмун суруд хонд.Умуман,ҳамаи корҳо хубанд,ҷои хавотирӣ нест,ба такрор ҳамаро бовар мекунонид роҳбари Фаронса.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Амалиёти вижа, Ғарб, Донбасс, иқтисод ва пешрафт: Нуқоти муҳими паёми Путин ба парлумон
Аммо дастгоҳи молиявии аврупоро,ки бо бонкҳои амрикоӣ ва институтҳои молиявии швайтсариягӣ хунпайванд аст,тӯфон фаро мегирад.Ва баландии мавҷи тӯфон аз гардиши чархаи беқурбшавӣ вобастагӣ дорад.
Бонки марказии Аврупо мекӯшад аз ин тӯфон ҷилавгирӣ намояд.Ва ба ҳама ба таври назариявию ором бояд фаҳмонад,ки замони “пулҳои арзон”(фоизҳои пасттарини қарз) ба охир расид.
Ҳукуматҳо,ки бо дилхушву бо миллионҳо евро иқтисодиётро ғарқи пул намуда буданд, акнун сари он андеша доранд,ки барои фардо чӣ гуна нақшае бикашанд.
Дар шароити набудани сӯзишвориву барқу гази русӣ,дар шароити набудани ашёи хому бозори калони русиягӣ, ки дар он,бархилофи андешаи бисёриҳо,қобилияти харидории аҳолӣ баланд аст.Аз ҳама асосиаш-бозорест,ки хоҳиши истеъмол намудан дорад. Бисёр, бо майли том ва бо завқи баланд.
Маҳз барои ҳамин ҳам,вақте Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба таври тантанавӣ зидди Русия чораҳои маҳдудкунӣ ҷорӣ мекард,маҳз бонкдорони сатҳи олӣ ва молиячиёни варзида мегуфтанд,ки“ин корро кардан лозим нест.”
Насиҳатҳоро намешуниданд(байни огоҳкунандагон роҳбари Deutsche Bank низ буд). Сиёсатмадорони умумиаврупоӣ,ки бо як рӯзи ҳисоботӣ зиндагӣ мекунанд,гумон доштанд, ки агар қиёмате дар молия ва бонкҳо сар назад,он ҳеҷ гоҳ рух нахоҳад дод.Аммо дастгоҳи пулӣ,ки ба дигар қонунҳо итоат мекунад,ба фаровардани торсакиҳои обдор ба иқтисодиёти қитъа сар кард.
Пресс-конференция министра иностранных дел С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Лавров: Талошҳои Ғарб барои инзивои Русия ноком шуданд
Швейтсарияе, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо нест,маҷбур буд барои наҷоти бонки Credit Suisse тақрибан 50 миллиард франк сарф кунад.Барои муқоиса:маҷмӯи маҳсулоти дохилаи ин кишвар солона 800 миллиард франкро ташкил медиҳад.Барои роҳ надодан ба асари бозии домино,Берн бонки Credit Suisse-ро ба дасти бонки дигар - холдинги молиявии USB дод.
Он чиро,ки дар ҳашт соли охир ба муҳосиботи бонки Credit Suisse бовар кардан мумкин набуд, ҳама медонистанд.Мудири шӯъбаи сармоягузории ин бонк Патрис Лескодрон садҳо миллиони мизоҷонро(байни онҳо мизоҷони рус ҳам буданд)дуздид.Ҳисоботҳоро бо истифода аз баномаҳои таҳрири расми комппютер сохтакорӣ мекард,рақамҳоро дар ҳуҷҷатҳо барилова мекашид.Бонки Credit Suisse ба ин ҳама чашм мепӯшид.Лескодронро суд карданду(фақат дуздиашро исбот намуданд,роҳбарияти бонк бошад,беҷазо монд) равони маҳбас намуданд.
Вақте истеҳсолот мунтазам паст меравад,вақте пулҳо беқурб мешаванд,вақте ки бекорӣ бозорро пахш мекунад(нафақат коргарони бе ихтисос,балки мутахассисони соҳибмаълумоти маоши баланд мегирифта низ бекор мемонанд) ҳукуматҳо-ҳам миллӣ ва ҳам марказонидашуд-ба ин ҳодиса чун ба ғингоси пурҳасрати магас муносибат доранд. Онҳо дар бораи“даврагӣ будани рушди иқтисодиёт”ва ҳам дар бораи он,ки пас аз пастшавӣ”якбора рушд пеш меояд”, - ҳарф мезананд.
Аммо замоне, ки бонкҳо мекалаванду муфлис мешаванд,барои ҳукуматҳои марказонидашуда ҷарангоси занги огоҳикунандаи margin call бо талаби ворид намудани маблағи кафолатпулӣ садо медиҳад.Ин –огоҳӣ аз таҳдиди маҳз дар бораи он,ки дороиҳои “бо дарди миён ёфта”-ашон,агар амонатҳову суратҳособҳо пурра нагарданд,бухор мешаванд.Бо суръати фаромадани тарма.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Путин: Ғарб ҳатто барои шалғам ҳам ба Русия муроҷиат мекунад
Табобати рӯҳӣ,ки Шолтс бо Макрон дар Брюссел машғули он буданд,маҳз дар ин хусус. Барои ором намудани сармоягузорон.Барои он,кисармоягузорон боқимондаҳои бовариашонро нигоҳ доранду харидории вомбаргҳо ва саҳмияҳоро идома диҳанд ва кушодани китоби баромаду даромади муҳосиботро напурсанд ва, ҳамзамон,талаби тафтиши бетарафи молиявиро накунанд.
Лекин сармоягузорон ҳам беақл нестанд,мефаҳманд, ки агар бонкҳои воситаҳои асосии гардонашон дар захираҳои асъор буд мекалаванд, беҳтараш оҳиста, мунтазам ва ботартиб маблағҳои худро ҷое мегузаронанд,ки он ҷо ҳукуматҳояшон вазъияти молиявиро таҳти назорат доранд.
15 сол пеш муфлисшавии фақат як бонки Lehman Brothers ба бӯҳрои сайёравӣ оварда буд. Агар се,чаҳор,панҷ бонк муфлис шавад чӣ?Боз дар шароити мухолифатҳои ҳозираи ҷурғофию сиёсӣ?Он чиз аён аст-на фақат замони фаношавии дастгоҳи сиёсии Ғарб расидааст.Балки таҳкурсии молиявии Ғарб,ки дар он меистад,маҳкум ба фаношавист.Ва ин ҷонканӣ дуру дарозу пуразоб хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0