https://sputnik.tj/20230403/amaliyot-vizha-qala-bahmut-taslim-mahkumi-marg-1056134087.html
Амалиёти вижаи низомӣ:“Қалъали Баҳмут” ё таслим мешавад ё маҳкуми марг аст”
Амалиёти вижаи низомӣ:“Қалъали Баҳмут” ё таслим мешавад ё маҳкуми марг аст”
Sputnik Тоҷикистон
Дар Донбасс нобудсозии муназзами артиши Украина идома дорад. Воҳидҳои украинӣ Артемовскро тарк мекунанд - онҳо мемиранд, ақибнишинӣ мекунанд ё таслим мешаванд
2023-04-03T20:54+0500
2023-04-03T20:54+0500
2023-04-04T12:33+0500
русия
амалиёти вижа
таҳлил
дар ҷаҳон
сиёсат
украина
ҷмд
ҷмл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055274727_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c8444d00528de2b9c01cb1a8f17ce7f3.jpg
Дар баробари “Қалъаи Баҳмут” хоначаҳои картонии ғояҳои афсонавии фашистии режими киевӣ боди фано рафтан доранд. Кӯмаки низомии ИМА ва НАТО талафоти барқарорнашавандаи украиниро рӯ ба афзоиш додан дорад,аммо ба мақсаду ҷараёни амамлиёти вижаи низомӣ таъсир расонида наметавонад.Дар баробари омода намудани тӯпҳо гурӯҳҳои ҳуҷумкунандаи низомии Русия шаби 30 март ҳамлаҳоро ба Артёмовск аз се самт вусъат дода, якчанд маҳаллаҳо (кӯчаҳои Кузнечная, Независимост ва Свобода) ва ҳам қаламрави бозори шаҳриро зери назорат гирифтанд.Ҷангҳо барои гирифтани биноҳои маъмурӣ идома доранд. Артёмовск амалан ба пуррагӣ нобуд гардидаст бисёрошёнаҳои истиқоматӣ устухонҳоро ба хотир меоранд. Тӯпҳо ва ҳамлагарони ширкати хусусии низомии “Вагнер” ба зерсохторҳои ақибнишастаистодаи украинӣ имкони тарки шаҳрро намедиҳанд. Дар мавзее, ки барои ҳаркат маҳдуд аст, низомиёни украинӣ ё зери оташ ҳалок мегарданд ё таслим мешаванд - бо сабаби набудани дастгирӣ ва лавозимоти ҷангӣ. Низомиёни русиягӣ роҳҳои мумфарши ба шаҳр мебурдаро ё буридаанд ё зери оташ қарор додаанд,бероҳаву “чапроҳаҳои махфӣ” ҳам имкони ба фронт фиристодани қувваи ёрирасонро намедиҳанд. Тӯпҳои “Қалъаи Баҳмут” ё ҳама шикастанаанд ё ба самти Часов Яр танг карда шуданд ва қобилияти задани зарбаҳои ҷавобиро надоранд.Ситоди генералии қувваҳои низомии Украина маҷбур буд “муваффаккияти чузъӣ”-и Русия -ро дар Артёмовск эътироф намояд. Яке аз аскарони украинӣ дар мусоҳибааш ба Deutsche Welle* дар бораи ҳалок гардидани садҳо ҳазор ҳамхизматонаш гуфт ва ҳатто ашк ҳам рехт.Аммо ба ин иқроршавӣ муовини вазири мудофиаи Украина Анна Маляр ҷавоби сард дод: ”Талафот –паёмади ногузири ҷанг аст. Бе талафотнамешавад. Яке аз вазифаҳои асосии тарафи ҷангидаистода –нобудсозии қувваҳои ҷисмонии душман мебошад.”Аз рӯи баҳои аз ҳама хоксорона талафоти барнагардандаи қувваҳои низомии Украина дар мавзеи Артёмовск дар нимсолаи равон беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз рӯи маълумоти RT бошад - талафот дар ҳар моҳ 35 ҳазор нафарро ташкил дод.Режими киевӣ ба чунин талафоти бузург нафақат барои муҳим будани гиреҳи нақлиётии Баҳмут/Артёмовск ва ё худ барои“заиф намудани қуввахои афзалиятноки”Русия,балки аз тарси аз даст додани пуштибониву дастгирии Ғарб ва ҳам барои батамом гум накардани рӯҳияи ҷангии аскарон роҳ медиҳад.Он аскарони украниние, ки аз “гӯштқимакунаки баҳмутӣ" ҷон бар амон бурданд, ба табобати рӯҳӣ ниёз доранд ва Артёмовскро қабристони бародарона меноманд. Минбаъд чӣ мешавад? Барои президенти украинӣ Владимир Зеленский шикасти нави қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс баробар ба марги сиёсӣ аст, он тарафаш- то марги ҷисмонӣ дур нест.Бархе аз воситаҳои ахбори умуми Ғарб чунин меҳисобанд, ки набардҳо барои Артёмовск метавонад натиҷаи муноқишаи Украинаро муайян намояд ва дар ин ҷо ягон воҳимаи рамзӣ нест.Стратегияи РусияМуассиси ширкати хусусии низомии “Вагнер” Евгений Пригожин дирӯз тасдиқ намуд, ки “муҳорибаҳо барои Баҳмут амалан артиши украиниро торумор намуданд”, ва дар баробари ин зерсохторҳои хориҷии “насб кардашуда" низ нобуд карда шуданд.Ғайринизомисозии мураттаби Украина идома дорад. “Ҳайати тару тоза”-и аз захираҳои сафарбаркунӣ барои “задани зарбаи ҷавобӣ” даъватшуда аз рӯи ҳавасмандӣ ва дараҷаи омодагиашон фарқ мекунад ва на ба тарафи беҳтарини аскарони украинӣ, ки дар 400 рӯзи аввали амалиёти вижаи низомӣ нобудшудагон доштанд.Талафоти барқарорнашавандаи қувваҳои мусаллаҳи Украина (садҳо ҳазор нафар нафар аскарони машқдида кушта шуданд), пастшавии имкониятҳои кӯмаки кишварҳои НАТО ба Киев (анборҳои аслиҳа холӣ шуданд) амалан муҳимтар аз озодкунии шаҳри Артёмовск (дар моҳи апрел ё май) мебошад.”Фаношавии “Қалъаи Баҳмут” - шарти заруриву мутақаддимавӣ барои озод намудани Часов Яр ва торумори қувваҳои низомии укринӣ дар мавзеи Славянско-Краматорск мебошад. Ин ҷо аллакай ба хаёлпарастиву орзупарварӣ ҷой намемонад.Ва тасодуф нест, ки котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков дирӯз изҳор дошт, ки расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бо роҳи сиёсиву дипломатӣ номумкин аст.Амалиёти вижаи низомӣ аз рӯи нақша идома хоҳад ёфт (ғайринизомисозӣ) ва ба анҷом хоҳад расид (решакан кардани фашизм) ва ин ҳама бо усули ҷангӣ сурат хоҳад гирифт. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ нобуд кардани ҳамаи захираҳои сафарбармешудаи қувваҳои низомии Украина шарт нест. Стратегияи қувваҳои мусаллаҳи Русия – ин пурра заиф сохтари артиши украинӣ ва расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ мебошад.Ҷонишини вазири корҳои хориҷаи ФР Михаил Галузин 29 март зикр намуд: ”Мо дар сарҳадҳои қаламрави худ мавҷудияти давлатҳои зиддирусиягиро таҳаммул намекунем". Ва “нишондиҳандаҳои сулҳи сартосарӣ, боадолат ва пойдор”-ро дар Украина ва Аврупо муайян намуд. Шартҳои асосӣ:-хотима бахшидан ба амалиётҳои ҷангӣ аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҳам хотима додан ба интиқоли яроқу аслиҳа аз ҷониби кишварҳои Ғарб;-баровардани зархаридони хориҷа аз қаламрави Украина;-таъмини мақоми бетараф ва бидуни аъзогӣ ба иттифоқҳои ҳарбии Украина;- даст кашидани Украина аз аъзогӣ ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо;-тасдиқи мақоми алайҳи ядроӣ будани Украина;-аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Киев эътироф намудани қаламравҳои воқеӣ.Шояд, шартҳои русиягии ғайринизомикунонӣ ва решакан кардани фашизм дар Украина ба баъзеҳо аз ҳад зиёд сахт намоянд.Дер ё зуд онҳо иҷро мешаванд. Дар фарқ аз ИМА Русия барои ғорати захираҳои табиии кишварҳои ҷаҳони сеюм ва барои худсобиткунӣ “тӯфон дар биёбон” ташкил намекунад, сулҳи бисёрқутбаро мустаҳкам менамояд, маҷмааи тарҳи баробар ва ягонаи амниятиро мекашад.Пайдост, ки ба Вашингтону думравнонаш ин маъқул нест. Ҳатто ба худбинони бритониёгӣ ҳам равшан, ки барои чӣ ИМА ба лӯхтакҳои украинияш имкон намедиҳад тарки ҷанг намоянд.“Агар “Қалъаи Баҳмут –ин як манораи ғояи “хоначаҳои картонӣ”-и режими Киев бошад, пас тамоми Украина барои Пентагон як “ташхисгоҳ” аст, ки дар он роҳу усулҳои нави ҷанг таҳияву санҷида мешаванд.Алоқаи кайҳонӣ ва интиқоли маълумот, зеҳни сунъӣ, системаҳои дурпавози мудофиаи зиддиҳавоӣ ва мушакҳои “ҳаво ба ҳаво”, қиркунандаҳои насли панҷум, ҳамчунин- истифодаи силсилавори мушакхои нишонрасиашон дақиқ ва фароовозӣ, бесарнишинҳо ва паҳбодҳои баҳрӣ. Ин ҷо барои комплекси саноати ҳарбии ИМА имкониятҳо зиёданд, дар баробари ин хатари калон ба худи мавҷудияти ИМА ба миён меояд.Ба авҷгирии низоъ, ба харидории теъдоди ҳар чӣ бештари танку тайёраҳо, ба зиёд намуданистеҳсоли тири тӯпҳо Украина ва Аврупоро на Русия маҷбур кардааст.Аммо Маскав далелҳои вазндору дорои технологияҳои баланд –ҳазорҳо танкҳову тайёраҳои замонавӣ, мушакҳои фароовозӣ, кулоҳҳои ҷангии ядроӣ - дорад, то ИМА ва НАТО-ро ба сулҳ маҷбур созад.Тазод дар он аст, ки артиши дирӯз аз ҷониби толибон дар Афғонстон таҳқиршудаи Ғарби дастҷамъона имрӯз ба Русия бо “шикасти стратегӣ” таҳдид доранд, ва ба интиқоми тактикиву стратегии ядроӣ - ба воқеият доштани огоҳкуниҳои Маскав бовар надорад.Шояд дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ дар Вашингтон “занги сеюм”- ро шунаванд - 29 март дар Новосибирск машқҳои доманадори дивизияи мушакии РВСН бо истифода аз маҷмааҳои мобилии "Ярс" дар якчанд минтақаи Русия оғоз гардиданд.Дар халқ мегӯянд: ”То"Ярс" гулдуррос назанад, Байден саҷда намекунад”.*Воситаи ахбори оммае, ки вазифаи ҷосуси хориҷаро иҷро менамояд
https://sputnik.tj/20230330/makhsusiyat-joygir-yarok-hastai-rusiya-belorus-1055864982.html
https://sputnik.tj/20230329/amaliyot-vizha-artemovsk-avdeevka-ghayrinizomisozi-ukraina-1055834419.html
https://sputnik.tj/20230327/javob-rusiya-gululaho-urandor-britaniyo-amaliyot-1055795293.html
https://sputnik.tj/20230323/mig-29-lahistoni-maqduni-kumak-ukraina-1055714715.html
https://sputnik.tj/20230322/amaliyot-nizomii-imkoniyat-zarbaho-ukraina-1055698118.html
https://sputnik.tj/20230331/nato-ukraina-mirazh-umed-mebandad-1055895466.html
русия
украина
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055274727_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_fa6d4dda1596ac43195149700fc04e6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
амалиёт вижа “қалъали баҳмут” таслим маҳкум марг
амалиёт вижа “қалъали баҳмут” таслим маҳкум марг
Амалиёти вижаи низомӣ:“Қалъали Баҳмут” ё таслим мешавад ё маҳкуми марг аст”
20:54 03.04.2023 (Навсозишуда: 12:33 04.04.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Дар Донбасс нобудсозии мунтазами артиши Украина идома дорад. Воҳидҳои украинӣ Артемовскро тарк мекунанд - онҳо мемиранд, ақибнишинӣ мекунанд ё таслим мешаванд
Дар баробари “Қалъаи Баҳмут” хоначаҳои картонии ғояҳои афсонавии фашистии режими киевӣ боди фано рафтан доранд. Кӯмаки низомии ИМА ва НАТО талафоти барқарорнашавандаи украиниро рӯ ба афзоиш додан дорад,аммо ба мақсаду ҷараёни амамлиёти вижаи низомӣ таъсир расонида наметавонад.
Дар баробари омода намудани тӯпҳо гурӯҳҳои ҳуҷумкунандаи низомии Русия шаби 30 март ҳамлаҳоро ба Артёмовск аз се самт вусъат дода, якчанд маҳаллаҳо (кӯчаҳои Кузнечная, Независимост ва Свобода) ва ҳам қаламрави бозори шаҳриро зери назорат гирифтанд.
Ҷангҳо барои гирифтани биноҳои маъмурӣ идома доранд. Артёмовск амалан ба пуррагӣ нобуд гардидаст бисёрошёнаҳои истиқоматӣ устухонҳоро ба хотир меоранд. Тӯпҳо ва ҳамлагарони ширкати хусусии низомии “Вагнер” ба зерсохторҳои ақибнишастаистодаи украинӣ имкони тарки шаҳрро намедиҳанд.
Дар мавзее, ки барои ҳаркат маҳдуд аст, низомиёни украинӣ ё зери оташ ҳалок мегарданд ё таслим мешаванд - бо сабаби набудани дастгирӣ ва лавозимоти ҷангӣ.
Низомиёни русиягӣ роҳҳои мумфарши ба шаҳр мебурдаро ё буридаанд ё зери оташ қарор додаанд,бероҳаву “чапроҳаҳои махфӣ” ҳам имкони ба фронт фиристодани қувваи ёрирасонро намедиҳанд. Тӯпҳои “Қалъаи Баҳмут” ё ҳама шикастанаанд ё ба самти Часов Яр танг карда шуданд ва қобилияти задани зарбаҳои ҷавобиро надоранд.
Ситоди генералии қувваҳои низомии Украина маҷбур буд “муваффаккияти чузъӣ”-и Русия -ро дар Артёмовск эътироф намояд. Яке аз аскарони украинӣ дар мусоҳибааш ба Deutsche Welle* дар бораи ҳалок гардидани садҳо ҳазор ҳамхизматонаш гуфт ва ҳатто ашк ҳам рехт.
Аммо ба ин иқроршавӣ муовини вазири мудофиаи Украина Анна Маляр ҷавоби сард дод: ”Талафот –паёмади ногузири ҷанг аст. Бе талафотнамешавад. Яке аз вазифаҳои асосии тарафи ҷангидаистода –нобудсозии қувваҳои ҷисмонии душман мебошад.”
Аз рӯи баҳои аз ҳама хоксорона талафоти барнагардандаи қувваҳои низомии Украина дар мавзеи Артёмовск дар нимсолаи равон беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз рӯи маълумоти RT бошад - талафот дар ҳар моҳ 35 ҳазор нафарро ташкил дод.
Режими киевӣ ба чунин талафоти бузург нафақат барои муҳим будани гиреҳи нақлиётии Баҳмут/Артёмовск ва ё худ барои“заиф намудани қуввахои афзалиятноки”Русия,балки аз тарси аз даст додани пуштибониву дастгирии Ғарб ва ҳам барои батамом гум накардани рӯҳияи ҷангии аскарон роҳ медиҳад.
Он аскарони украниние, ки аз “гӯштқимакунаки баҳмутӣ" ҷон бар амон бурданд, ба табобати рӯҳӣ ниёз доранд ва Артёмовскро қабристони бародарона меноманд. Минбаъд чӣ мешавад? Барои президенти украинӣ Владимир Зеленский шикасти нави қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс баробар ба марги сиёсӣ аст, он тарафаш- то марги ҷисмонӣ дур нест.
Бархе аз воситаҳои ахбори умуми Ғарб чунин меҳисобанд, ки набардҳо барои Артёмовск метавонад натиҷаи муноқишаи Украинаро муайян намояд ва дар ин ҷо ягон воҳимаи рамзӣ нест.
Муассиси ширкати хусусии низомии “Вагнер” Евгений Пригожин дирӯз тасдиқ намуд, ки “муҳорибаҳо барои Баҳмут амалан артиши украиниро торумор намуданд”, ва дар баробари ин зерсохторҳои хориҷии “насб кардашуда" низ нобуд карда шуданд.
Ғайринизомисозии мураттаби Украина идома дорад. “Ҳайати тару тоза”-и аз захираҳои сафарбаркунӣ барои “задани зарбаи ҷавобӣ” даъватшуда аз рӯи ҳавасмандӣ ва дараҷаи омодагиашон фарқ мекунад ва на ба тарафи беҳтарини аскарони украинӣ, ки дар 400 рӯзи аввали амалиёти вижаи низомӣ нобудшудагон доштанд.
Талафоти барқарорнашавандаи қувваҳои мусаллаҳи Украина (садҳо ҳазор нафар нафар аскарони машқдида кушта шуданд), пастшавии имкониятҳои кӯмаки кишварҳои НАТО ба Киев (анборҳои аслиҳа холӣ шуданд) амалан муҳимтар аз озодкунии шаҳри Артёмовск (дар моҳи апрел ё май) мебошад.
”Фаношавии “Қалъаи Баҳмут” - шарти заруриву мутақаддимавӣ барои озод намудани Часов Яр ва торумори қувваҳои низомии укринӣ дар мавзеи Славянско-Краматорск мебошад. Ин ҷо аллакай ба хаёлпарастиву орзупарварӣ ҷой намемонад.
Ва тасодуф нест, ки котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков дирӯз изҳор дошт, ки расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бо роҳи сиёсиву дипломатӣ номумкин аст.
Амалиёти вижаи низомӣ аз рӯи нақша идома хоҳад ёфт (ғайринизомисозӣ) ва ба анҷом хоҳад расид (решакан кардани фашизм) ва ин ҳама бо усули ҷангӣ сурат хоҳад гирифт. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ нобуд кардани ҳамаи захираҳои сафарбармешудаи қувваҳои низомии Украина шарт нест. Стратегияи қувваҳои мусаллаҳи Русия – ин пурра заиф сохтари артиши украинӣ ва расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ мебошад.
Ҷонишини вазири корҳои хориҷаи ФР Михаил Галузин 29 март зикр намуд: ”Мо дар сарҳадҳои қаламрави худ мавҷудияти давлатҳои зиддирусиягиро таҳаммул намекунем". Ва “нишондиҳандаҳои сулҳи сартосарӣ, боадолат ва пойдор”-ро дар Украина ва Аврупо муайян намуд. Шартҳои асосӣ:
-хотима бахшидан ба амалиётҳои ҷангӣ аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҳам хотима додан ба интиқоли яроқу аслиҳа аз ҷониби кишварҳои Ғарб;
-баровардани зархаридони хориҷа аз қаламрави Украина;
-таъмини мақоми бетараф ва бидуни аъзогӣ ба иттифоқҳои ҳарбии Украина;
- даст кашидани Украина аз аъзогӣ ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо;
-тасдиқи мақоми алайҳи ядроӣ будани Украина;
-аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Киев эътироф намудани қаламравҳои воқеӣ.
Шояд, шартҳои русиягии ғайринизомикунонӣ ва решакан кардани фашизм дар Украина ба баъзеҳо аз ҳад зиёд сахт намоянд.
Дер ё зуд онҳо иҷро мешаванд. Дар фарқ аз ИМА Русия барои ғорати захираҳои табиии кишварҳои ҷаҳони сеюм ва барои худсобиткунӣ “тӯфон дар биёбон” ташкил намекунад, сулҳи бисёрқутбаро мустаҳкам менамояд, маҷмааи тарҳи баробар ва ягонаи амниятиро мекашад.
Пайдост, ки ба Вашингтону думравнонаш ин маъқул нест. Ҳатто ба худбинони бритониёгӣ ҳам равшан, ки барои чӣ ИМА ба лӯхтакҳои украинияш имкон намедиҳад тарки ҷанг намоянд.
“Агар “Қалъаи Баҳмут –ин як манораи ғояи “хоначаҳои картонӣ”-и режими Киев бошад, пас тамоми Украина барои Пентагон як “ташхисгоҳ” аст, ки дар он роҳу усулҳои нави ҷанг таҳияву санҷида мешаванд.
Алоқаи кайҳонӣ ва интиқоли маълумот, зеҳни сунъӣ, системаҳои дурпавози мудофиаи зиддиҳавоӣ ва мушакҳои “ҳаво ба ҳаво”, қиркунандаҳои насли панҷум, ҳамчунин- истифодаи силсилавори мушакхои нишонрасиашон дақиқ ва фароовозӣ, бесарнишинҳо ва паҳбодҳои баҳрӣ. Ин ҷо барои комплекси саноати ҳарбии ИМА имкониятҳо зиёданд, дар баробари ин хатари калон ба худи мавҷудияти ИМА ба миён меояд.
Ба авҷгирии низоъ, ба харидории теъдоди ҳар чӣ бештари танку тайёраҳо, ба зиёд намуданистеҳсоли тири тӯпҳо Украина ва Аврупоро на Русия маҷбур кардааст.
Аммо Маскав далелҳои вазндору дорои технологияҳои баланд –ҳазорҳо танкҳову тайёраҳои замонавӣ, мушакҳои фароовозӣ, кулоҳҳои ҷангии ядроӣ - дорад, то ИМА ва НАТО-ро ба сулҳ маҷбур созад.
Тазод дар он аст, ки артиши дирӯз аз ҷониби толибон дар Афғонстон таҳқиршудаи Ғарби дастҷамъона имрӯз ба Русия бо “шикасти стратегӣ” таҳдид доранд, ва ба интиқоми тактикиву стратегии ядроӣ - ба воқеият доштани огоҳкуниҳои Маскав бовар надорад.
Шояд дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ дар Вашингтон “занги сеюм”- ро шунаванд - 29 март дар Новосибирск машқҳои доманадори дивизияи мушакии РВСН бо истифода аз маҷмааҳои мобилии "Ярс" дар якчанд минтақаи Русия оғоз гардиданд.
Дар халқ мегӯянд: ”То"Ярс" гулдуррос назанад, Байден саҷда намекунад”.
*Воситаи ахбори оммае, ки вазифаи ҷосуси хориҷаро иҷро менамояд